Мирзо ИброҳимовДар эҷодиёти даҳанакии халқи озар чунин нақле ҳаст. Аз касе пурсидаанд: «Бародарат чӣ гуна одам аст?» «Намедонам, – ҷавоб додааст он шахс, – боре ҳам бо ӯ дар роҳ набудам ва ҳамсафар нашудаам». Дар муддати дӯстии бештар аз сисолаи худ бо Мирзо Турсунзода ман борҳо ҳамроҳи ӯ сафар доштам. Роҳҳои сафар моро ба Ҳиндустон Шветсия, Лаҳистону Финляндия бурдаанд. Мо на як бору ду бор шаҳру қишлоқ, кӯҳу водиҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷонро ҳамроҳ қадам задаем. Садҳо маротиба дар гирди як дастархон нишаста, нону намак ба ҳам дидем. Вай дар хонаи ман меҳмон шуда буд, ман дар меҳмонии ӯ будам. Мо шоҳиду узви рӯзҳои пур аз шодмонию сурур гардидаем ва соатҳои ноорому аламнок, серташвишу пуршиддатеро ҳам аз сар гузаронидем. Нахустин сафарамон бо Мирзо Турсунзода ба ёдам меояд, ки моҳи марти соли 1948 воқеъ шуда буд. Халқҳои олам ҷароҳатҳои ҷанги дуюми ҷаҳонро табобат мекарданд, хоҷагиҳои абгору харобшударо ба по мемонданд. Роҳбарони давлатҳо дар бораи сулҳи пойдор ва мустаҳкам кардани муносибати дӯстонаи байни халқҳо гуфтугузор доштанд. Кӯшиши онҳо бар он буд, ки насли нав ваҳшоният ва фоҷиаи паси сар кардаи моро набинад. Рӯзномаҳо ва радио низ дар ҳамин хусус, инчунин дар бораи фаровонии гӯшношунида ва каснодидае хабар медоданд, ки бояд прогресси илмию техникӣ ба инсоният эҳдо намояд. Дар доираҳои давлатӣ ва байни халқ дар бораи маҳви бесаводӣ ва ҷаҳолат, аз байн бардоштани гурснагӣ ва қашшоқӣ сухан мерафт. Хуллас, ҳамаи халқҳо ва мардуми покдил ба оянда бо умеди нек менигаристанд, хушнудона ва ҷонфидоёна меҳнат мекарданд, бо корнома ва қаҳрамонии худ ба пояи бинои мӯҳташами муносибатҳои нави инсонӣ хиштҳои аввалинро мегузоштанд. Яке аз ҳамин гуна симоҳои барҷаста фарзанди бузурги Ҳиндустон Ҷавоҳирлол Неҳру буд. Ватани ӯ ханӯз дар зери юғи мустамликадорони англис меистод, аммо пас аз ғалабаи мамлакат ва халқи советӣ бар фашистони Гитлер мардуми олам аз вабои ҷанг фориғ шуда, муборизаи оздихоҳӣ дар малакатҳои мустамлика авҷ гирифт. Давлатҳои мустамликадори империалистӣ низ нағз ҳис мекарданд, ки ҳукмронӣ ва тартибҳои кӯҳнаро нигоҳ доштан имконнопазир аст. Онҳо ба роҳи макру фиреб даромада, мехостанд ба туфайли ваъдаҳои «озодӣ» мавқеъҳои худро дар мамлакатҳои истиқлолиятпарасти Осиё ва Африка мустаҳкам намоянд, истисмори чандинасраи худро нигоҳ доранд. Ҳиндустон аз ҷумлаи мамлакатҳое буд, ки ба муборизаи озодихоҳӣ бархостааст. Халқи мамлакат барои абадан баркандани занҷири истисмор муборизаи оштинопазире мебурд ва рӯ ба зиндагии мустақилона нигаронида буд. Ҳама эҳсос мекарданд, ки лаҳзаи озодии халқи Ҳинд наздик расидааст. Бо мақсади минбаъд ҳам аниқтар шудани алоқа бо қувваҳои пешқадами олам, ҳамоно бештар ҷалб намудани диққати аҳли ҷамъияти тараққипарвар ба муборизаи зиддиимпериалистӣ, қувват додани ҳаракати озодихоҳӣ чӣ дар Ҳиндустон ва чӣ дар мамлакатҳои Осиё, таҳкими якдилии байни халқҳо бо ташабусси Ҷавоҳирлол Неҳру дар Деҳлӣ конгресси байналхалқии халқҳои Осиё даъват карда шуд. Барои иштирок ба конгресс делегатсияи Иттифоқи Советӣ низ таклиф шуда буд. Дар ҳайати он собиқ мудири шӯъбаи газетаи «Правда» ва сонитар аъзои ҳақиқии Академияи фанҳои СССР, директори Иниститути таърихи дунё, марҳум Евгений Михайлович Жуков, олимони ӯзбек Тошмуҳаммад Саримсоқов ва Воҳид Зоҳидов, олимони Гурҷистон Ахвледиани ва Купрадзе, Мирзо Турсунзода аз Тоҷикистон ва дигарон дохил буданд. Аз Озорбойҷон дар ҳайати вакилон маро дохил карданд. Ман ба самалёти ИЛ–16, ки махсус барои ҳайати вакилони советӣ пешбинӣ шуда буд ва аз Москва ба Боку омад, дар пойтахти Республикаам савор шудам ва он роҳи сӯи Деҳлиро гирифт. Азбаски ману Мирзо Турсунзода пеш аз ин ҳам шинос будем, дар давоми ҳамаи рӯзҳои дар Ҳиндустон буданамон ҳамроҳ мегаштем. Дар самалёт паҳлӯи ҳамдигар ҷой мегирифтем, дар меҳмонхонаи якқабатаи «Хонаи Конститутция» дар як хона зиндагӣ мекардем, дар сексияе, ки масъалаҳои маданиятро муҳокима мекард, якҷоя иштирок менамудем. Дар сафар ба шаҳрҳои Оллоҳобод, Калькатта, Бомбай ва Агра, ки Тоҷмаҳали машҳур дар он ҷост, дар мулоқот бо журналистон ва намояндагони ташкилотҳои гуногуни маҳаллӣ (ин гуна вохӯриҳо бо ташаббуси соҳибони хона бисёр воқеъ мешуданд) роҳбари делегатсия Евгений Михайлович Жуков ҳамеша Мирзо Турсунзода ва маро ба як гурӯҳ дохил мекард. Ин кори вай бесабаб набуд, зеро Е. М. Жуков аз дӯстии бисёрсола ва умумияти маънавии мо нағз огоҳ буд. Дар рӯзҳои сафари Ҳиндустон ман беҳтарин сифатҳои табиати Мирзо Турсунзодаро аз нав ва амиқтар шинохтам, истеъдоди бузург ва рӯҳи тавонои ӯро ба тозагӣ дида тавонистам. Вай шахси гапи бисёреро намеписандидагӣ, ба қадри сухан мерасидагӣ буд. Ва вақте ки ба гап медаромад, сухани бамаънӣ мегуфт, фикри мантиқан анҷомёфтаеро баён мекард. Дар ин хусус ки сухан наравад, дафъатан нуқтаи назари худро изҳор намекард, ба ҳамсӯҳбаташ бо дидаи равшан менигарист. Ҳар як масъаларо вай аввалан амиқ муоина мекард ва дидаҳояшро оромона ва ботамкин ҳифз менамуд ва ниҳояти кор, хулоса ва андешаи худро баён мекард. Ин гуна хусусиятҳо нисбат ба ӯ эҳтироми ҳар аъзои ҳайати вакилонро дуболо менамуданд. Боре ҳайати вакилони Иттифоқи советӣ ба мулоқот бо як ташкилоти мусулмонӣ даъват шуда буд. Ин гуна таклифҳо ба адреси мо дар он рӯзҳо бисёр меомаданд ва аз ин рӯ ба ҳар мулоқот аз мо ду–се нафар фиристода мешуд. Вохӯрии мазкур бо фаъолони ташкилоти мусулмонӣ ба Мирзо Турсунзода ва ман супорида шуд. Моро ба ноҳияи Мусулмонии Калькатта, ба масҷиде оварданд. ки дар гузари нисбатан ороме, дуртар аз кӯчаҳои серодаму серғавғои мошингарду аробарав ҷой гирифтааст. Шаб фаро мерасид. Масҷиде, ки метавонист 400–500 касро ғунҷоиш диҳад, пур аз одам буд, Ҷамъомадагон дар замин рӯи бурё ва палос менишастанд. Моро ба саҳна, аниқтараш, ба минбар бароварданд. Минбар аз нишастагон баландтар ва бинобарин ба саҳна монанд буд. Пас аз шиносии расмӣ ва пазироию табрикҳо моро саволборон карданд. Дар он солҳо мусулмонони Ҳиндустонро асосан ду масъала ба ташвиш меовард: муносибати Иттифоқи Советӣ ба таъсиси мамлакати мустақили Покистон чӣ тур аст ва мусулмонон дар мамлакати мо чӣ хел зиндагӣ мекунанд. Оё онҳо таъкиб карда мешаванд ё не? Дидаи ҳозирони масҷид комилан ба сӯи мо дӯхта шуда буд. Касе садое намебаровард. Ба назарам, алоқаро бо чунин доираи сомеон–танҳо ба тавассути сӯҳбат ва гуфтугузори самимӣ ва ҳақиқӣ пайдо кардан мумкин аст. Ва дар шароите ҳам, ки мустамаликдорони англис ба ҳар роҳу восита байни мусулмонону ҳиндуён низоъ меандохтанд, ба саволи аввал якмаром ҷавоб додан душворӣ ва нозукиҳо дошт. Ҳар рӯз дар кӯчаву бозорҳои Ҳиндустон задухӯрдҳое ба амал меомаданд, ки дар асосҳои динӣ сар задаанд. Ҳамон баромади Мирзо Турсунзодаро дар назди мусулмонони Калькатта ҳеҷ фаромӯш намекунам. Вай қадаме ба пеш гузошт ва чунон ки ба табиати ӯ хос буд, ҷиддан ва оромона гуфт: – Ин масъаларо ҳиндуён ва мусулмонон бояд байни худ ҳал кунанд. Ба назари мо, ҳатто дуруст ҳам намешавад, агар каси сеюм роли маслиҳатгарро ба ӯҳдаи худ бигирад. Дар байни сомеон, ки бештари онҳо гуфтугӯи тоҷикиро мефаҳмиданд, оҳанги ризоият танинандоз шуд. Аз хомӯшии лаҳзагӣ истифода карда, Мирзо ба ҷавоби саволи дуюм шурӯъ кард. – Чунон ки ба шумо маълум аст, Иттифоқи Советӣ ба муқобили ҷудоиандозии байни халқҳо мубориза мебарад ва онҳоеро, ки байни мардум тухми душманӣ мекоранд, маҳкум мекунанд. Ватани мо сермиллат аст, ба ҳайати вай халқҳо ва миллатҳои гуногун дохил мешаванд. Мо дар байни одамон аз рӯи дин ва миллат фарқ намегузорем. Ҳар кас ба анъанаҳо ва махсусиятҳои миллии худ такья мекунад, аммо дар атрофи як мақсад мутамарказ гардидааст. Дар асоси баробарӣ ва истиқлолияти миллии ҳар кадоми мо оилаи ягонаи бародаронаи халқҳоро барпо намудем. Орзуву омоли мо дар ин аст, ки дар замини Ҳиндустон ҳам сулҳу амнияти пойдор ва дӯстии байни халқҳо ҳукумрон бошанд! Дар ҷараёни маънидоди суханони худ Мирзо аз панду андарзҳои Саъдӣ, Ҳофиз ва Хайём иқтибос мекард. Аз фурсат истифода карда гуфтан мехоҳам, ки ман дар тамоми умри худ мисли ӯ донанда ва эҳтиромкунандаи шеъри классикии Шарқ ва албатта, форсию тоҷикиро басо кам дидаам. Мирзо басо равон ва зебо шеър мехонад! Қироати шеъри машҳури Саъдӣ «Бани одам аъзои якдигаранд» ва маънидоди моҳияти умумиинсонии байти мақтаи ин асари барҷаста, ки тамоми нишастагонро мутаасир карда буд, ҳеҷ аз хотирам намеравад: Ту к–аз меҳнати дигарон беғамӣ, Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ! Дар синаи дӯсти азизу фаромӯшношудании ман дили саршори муҳаббат ба зиндагӣ ва одамон, ба назм ва санъат тапидан дошт. Зимни муоина ва мушоҳида дар конфренцияҳои адабӣ ва форумҳои эҷодӣ, он ҷо ки мубоҳисаҳои сиёсӣ авҷ мегирифтанд, ҳангоми сайругашт ва истироҳате, ки асосан бегоҳон ва шабонгаҳ арзи андом менамуданд, дар гирди дастархони дӯстӣ маро рӯҳи пок ва завқи баланди бадеӣ, ҳисси инсонии ӯ ба ваҷд меоварданд. Тавассути андешаҳои амиқи худ дар бораи эҷодиёти бадеӣ ва муносибати фаъоли муборизаангез ба воқиаҳои байналхалқӣ вай маро мафтун карда буд. Мирзо бо истеъдоди фавқулодае сифатҳои лирикиву драмавӣ, аломатҳои фавқулода ва хандаовари одамонро кашф мекард. Вай аз зебоии зиндагӣ моҳирона баҳра мебардошт, чӣ будани ғаму андӯҳро мефаҳмид ва ба бадбахтии дигарон шарик шуда метавонист. Вай дар айни замон беолоиш хандида метавонист. Ҳамаи инро дар ӯ медидам ва ба хотирам сухани рехтаи нависадаи Рими қадим Теренций мерасид, ки гуфта буд: «Ман инсонам ва ҳар чизи барои одамизод қобили қабул бароям бегона нест!» Юмори нозуке, ки ӯ дошт, дар вазъияту лаҳзаҳои пуршиддат ба ёрии вай ва ҳамсӯҳбатонаш омада, намегузоштанд, ки кас барабас асабонӣ шавад. Мирзо Турсунзода халқи тоҷикро бо муҳаббати махсусе дӯст медошт, ба адабиёти тоҷик ва замини Тоҷикистон дилбохтагии ғайриоддие дошт. Муҳаббати мазкури ӯ ба Ватан лирикӣ ва риққатовар, ба мисли муҳаббати писари вафодор ва олиҳиммат ба модар буд. Дар айни замон Мирзо Турсунзода шоири интернатсионалист ва арбоби ҷамъиятӣ буд. Дар кадом мамлакате, набошем, вай чизи хубро пайдо карда метавонист, як гапи наверо дар бораи ин кишвар фаҳмида мегирифт. Дар охири август ва ибтидои сентябри соли 1955 дар пойтахти Финлядия Хельсинки сессияи Иттифоқи байни парламентҳо шуда гузашт. Мирзо Турсунзода ва ман дар ҳайати вакилони советӣ дохил будем. Баъди шом, пас аз маҷлисҳо мо ба сайри шаҳр мебаромадем ва дар кӯчаҳо гаштугузор мекардем. Дар ин лаҳзаҳо Мирзо ба таври нотакрор ҳалиму меҳрубон, навозишкору одамдӯст мешуд! Мирзо дар бораи халқи фин ва Финляндия бо муҳаббат сухан меронад, аз тозагии кӯчаҳои Хельсинкӣ, аз зебоии ёдгориҳои шоёни таҳсини санъати меъморӣ ва завқи олиҷаноби финҳо, аз кӯшиши табии зебоипарастии онҳо сухан карда, руҳ мегирифт ва меболид. Се сол пас аз ин сафар – тобистони соли 1958 дар рӯзҳои конгресси умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ дар Швеция, сонитар тирамоҳи соли 1963 дар сессияи Совети умумиҷаҳонии Сулҳ, ки дар Варшава воқеъ шуда буд, дар рӯзҳои конфренцияи сеюми нависандагони Осиё ва Африка, ки соли 1967 дар Лубнон ва Сурия шуда гузашт, мо мувофиқи анъана ҳар бегоҳ якҷоя ба сайру гашти шаҳр мебаромадем. Чун одат шудааст, дар соатҳои истироҳат низ на танҳо аз адабиёт, инчунин дар бораи мустаҳкам кардани сулҳи рӯи ҷаҳон, вусъати муборизаи озодихоҳонаи халқҳои Осиё ва Африка гап мезадем. Ман ҳамеша дар ин мавридҳо тапиданҳои ноором ва рӯзафзуни дили ӯро мешунидам. Набзи дили шоир аз ояндаи инсоният ва тамоми тамаддуни мо мужда медод. Сонитар, достони вай «Ҷони ширин»–ро мутолиа карда, инъикоси бадеии ин ҳама эҳсосот ва андешаҳоро дидам (достони мазкур ба забони озарӣ бо номи «Мактуб ба ҳамсарам») тарҷума шудааст.) Ба хотирам сӯҳбате меояд, ки ҳангоми сайру гашти Варшава воқеъ шуда буд. Вақте ки мо ба даромадгоҳи калисои ҷомеи Святой крест (Салиби муқаддас), ки аз рӯи васият дили Шопен он ҷо мадфун аст, расидем. Мирзо лаҳзае бозистода ва гуфт: – Ту чӣ мегӯӣ, агар ман достоне бо номи «Дили Шопен» иншо кунам? – Олиҷаноб! – гуфтам ман. – Ин як достоне дар бораи ватанхоҳӣ, озодӣ ва одамдӯстӣ хоҳад шуд… – Мутаассифона, ин ҳама эҳсосоти муқаддас дар замони мо душманони зиёде дорад. Онҳое, ки сабабгори фоҷиаи Хиросима ва Нагасаки буданд, нияте доранд, ки ба сари инсон бомбаи атомӣ ва балои аз он ҳам бадтареро оранд! Бори аввал дар оҳанги гуфтори Мирзо на танҳо дарду алам, балки қаҳру ғазаб садо доданд. Ва ҳамон вақт фаҳмидам, ки барои чи Мирзо Турсунзода дар Комитети якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка монда нашуда кор мекунад ва дар ин роҳ ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Боре мо дар бораи мизоҷи одамӣ сӯҳбат кардем. Маълум аст, ки ҳар одам табиат ва мизоҷи хоси худро дорад. Ва ҳақиқате ҳам, ки табиату мизоҷ вобаста ба замон тағьир меёбанд, аз касе пинҳон нест. Аммо ин дафъа моро характери одамоне ба худ ҷалб намуданд, ки гӯё берун аз замони худ, фориғ аз ҳама оламу одам зиндагӣ мекунанд. – Дар замоне, ки ин қадар ғаму таҳлука ба сари башар афтодааст, чӣ хел ин тоифа одамон умр ба сар бурда метавонанд? – хитоб кард Мирзо. Ман нафаҳмидам, ки Мирзо ба худ гап мезад ё суолаш ба ман дахл дошт. Дар ин лаҳза байти талху истеҳзоомези кадом як шоири форсу тоҷик ба хотирам омаду аз роҳ бозистода онро барои Мирзо хондам: «Оқил мабош, то то ғами дигарон хурӣ, Девона бош, то ғами ту дигарон хӯранд». Мирзо дуру дароз хандид ва ниҳоят қиёфаи ҷиддӣ гирифту бодиққат гуфт: – Ман як рӯзи зиндагии бошууронаи худро, ки таҷассуми ғаму андӯҳ ва ифодаи дарди заминиён аст, ба сад соли умри беандеша, ки ба дигарон ғаму алам меоварад, иваз намекунам… Ба назарам, Мирзо бо ин суханон дар чашмони ман ба ҳайкали мармарие табдил ёфт. … Мегӯянд, ки дар Душанбе ҳайкали олиҷаноби Мирзо Турсунзода қад афрохтааст ва ҳар рӯз мактабиён дар пояи он гулҳои тару тозае мегузоранд… |