Расул ҒамзатовМану ӯ ҳамроҳ ба водии Ҳисор, ба деҳае рафтем, ки аз он ҷо вай барин фарзанди як нафар тоҷики дуредгар ба олами бузургу мураккаб ва бисёр аҷиби меҳнату мубориза ва шеър қадам ниҳодааст ва дар васфи он ҳанӯз дар ҷавониаш достоне гуфтааст. Вай дар миёни пирони солхӯрдаи деҳ нишаста буду аз дару тирезаҳо занони кӯдакдор ба сӯяш менигаристанд. Бачагони сарупобараҳна аз лаби бому шохи дарахтон «Мирзо», «Мирзо» гӯён фарёд мезаданд. Муйсафедон ҷониби онҳо бо асоҳои худ таҳдид мекарданд ва бо ҳамин гуфтанӣ мешуданд, ки ба сӯҳбати мо халал нарасонед. Онҳо байни худ аз кору бори аҳли деҳаву мамалакатҳои гуногун, ояндаи диёри худу кишварҳои бегона, вазъияти колхоз ва тамоми дунёи сухан мекарданд ва дар сӯҳбаташон қатраи ҷӯйбору мавҷи уқёнус, суруди саҳариву афсонаи шабҳои пурасрор пайванд меёфт. Мӯсафедон умри зиёд дидаанду шоир олами бисёр. Сӯҳбати онҳо торафт метасфид. Замоне буд ӯ дар ҳамин ҷо дар назди муллои деҳа дарс мехонд. «Адабчӯби мулло хеле дароз буд, ҳар ҷо, ки нанишинам, ба сарам мерасид», – нақл кард Мирзо. Дар мактаби деҳа диққати маро харитаи бисёр аҷиби рӯи олам, ки худи мактаббачагон кашидаанд, ба худ ҷалб кард. Дар харита шаҳрҳои тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, ки ҳамдиёри машҳурашон Мирзо Турсунзода сафар кардааст, бо доирачаҳо ишора шудаанд. Дар он миён номи шаҳрҳои Осиёву Африқо, Америкову Аврупо ва пойтахти давлатҳои мухталиф зикр ёфтанд. Вай танҳо харитаи сафарҳои шоир набуда, балки харитаи шеъри ӯ– андешаву ҳиссиёт ва рангу мусиқии ӯст. Маълум аст, ки дар шоҳроҳи сафар баъзеҳо ҳар он чи ки доштанд, аз даст медиҳанд, дигарон ба ивази он сармояи тозае меёбанд, касони сеюмӣ бошанд ҳар он чи доштанд, афзун мекунанд. Дар шоҳроҳи асри хеш Мирзо на танҳо тоқии тоҷикӣ ба сар дорад, балки аз он дар ҳама ҷо ифтихор мекунад. Барои ҳамин ҳам ҳатто мардумоне, ки дур аз диёри шоир умр ба сар мебаранд, ба ӯ бо муҳаббат менигаранд. Ман шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ҳавлиеро, ки Мирзо Турсунзода зиндагӣ дорад, дидаам. Ҳоло вай панҷоҳу ҳафтсола буда, дар авҷи камолот мебошад. Одатан дар зиндагӣ чунин мешавад, ки одам бо касе вомехӯраду бо вай каробат ва дӯстӣ пайдо мекунад ва мехоҳад, ки ба ватани ӯ, ба хонаи ӯ раваду аз кору бораш хабар гирад. Ҳамин тавр одамон ба хонаи Турсунзода ҳам аз деҳоти дурдаст меоянду ҳам аз кишварҳои бегона. Рӯзе, ки ман дар ҳавлии ӯ будам, дар се хонааш зиёда аз панҷоҳ нафар меҳмонон аз мамалакатҳои гуногун ҳузур доштанд. Дар ҳамин хона Нозим Ҳикмату Николай Тихонов, Файз Аҳмади Файз ва бисёр касони дигар шеър хондаанд. Афсӯс, ки дар хонаи Мирзо барои ояндагон дафтари қайд нест. Вагарна китоби бузурге мебуд, ки аз дӯстиву муҳаббат ва бародарӣ ҳикоят мекард. Вале Мирзо дафтари дигаре дорад, ки боғи ӯст. Дар ин боғ дарахтони зиёде ҳастанд, ки меҳмонони гуногун шинондаанд. Навдаҳои гулпӯш ва гоҳо хушкидаи онҳо аз сарнавишти мухталифи одамон гувоҳӣ медиҳад. Ба қавли худи Мирзо, дарахт шинондану баҳра бурдан аз он хушбахтии бузургест ва одам бояд ҳамаи инро худаш кунад, дар акси ҳол нашъае намебинад. Аммо боғбон ҳам дар хонаи худ чун меҳмон аст. Ӯ ба ёди аёлу фарзандонаш аз канори дури олам достони «Ҷони ширин»–ро офарид. Дар он чун шамшеру ғилоф ду ҳиссиёт ба ҳам омезиш ёфтааст: ғами оилаи хешу мардуми дунёи бекарон, муҳаббат ба ёр ва муборизае, ки солҳои зиёди умри худро ба он сарф кардааст. Боғи Мирзо нисбат ба оне ки ба назар мерасад, бузургтар аст. Ӯ дар рӯзҳои ҷамъомади намояндагони мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Америкои Лотинӣ дар Куба ниҳоли дӯстӣ шинонд ва мо дар он ҷо аз боғи дар Душанбе будаи Садриддин Айнӣ – устод ва пири Мирзо – ёд овардем, ки дар он ҳамроҳи Мирзо одамони мамлакатҳои гуногун ниҳол шинондаанд Ӯ дар қитъаҳои мухталифи дунё, ки аз он ҷо гузар дошт, ниҳоли дӯстӣ шинондааст ва ба назари ман, миёни ин кор ва назми ӯ қаробате ҳаст. Бисёр касоне ҳастанд, ки номашон дар акнофу атроф маълум ва машҳур мебошад, вале аксар чун мепурсанд, ки онҳо чӣ навиштанд, номи асарҳояшон ба хотиратон намеояд, мисли он ки онҳо безурётанд ва китобе надоранд. Вақте ки аз онҳо мепурсанд, ки шумо чӣ навиштед, яке мегӯяд, ки «ғазал», дигаре «ҳаҷвия», сеюмӣ– «хитоба», чаҳорумӣ бошад ҳам ину ҳам ону ҳам вай! Ин кӯҳҳову рӯдхонаҳо барои он гумноманд, ки аз худ дар зиндагиву хотири мардум осоре боқӣ намондаанд. Инҳо пулҳое мебошанд, ки ба рӯи дарёҳои набуда ва ё хушкида бино шудаанд. Лекин ин тавр ҳам мешавад, ки кӯҳҳову дарёҳои хурду бузурге низ ҳастанд, ки онҳоро ҳама медонанд ва метавонанд дар бораашон нақлҳои аҷибу ғарибе гӯянд, зеро бо номи онҳо воқеаҳои калону фаромӯшношудание марбутанд. Агар аз ин нуқтаи назар ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода нигарем, мебинем, ки хонанда ба осонӣ аз асарҳои ӯ ном мебарад, ҳарчанд, ки онҳо аз қабили романҳои ғафсу повестҳои маълум ва ё пьесаҳое нестанд, ки дар саҳнаи даҳҳо ва садҳо театр намоиш дода шудаанд. Ӯ шоир аст ва ба мавзӯи худ, чунон ки ба сарзамини хеш садоқат дорад, содиқ мебошад. Вай дар ҳамагуна шароиту вазъият ҳаргиз аз роҳу мароме, ки барои худ интихоб кардааст, қадаме пас намеравад. Рост аст, ки ӯ ҳам мисли бисёр касони дигар ба ин ягонагии хислату тафаккур ва эҳсосоти пок якбора мушарраф нагардидааст. Аз шарҳи ҳоли Мирзо маълум аст, ки вай ҳанӯз дар хурдиаш аз деҳаашон гурехта буд ва ӯро одамони нек дар хонаи бачагон ҷойгир кардаанд. Ӯ ба олами назм ҳам ҳамин тавр омад, яъне аввал ба хонаи бачагон афтода буд ва дар он дар қатори дигарон иштирок дошт. Вай ба таъҷил очерку повесть, достону либертто менавишт ва бо дигарон ҳамкорӣ мекард. Вай биёбон то биёбон бисёр гашт, то ин ки сарчашмаи худро дарнаёфт ва хештанро нашинохт. Вай ба писарбачае монанд буд, ки ришу мӯйлабаш набаромада бошад ҳам, рӯй метарошид, то нишон диҳад, ки ба балоғат расидааст. Вай ба моҳие монанд буд, ки даруни ҳавз шино мекард– (бисёр шоирони мо аз ҳамин гуна ҳавзҳо об хӯрдаанд), вале дертар ба баҳри пурмавҷу хурушон ва беканору рангини назми мо баромад. Оре, Мирзо пеш аз он, ки «дидам ҷамоле» гӯяд, ҷамоли касони зиёдеро дидааст. Ӯ барои он ки ба ҳама «ман аз Шарқи озодам» гӯяд, тамоми оламро давр зад. Бале, вай аз Шарқ, Шарқи советӣ аст, фарзанди Тоҷикистон. Шоирони зиёде ба хориҷа мусофират кардаанд ва аз он ҷо бо худ суруди халқҳои дигарро овардаанд. Аммо «Қиссаи Ҳиндустон»–и Мирзо Турсунзода бо шеърияти баланди худ ва эҳсосоти самимие, ки аз ғами мардуми ҷабрдидаи ҳинд ва фахри кишвари хеш сар задааст, ҳусни таваҷҷӯҳи умумиро ба худ кашид. Боре вақте ки Мирзо Турсунзода дар шаҳри Бейрут дар ҷамъомади нависандагони Осиё ва Африқо аз муборизаи қаҳрамононаи халқи Вьетнам бар муқобили ғоратгарони америкоӣ ва зиндагии машаққатангези миллионҳо мардумони Осиё ва Африқо сухан кард, намояндагони баъзе мамалакатҳо моро бо он айбдор намуданд, ки гӯё мо, нависандагони советӣ, мехоҳем баҳси адабиёт ва маданиятро ба баҳси сиёсат табдил диҳем. Он вақт Мирзо – раиси Комитети советии якдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо ва шоири маъруф – аз ҷой бархост ва гуфт: «Барои ман санъат ва сиёсат бародарони тавъамонанд». Оре, Мирзо қувваи назмро ба нафъи давлат равона кард. Қимати «Қиссаи Ҳиндустон»-и ӯ ҳам, ки бист сол қабл аз ин таълиф гардидааст, дар ҳамин мебошад. Дар он нафосати шоирона бо мардию далерӣ, ғаму ташвиши одамӣ бо родмардияш, хоҳишу савганд, раҳмату лаънат, дасти кушоду мушти гиреҳхӯрда омезиш ёфтаанд. Бе ҳамин ду ҷиҳати муҳаббату нафрат ва шодиву ғам «Қиссаи Ҳиндустон» наметавонист ба рӯи олам роҳ ёбад. Баъзеҳо мегӯянд, ки дар мавзӯи сиёсат шеър гуфтан кори сиёсатмадорон аст ва ин қабил шеърҳо тез фаромӯш мегарданд, умри онҳо мисли либосҳое, ки ба зудӣ кӯҳна ва партофта мешаванд, кӯтоҳ мебошанд. Бале, ҳаяҷони таъҷилие аз ин ва ё он чизе бақо надорад. Лекин, вақте ки шеърҳои сиёсӣ дар қаъри худ изтироби амиқи муаллиф ва хосияти миллии ашъори ӯро доранду фалсафаи ҳаётро ифода мекунанд, умри абад меёбанд. Ду силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» маҷмӯаи шеърҳои «Садои Осиё», достонҳои «Ҳасани аробакаш» ва «Ҷони ширин» ва ғайраҳо аз ҳамин навъи шеъранд Агар насле аз хонандагон дар вақташ онҳоро бо хушнудӣ қабул карда бошад, насли дигараш имрӯз камтар аз пешиниён намедонад. Он шеърҳо дар муборизаву кор ҳамдаму ҳамнафаси муосири мо мебошанд. Ёд дорам, Мирзо дар Женева ба ман «Бетараф» ном шеъри худро хонда буд. Ӯ тарафдори он аст, ки Швейтсария мамалакати бетараф бошад, вале дар шеър ва дар муҳаббат, бино ба гуфтаи вай, бетараф будан баробар бо марг аст. Вақте ки шоир дар шеъри худ нисбат ба ҳодисае ё сарнавишти касе бетараф аст, хонанда низ ба асарҳояш ҳамчунин муносибат хоҳад кард. Инро наметавон дар ҳаққи назми Мирзо гуфт. Ман дидам, ки чи тавр Мирзо дар Деҳливу Бомбай ва Панҷоб рӯи қолин нишаста дар мушоира шеър мехонд ва сомеон « баҳ–баҳ», «мошооллоҳ» гӯён ба шоир таҳсину офарин мехонданд ва исрор мекарданд, ки ин ва ё он байту бандро, ки писандашон омада буд, такрор намояд. Дар Сурия мо дар ресторане ҳамроҳ хӯрок мехӯдем. Чун мизбонон донистанд, ки мо шоир ҳастем, хоҳиш карданд, ки барояшон шеър хонем. Вақте ки мо аз ресторан берун шудем, яке аз шунавандагон ба Мирзо рӯй оварда «ташаккур»гуфт ва қуръони худро, ки барояш чизи бағоят муқаддасу азиз буд, ба ӯ бахшид. Фурсате чанд пеш аз ин, ҳангоми иди Наврӯз ману Мирзо Турсунзода ба Эрон рафта будем. Номи шоир дар он сарзамин хеле маъруф аст. Рӯзе мо бояд аз Шероз ба воситаи ҳавопаймо ҳатман ба Теҳрон мерафтем. Ногаҳон обу ҳаво тағир ёфту ҳавопаймо парвоз накард. Мо қарор додем, ки таксӣ киро кунем. Аммо марди нозир гуфт, ки ё ронанда нест ва ё мошина. Ману Мирзо бисёр асабонӣ шудем. Он вақт нозир байтеро аз Саъдӣ шафеъ овард, ки намешояд асабӣ шуд (ҳоло ман он шеърро дар хотир надорам). Мирзо аввал хеле хандиду сонӣ худ дар ин мавзӯъ аз осори Саъдӣ ва дигар саромадагони бузурги тоҷик мисол овард. Диспетчер мехост бидонад, ки ин мусофир кист ва вақте ки фаҳмид ӯ шоир Мирзо Турсунзода аст, дарҳол мошина ва ду ронандае пайдо кард, ки моро аз Шероз ба Теҳрон оварданд. Дар Эрон Мирзоро бисёр мешуд, ки сухан гӯяд ва забондонон ба ӯ гуфтанд, ки лаҳҷааш ба лаҳҷаи мардуми Шероз қаробат дорад. Шероз бошад ватани шоирони бузург Саъдӣ ва Ҳофиз аст. Мо мазори онҳо, қабри Умари Хайём, Фирдавсӣ, Соиб ва бисёр дигар шоирони форсу тоҷикро зиёрат кардем. Дар кутубхонаҳои Эрон дастхати осори гузаштагони бузурги худро бо эҳтиёт ва эҳтироми беандоза хеле варақ зад. Ӯ аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба ивази ҳар байти он як тангаи тиллоӣ ваъда карда буду шоир дар фақирӣ аз олам гузашт, ғазалҳои ошиқонаи Ҳофиз, ки тамоми умр боре ҳам аз ватани маҳбубаш Шероз берун нарафтааст, ашъори пандомези Саъдӣ, ки сӣ сол дар ақсои олам мусофират кардаасту сӣ соли дигар ба таҳриру таълиф машғул шудааст ва, албатта, рубоиёти Умари Хайёму қасидаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ, шеърҳои РумиюҶомӣ ва дигар шоироне, ки Гёте онҳоро муаллими хеш шуморидааст, ҳазорон–ҳазор байтро аз ёд медонад. Ӯ аз он мефахрид, ки гузаштагонаш ба як холи ҳинду Самарқанду Бухороро бахшидаанд. Шоирони валинеъмат будаанд… Ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки дар мактабу иниститутҳои мо маданияти бузурги Шарқ ё омӯхта намешавад ва ё омӯхта шавад ҳам, чандон қаноатбахш нест, то ҳол китобе вуҷуд надорад, ки намунаи шеъри мардуми Осиё ва Африқоро дар бар гирифта бошад, чунон ки оид ба адабиёти Ғарб аст. Аммо ин мавзӯи баҳси ҷудогонаест. Ҳоло сухан дар хусуси шоирони бузурги Шарқ меравад. «Баъд аз сари онҳо шоири форсу тоҷик шудан душвор аст»,– гуфта буд боре Мирзо ба ман. Лекин олами шеър ва муҳаббат беинтиҳост. Мирзо муқаллид не, балки давомдиҳандаи назми ҳазорсолаи халқи худ мебошад. Ӯ ин вазифаи душворро бо сарфарозие, ки хоси шоир ва гражданини советист, адо мекунад. Дар шеър на муқаллид, балки давомдиҳанда будан, ба ҳам омехта тавонистани анъанаву навоварӣ ва эҳсосоти шахсию миллӣ бо умумиинсонӣ ба Мирзо Турсунзода имконият додаанд, ки дар хусуси он ҳодисаҳои давр, ки худ шоҳид буд ва ё иштирок дошт, нақл намояд. Ман забони тоҷикиро намедонам ва шеърҳои Турсунзодаро ба русӣ хондам. Вале мутарҷимони русе, ки махсус забони тоҷикиро омӯхтаанд ва осори шоирони онро аз рӯи тарҷумаи ҳарфоҳарф не, балки аз асл ба русӣ гардонидаанд, шаҳодат медиҳад, ки тарҷимаи ашъори Турсунзода нисбат ба шоирони дигар душвор аст. Зеро дар он нуктаву мӯшикофиҳои шоирона зиёд буда, бе ёрии худи Мирзо тарҷума кардан амри маҳол мебошад. Мегӯянд, ки вақте «Қиссаи Ҳиндустон» бори нахуст дар саҳифаҳои маҷаллаи «Новый мир» чоп шуду дар байни хонандагон шӯҳрат ёфт ва муаллиф ба гирифтани Мукофоти Давлатӣ мушарраф гардид, яке аз мутарҷимони шоир гуфтааст, ки : «Дар он меҳнати ман ҳам ҳаст, аз ин рӯ, он шеъри ман ҳам мебошад». Албатта, ба фарзандони Мирзо даъвои падарӣ кардани дигарон сари вақт маҳкум шуд, бо вуҷуди он вақте ки тарҷумони шоир ва баъд хонандагони осораш андешаву эҳсосоти ӯро аз они худ медонад, вақте ки миллионҳо одамон дар бораи ашъори вай «ин ашъори мо» гуфта, муаллифро «Мирзои мо, Мирзои ҳалиму саховатманд ва дилрабои мо» меноманд, барои эҷодкор хушбахтии бузургест. Мирзо Турсунзода фақат як бор ба Доғистон, ба авули мо Цада омадааст. Аз он миён чанд сол гузашт, аммо ҳар дафъае, ки ман ба он ҷо меравам, сокинонаш аз ман ӯро ҳамчун як ҳамдиёри худ мепурсанд: «Магар бо Мирзо вонахурдӣ, магар ӯро надидӣ? Аҳволаш чӣ тавр? Чӣ менависад? Ман мехоҳам дар ҷавоб ба ҳамдеҳотиёнам ва ба ҳама бигӯям, ки: «Ман Мирзо Турсунзодаро тез-тез мебинам. Ӯ саломат буда, шеърҳои тоза менависад. Кораш бисёр аст, вале дасти вай ба ҳамааш мерасад». Одатан Мирзо сухани худро бо «ассалому алейкум» сар мекунад, ки «ба ту хушбахтӣ мехоҳам» гуфтан аст. Мо ба ӯ «валлайкум ассалом» мегӯем. Мо «хушбахтӣ ва саодати туро мехоҳем, Мирзо». |