Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

М. Ҳайдаршо


Ба шеъру шоирӣ ва шахсияти шоир ҳанӯз аз овони наврасӣ (дар синфҳои поёни мехондам) таваҷҷӯҳ доштам. Дар тасаввури кӯдаконаи ман шоир гӯё аз одамони оддӣ фарҚ мекард, ба ибораи дигар, ман шоирро шахси фавҚуттабиа, яъне берун аз табиат тасаввур мекардам. Дар муҳити оилавии мо он ваҚтҳо (солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ) Қироати ашъори ҳофиз, Шамси Табрезӣ ва аз муоисирон устод Лоҳутӣ ва аз китобҳои дарсӣ шеърҳои Мирзо Турсунзода хеле маъмул буд. Ва ман шеърҳои ин шоиронро Қироат карда фикр мекардам, ки шоир чӣ хел одам бошад, чӣ хел метавонад шеър нависад. Ин саволҳо маро водор мекарданд, ки ба калонсолони хонавода муроҷиат кунам. Писари тағоиям, ки омӯзгор буд, аз забон ва адабиёт дарс мегуфт ва аз баски алифбои арабиасоси тоҷикиро медонист, ба ман мефаҳмонд, ки шоир касби худододист, на ҳар кас шоир мешавад. Агар ту ҳам дар ниҳодат ҷавҳари истеъдод дошта бошӣ, шеър навишта метавонӣ . Барои ин бояд нағз хонӣ, адабиётро чуҚур омӯзӣ.
Ман аз ҷавоби писари тағоиям пурра Қаноатманд нашуда, дар орзӯи дидани шоири зинда будам. Ва ин ба ман танҳо ҳангоми дар синфи V хонданам муяссар шуда буд, ки ман шоирро дар рӯ ба рӯям бинам. Ин кас шоир Тилло Пӯлодӣ буданд, ки хушбахтона дар синфи V ба мо аз фанни забон ва адабиёт дарс мегуфтанд. Як соли зери дасти муаллим Тилло Пӯлодӣ хонданам ба ман гӯё дари шеъру шоирӣ кушода шуд, ман бисёр чизҳоро аз муаллим фаҳмидам. Ва маҳз аз шарофати муаллим Тилло Пӯлодӣ ман ғойибона бо шоирони муосири тоҷик шинос шудам, ки устод Мирзо Турсунзода дар ин рӯйхат дар сафи Садриддин Айнӣ ва АбулҚосим Лоҳутӣ меистод. Аммо бо ин шиносии ғойибона кунҷикобии ман нисбати шахситяи шоир Қатъ намешуд. Синфи VII-умро хатм карда ба омӯзишгоҳи педагогии Хоруғ гузаштам, ба таърихи адабиёти классикӣ бештар сарфаҳм мерафтагӣ шудам, ҳатто аз алифбои арабиасос ҳам саводи хонагӣ баровардам, (гарчанд ин кор дар он солҳо мамнуъ буд), аммо ба дидани шоирони зинда ҳамоно хуморӣ будам.
Боз толеъ мадад кард. Баъди хатми омӯзишгоҳи номбурда, соли 1948 ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Сталинобод (Душанбе он солҳо ҳамин тавр номида мешуд) омадам ва ба Университети давлатии навташкил дохил шудам, (он ваҚтҳо донишгоҳро Дорулфунун ё ба асли байналхалҚиаш «Университет» мегуфтанд ва чун Қиссаи ман аз он солҳост, дар ин маҚола истифода бурдани истилоҳи «Университетро»-ро салоҳ донистам). Ногуфта намонад, ки дар рӯзи кушода шудани Университет роҳбари республика, Котиби аввали КМ ҳК Тоҷикистон Б. ғафуров иштирок кард. Дар яке аз рӯзҳои нимсолаи аввали таҳсил (аниҚ дар ёдам намондааст) дар Университети навташкил аввалин шаби назм ороста шуд.
Шодиву хурсандии ман ҳадду канор надошт. Он орзуҳое, ки солҳо дар дил мепарваридам, ҷомаи амал пӯшид. Дар толори серодам устод Мирзо Турсунзода, тарҷумони ашъори ӯ Семён Липкин ва ҳамроҳонаш (номашон дар ёдам нест) пайдо шуданд. Ана, гуфтам ба худ, шоирони зинда дар рӯ ба рӯят!
Устод дар ин маҳфили мо Қисми дуввуми силсилаи машҳури «Қиссаи ҳиндустон» - «Сайёҳи ҳинд»-ро бо лаҳни шоиронаи ба худ хос бадеъатан Қироат карданд. Мо, донишҷӯён аз нахустин шунавандагони устод будем. Аз он ваҚт беш аз ним аср сипарӣ шуда бошад ҳам, сатрҳои нотакрори шоир гӯё ҳозир баланд садо медиҳанд:

Ба ту, хонандаи азиз, аз нав
Менамоям муроҷиат, бишнав.
Бо хаёли диёри ҳиндустон,
ҳиндуи номуроди рӯи ҷаҳон,

Кишвари мардуми ҷигарпора,
ХалҚи бехонумони бечора.
Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам,
Қиссаи хешро давом кунам.

ва устод бахши нави ин силсила, ки «Сайёҳи ҳинд» ном гирифтааст, Қироат карданд:

Кӯдаке мегашт бо Қуттии худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.

Аз ҳаҚ нагузарем ва як нуҚтаро таъкид кардан мехоҳам, ки он солҳо эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ дар Қалбу ҷони мо, ҷавонон, рости гап, баланд садо медод. Хуллас, насли ҷавон бо ҳамон рӯҳия тарбия меёфт.
Мо, мамлакати Советҳоро макони бахту саодат медонистем ва худро хушбахттарин инсонҳо. Ва барои ҳамин ҳам пораҳои пуризтиробу ҳароратбахши устод нозуктарин торҳои эҳсоси моро ба ларзиш ва ҷумбиш меоварданд. Ва чун шоири бузург баъди наҚли таъсирбахши Қиссаи диёри талхи афғонбачча ин сатрҳоро:

Дар диёри аъзами пуршони ман
Эҳ чи хушбахтанд фарзандони ман,
Мешавад ояндаи онҳо аён,
Пеши чашми ман ду дунёи калон.

– ро бо ҳаяҷон ба забон оварданд, ҳисси ифтихорам баланд шуду ашки шодӣ мерехтам. Баъди чопи ин силсила дар Қатори шеърҳои дигари «Қиссаи ҳиндустон» ман ҳамон солҳо «Сайёҳи ҳинд»-ро аз бар кардам.
Устод дар он маҳфил бо ҳамаи мо, донишҷӯён самимона вохӯрӣ карданд, насиҳат карданд, ки бояд нағз хонем ва кадрҳои сазовори оянда ба камол расем. Ин вохӯрии аввалини банда (ба Қавли худам) бо шоири зинда буд.
Аммо сипас, бо устод аз наздик шиносоӣ пайдо кардам ва дигар аз мадди назари эшон берун намондам. Ин ҳам Қиссае дорад.
Соли охири таҳсил бо кори дипломиам машғул будам. Мавзӯи кори дипломӣ «ҳаҷв дар «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ» буд. Роҳбари корам яке аз муаллимони шинохтаи университет устод Воҳид Асрорӣ (рӯҳашон шод бод) буданд. Таҳти роҳбарии он кас кори дипломиамро таҳия намуда, ба дифоъ омода мекардам. Устод аз тадҚиҚи банда хеле Қаноатманд шуда, баҳои аъло гузоштанд. Зеҳни давраи ҷавонӣ корашро кард. Ман ин китоби «Гулистон»-ро гаштаву баргашта мутолиа мекардам, ҳусни забон ва сабки баёни Саъдии бузургвор дар лавҳи хотирам наҚш баст ва боре илҳомам омаду дар пайравии он ман ҳам бо номи «Гулистон»-и Хорпуштак» чанд лавҳаи ҳикоятмонандро рӯи коғаз овардам ва ба идораи «Хорпуштак» бурдам. Баъди ду-се рӯз корманде аз идораи маҷалла маро дар Университет пурсон шуд. Хуллас, бо ҳам рӯ ба рӯ шудем ва он кас гуфт, ки ман бояд ба назди Абдусалом Деҳотӣ равам. Ман ҳамин тавр ҳам кардам. Устод Деҳотӣ ин навиштаҳои маро хеле писандиданд ва ба он бо сабки Хорпуштак дар ду-се сатр дебоча навишта, номашро дигар карданд (албатта розигии маро гирифта): «Хористон»-и Хорпуштак. Ва ҳамин тавр, дар яке аз шумораҳои навбатӣ он чиз баромад. Ба бахти ман, ин шумораи «Хорпуштак»-ро устод Мирзо Турсунзода мутолиа карда будааст ва хушаш омадааст, ки «Хористон»-и Хорпуштакро бо сабки классикӣ навиштаам. Ва боре, дар назди бинои ИттифоҚи нависандагон маро диданд. Ман салом дода гузаштанӣ шудам, ки он кас ҳамроҳи устод БоҚӣ Раҳимзода аз роҳам доштанд ва устод БоҚӣ маро муаррифӣ карданд:
- Мана ин кас мулло ҳайдаршо. Устод Мирзо Турсунзода дар ҳол.
- Он касе, ки дар пайравии Саъдӣ «Хористон»-и Хорпуштак» навиштаанд?! – Офарин, гӯён дастамро фушурданд. – Нағз, нағз, ин корро давом диҳед, писарам.
Ногуфта намонад, ки устод минбаъд, ҳар бор, ки маро медиданд, албатта аз ин корам ёдрас мешуданд ва ба такрор таъкид мекарданд, ки навиштани «Хористон»-и Хорпуштак»-ро Қатъ накунам, балки бо мавзӯъҳои нав ба нав такмилу давом диҳад.
Ин фотиҳаи устод бароям як илҳомнома (агар чунин гуфтан ҷоиз бошад) гардид ва банда, минбаъд ҳам «Хористон»-и Хорпуштакро идома медодам, ва соли 1996 он ба шакли як китоб чоп шуда буд.
Баъдтар, аниҚаш пас аз хатми Университет соли 1955 ба Бадахшон рафтам. Ду-се сол аз паи кори матбуот шудам, дар идораи рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» кор кардам. Соли 1958 анҷумани навбатии нависандагони Тоҷикистон баргузор шуда буд. Ман, ки худро дар Қатори шоирони навҚаламу навмашҚ ҳисоб мекардам, дар съезд иштирок кардани ман (ба хусус аз Боми ҷаҳон) танҳо орзӯе буду бас. Аммо чӣ мегӯед, ки дар арафаи саршавии ин форуми баландмартабаи адибон, бо имзои устод Мирзо Турсунзода барҚия гирифтам, ки аз он хурсандию ифтихори банда бепоён шуд. Роҳбарони вилояти Кӯҳистони Бадахшон ҳам нею нестон нагуфта, баръакс хурсанд шуданд ва имкониятам доданд, ки ба Душанбе парвоз кунам. Ва хушбахтона, худро дар толори съезд (анҷуманҳои нависандагони Тоҷикистон ҳамеша дар бинои Шӯрои Олӣ – ҳозира Маҷлиси Олӣ мегузаштанд) медидам. Ин шаҳодати ғамхории падаронаи устод нисбати адибони ҷавон буд.
Устод Мирзо Турсунзода аз нигоҳи оламиён ва бахусус ҳамдиёронаш шахсияти наҷиб, инсони инсонпарвар ва ватанпараст ва дар доираи адибони тоҷик роҳбари ғамхор буданд. ғамхории охирини устод ин шуда монд, ки дар ҷои хушманзараи пойтахт бинои ҳозираи ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон Қомат афрохт. Оре, он кас, ки дар сатҳи давлатию ҳукуматӣ шахсияти шинохта ва соҳиби обрӯи баланд буданд, маҳз бо таҚвияти эшон ҳукумати Тоҷикистон ин биноро созонд. Аммо, сад дареғ, умри устод бевафоӣ кард; он кас дар дафтари кории худ дар бинои нави ИттифоҚи нависандагон роҳбарӣ ва фаъолияти пурсамарашро давом дода натавонистанд. Чанд рӯз пеш аз анҷом ёфтани сохтмони ин бино Қалби аз муҳаббати халҚу миллат саршори устод аз тапиш бозмонд. Аммо рӯҳи ӯ зинда мондааст. Роҳбарияти баъдинаи раёсати ИттифоҚ кори басо одилона ва инсонпарварона карданд, ки дафтари кории устодро дар бинои нав ҷиҳозонида ба шакли осорхонаи ӯ ба ёдгор мондаанд.
Миёнаи солҳои 60-ум (агар аз ёд нарафта бошад) дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (бо статуси нав: Донишгоҳи давлатии миллӣ) базми шеър шуд, ки мо, собиҚ дастпарварони ин даргоҳи илмомӯзиро ҳам ба он лутфан даъват карда буданд. Ба ин маҳфил устод Мирзо Турсунзода, устод БоҚӣ Раҳимзода ҳамроҳи чанд тан аз адибони шинохта даъват шуда буданд. Ташаббускори ин базми шеър аз афташ Гулрухсори донишҷӯ (ҳоло Шоираи ХалҚии Тоҷикистон) буд. Устод ва ҳамроҳонаш пеш аз оғози базм газетаҳои девориро аз назар гузарониданд. Дар яке аз газетаҳо пораи шеъре эҷоди кадоме аз шоирони навҚаламро ёфтанд. Ин Қитъа ба устод хеле хуш омад ва муаллифашро хушбошӣ ва дилбардорӣ карданд. Сонӣ базми шеър оғоз ёфт. Устод фармуданд, ки ҷавонон шеърҳояшонро Қироат кунанд. Устод бо диҚҚати том гӯш ба шеърхонии мо доданд. Банда ҳам ду шеърамро, то тавонистам, бо эҳсос хондам, вале дар назди ҳайкалҳои зиндаи назми тоҷик изтиробу ҳаяҷонам кам набуд. Устод дар ин базм ба касе эрод нагирифтанд, балки изҳори Қаноатмандӣ мекарданд, дилпурӣ медоданд ва ба устод БоҚӣ Раҳимзода, ки пири ҷавонон буд, ишоракунон таъкид намуданд, ки сменаи ояндаи моро дар рӯҳи анъанаҳои пешин ва албатта, дар рӯҳи замони мо тарбия кардан лозим. Ин базми шеър хотирнишин буд ва аз он гарчи беш аз сӣ сол гузашта бошад ҳам, дар ёдҳо монда.
Хоксории устоди бузург беандоза буд. Баъзан чунин мешуд, ки дар салом пешдастӣ мекарданд. Аз кӯча мегузаштам ва агар бо устод дучор шавам, чеҳраи он кас ҳамеша ба табассум мойил буд. Бо андак дермонӣ он кас Қариб, ки аввал салом медоданд, сарфи назар аз он ки шахси дучор шуда аз ӯ хурд аст ё калон. Банда чанд бор ба ин ҳолати ногувор дучор шудаам.
«Хонаи мо он Қадар ҳам дур нест». Ин суруд дар солҳои ҷавонии мо пайдо шуда буд ва бандҳои он ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд.

Гуфта будӣ ин ки меҳмон мешавӣ,
Дар тани ҷонпарварон ҷон мешавӣ.
Рӯзу шабҳо интизорам ман ҳанӯз,
Бо дили умедворам ман ҳанӯз.
Канда шуд дар роҳи ту чашмони ман,
Кай ту меоӣ? Биё, ҷонои ман.
Хонаи мо он Қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест…

Муаллифи суруд, оҳангсози барҷастаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ бар матни устод Мирзо Турсунзода оҳанги басо шевову дилрабо ва замонавӣ офарид.
Ин шеър ва шеърҳои дигари устодро мутолиа карда, бар вазну сабки онҳо чизе офариданӣ мешудам. Аммо куҷо! Шеъри устод саҳли мумтанеъ аст ва дасти на ҳар кас ба пояи он мерасад.

САРВОДАИ МИЛЛАТ
Мувашшаҳ барои устод Мирзо Турсунзода

Устод сухан гуфтӣ бо шеъри равон имрӯз,
Сарводаи миллатро бар гӯши ҷаҳон имрӯз.


Тобанда бувад акнун гулахтари назми ту,
Осори гаронҚадрат чун тоҷи шаҳон имрӯз.

Дарёфтӣ бо шеърат маҳбубияти мардум,
Машҳури ҷаҳон гардид тоҷики замон имрӯз.

Инъоми накӯ дорӣ аз давлату аз миллат,
Раҳ ёфтӣ бар дилҳо бо ҳарфи калон имрӯз.

Занро ту баровардӣ бар арши баланди меҳр,
Оташкадаи шеърат шуд Қалби занон имрӯз.

Тоҷики сухандонӣ, маҳбуби дилу ҷонӣ,
Улфатшудаи дилҳо бар пиру ҷавон имрӯз.

Рабти суханат шево аз минбари маҷлисҳо,
Суфтӣ дури маъниҳо дар васфи ҷаҳон имрӯз.

Умре будаӣ содиҚ бар кори накӯи халҚ,
НаҚше ба дили мардум аз туст нишон имрӯз.

Зомин будӣ бар халҚат дар сулҳу салоҳи даҳр.
Осудагию ваҳдат, ҳам амну амон имрӯз.

Дарси адабу ҳикмат омӯхтаем аз ту,
Ашъори туро орад мардум ба зобони имрӯз.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза
Шумо баҳо додед!!!


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess