Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Мирзо Файзалӣ


Соли 1971 дар тамоми ҷумҳурии Тоҷикистон 60-солагии шоири маҳбуб Мирзо Турсунзодаро ҷашн мегирифтанд. Муҳаррири ҳамонваҚтаи рӯзномаи «Коммуна» ( ҳозира «Шаҳриёр» устод Нӯъмон РозиҚ кормандонро ҷамъ карда, хабар дод, ки зодрӯзи шоири номдори тоҷик Мирзо Турсунзода дар шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) низ ботантана Қайд карда мешавад. Ба ин ҷашн бояд ҳама тайёрӣ бинад, аз ҷумла мо ҳам.
Он ваҚтҳо тамоми масъалаҳои ҳаёти фарҳангию иҷтимоии мардумро партия (ҳизби коммунист) ҳал мекард. ҷашнгирии зодрӯзи устоди арҷманд ҳам дар ихтиёри партия буд.
Агар ҳамон давраро пеши рӯ биёрем, мебинем, ки дар Орҷоникидзеободи ҳамонваҚта шоири намоёне набуд. Устодон Бозор Собир ва Нӯъмон РозиҚ ҳанӯз узви ИттифоҚи нависандагон ҳам набуданд. Нӯъмон РозиҚ шеърҳои бачагона менавишту Бозор Собир дар шаҳри Душанбе истиҚомат дошт. БоҚимонда ҳама навҚаламон будем. Мавзӯи ашъорамон васфи Ленин, партия, пахта ва зиндабодҳои дигар. Тири ҳаҷв ба фермаю чорвоҳои лоғар, мудирони фермаҳо, хаткашонҳо, ошпазҳо ва ҳамин гуна ҳадафҳо равона мегардид.
ҳамон шабу рӯз устод Нӯъмон РозиҚ аз ман хоҳиш кард, ки бахшида ба 60 – солагии устод Турсунзода ягон шеър нависам. Рости гап, аз ин супориш ҳам хурсанд шудаму ҳам ба изтироб афтодам. Охир, он ваҚт як навҚалам будаму ба эҷоди шеъре, ки арзандаи устод бошад, Қудрат надоштам. Дудилагии маро ҳис карда гуфт:
- Як санҷида бин, шояд, чизе ҳосил шавад. Ту истеъдод дорӣ. Шеърҳои ҳаҷвиат хубанд. Ашъори дар васфи кишвару диёрамон навиштаат ҳам бад нестанд.
Чанд шабу рӯз аз паси ҳамин супориш шуда, баъди сиёҳу сафед кардани даҳҳо вараҚ ба шеъри «Бахти ҷовидон» - и устод як мусаддаси (шеъри шашмисраӣ) навшогирдона навиштам. Онро дукаса боз таҳрир кардем. Шеър, ба фаҳмиши ҳамонваҚтаи шеършиносамон, бад набаромада буд. Онро устод ба кумитаи ҳизбии ноҳиявӣ бурда, аз назари котиби идеологӣ ва шӯъбаи пропаганда гузаронд. Пас ба ман хабар дод, ки шеър маъҚул шуд. Онро гирифтанд, ки ба котиби якум Захватов Василий Ермолаевич нишон диҳанд.
Ниҳояти кор, В. Е. Захватов гуфтааст, ки агар имконият шавад, онро худи муаллиф дар ҷашни устод Мирзо Турсунзода аз саҳна Қироат кунад. Албатта, ин барои як шоири навҚаламе, чун ман, муваффаҚияти калон буд.
Рӯзи ҷашни устод фаро расид. Гирду атрофи Қасри фарҳанги шаҳрро одам зер карда буд. Дар дохили толор мухлисон ба ҳадде зиёд буданд, ки дар роҳравҳо ҳам ҷой ёфтан имкон надошт. Мардум ба хотири мулоҚот бо устоди гиромӣ, мушарраф шудан ба дидори азизон ҷамъ омада буданд. Меҳмононро бо гулу гулдастаҳо ва нону намак пешвоз гирифтанд.
Маро дар Қатори якум аз тарафи рост ҷой доданд. Таъкид карданд, ки ваҚти сухан додан зуд ба саҳна баромада, шеъратро Қироат кун ва бе ягон гапи зиёдатӣ ба ҷоят баргард.
ҷашн оғоз ёфт. Котиби идеологӣ Бӯригул Асоева аз ҳама серкортар. Дар омади гап бояд гӯям, ки он кас дар ҳаҚҚи аҳли илму фарҳанг, махсусан ҷавонон, бисёр ғамхор буданд, ҳамчун модар моро аз шӯру шанги он даврон муҳофизат мекарданд, кӯмак мерасонданд, маслиҳат медоданд ва ҳоказо.
Ин нишасти пуршукӯҳ бо шеърхонию сӯҳбати устоди бузург, бо ҳазлу шӯхиҳои намакини устоди хушзавҚ БоҚӣ Раҳимзода ва дигар аҳли адаб, ки устод Турсунзодаро ҳамроҳӣ мекарданд, хеле зебо, дилнишин, оростаю пероста идома дошт. ВаҚте устод БоҚӣ бо лаҳни хоси худ дар боби ҳусну латофати занону духтарони орҷоникидзеободи сухан гуфтаю аз рухсораҳои Бӯригул Асоевна чанд бӯса гирифт, аҳли толор бо шӯру шавҚи зиёд кафкӯбӣ карданд.
Ин ҳама хубу арзандаю зебанда буд, вале мани бечора аз тарси он, ки чӣ хел шеърамро Қироат мекарда бошам, ба худ мепечидам. Маро воҳима зер карда буд. Ба ростӣ, ки ҳам баромад кардан мехостаму ҳам аз Парвардигор илтиҷо менамудам, ки ба ман сухан надиҳанд.
Хулоса, дар охир котиби якуми ҳизб Василий Ермолаевич Захватов устоди азизро ба ҷашни 60- солагиашон табрик карда, калиди тиллоиеро, ки махсус дар ким – кадом корхона сохта буданд, ботантана ва зери кафкӯбиҳои дуру дарози аҳли толор ба он кас супурд. Ба забони тозаи тоҷикӣ чунин гуфт:
- Ин калиди на танҳо дарвозаи шаҳри Орҷоникидзеобод, балки калиди дили мардуми ин диёр аст, ки онро бо эҳтиром ва ифтихор ба Шумо, шоири маҳбуби халҚ ва арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ, месупорам…
ҳамин тавр, ба ман навбат нарасид ё фаромушам карданд ва шеър нахонда монд. Инак, он шеърро Қариб, ки бе ягон ислоҳу тағйирот пешкаши хонандагони арҷманд мегардонам, то лаҳзае он айёмро ба ёд оварему ба Қадри гузаштагони бузургамон расем.


Мирзо Файзалӣ,
Шоири халҚии Тоҷикистон


БАХТИ ҷОВИДОН

Шуда дар шаст умрам, лек ман Қалби ҷавон дорам,
Муҳаббатпарварам, маъво ба кӯйи ошиҚон дорам,
Канори сабзи гулбоғи ҷавонӣ ошён дорам,
Сарафрозӣ зи бахти хеш, ёрон, ҳар замон дорам,
«Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бӯстон дорам,
Қавиазму зафарэҷод халҚи Қаҳрамон дорам».

Шудам дар шасту меёбад бароям шасти нав оғоз,
Ба шасти нав сароям шӯҳрати ин мулки пурэъҷоз,
Кушоям болу пар дар осмони назм ҳамчун боз,
Сурудам аз дили халҚам ба олам медиҳад овоз,
«Ба болои сарам мурғи саодат мекунад парвоз,
Замини сабзу хуррам, обҳои зарфишон дорам».

Зафармандам ҳамеша, ҳамраҳи халҚи зафарёбам,
Гаҳе чун партави хуршед, гаҳ чун нури маҳтобам,
Манам он боғи назме, ки муҳаббат карда шодобам,
Кунун дар осмони назм чун истора метобам,
«Дар оғӯши Ватан фазлу камоли нав ба нав ёбам,
ҷаҳон донад, ки бе зулму асорат ман ҷаҳон дорам».

Хати эҷоди ман сулҳ аст, ҳарфи бевафоӣ нест,
Шуда бо халҚи худ як ҷону тан, моро ҷудоӣ нест,
Ба ғайр аз меҳри халҚам бар сарам дигар ҳавое нест,
Дар олам аз ҳаёти мо ҳаёти пурсафое нест,
«Суруди ин дили шоди маро ҳеҷ интиҳое нест,
Ба васфи кишвари озод садҳо достон дорам».


Зи файзи меҳнати озод боғу бӯстон гул кард,
Баҳори зиндагии ҷумлаи пиру ҷавон гул кард,
Ниҳоли дӯстии мардуми рӯи ҷаҳон гул кард,
Ба ҷашни шоири ҷонӣ замину осмон гул кард,
«Замини тоҷикон гул кард, боғи тоҷикон гул кард,
Дили хуррам, сари сабз аз баҳори тоҷикон дорам»

Намирад ҳеҷ он шоир, ки шеъри пуршарар бинвишт,
Ба хуни дил суруди сулҳро шому саҳар бинвишт,
Гаҳе ӯ дар диёри хеш, гоҳе дар сафар бинвишт,
ҳаёти хешро бахшида бар аҳли башар, бинвишт,
«Ба Қонунномаи худ пешво бо хатти зар бинвишт,
ҳуқуқи халқҳоро бин, чи бахти ҷовидон дорам».

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess