Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Боқӣ Раҳимзода


Ҳар гоҳ ки аз хона баромада, ба ҷои кор, яъне ба Иттифоқи Нависандагон раҳсипор мегардам, пеши назарам симои шахси бароям азизу мӯътабар – Мирзо Турсунзода падидор мешавад. Дар хаёлам ин марди шариф ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар нафас, бо ман аст. Ман бо ёди ӯ аз хиёбонҳои гулпӯш ва сердолударахти шаҳр гузаштта, ба бинои нави адибон мерасам ва чашмам боз ба пештоқи ин қасри зебо ва мӯҳташам меафтад. «Хонаи адибони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»–инро мехонаму лаҳзае бозмеистам, баъд вориди бино мешавам. Дар рӯ ба рӯям боз Мирзои азизро мебинам. Чеҳраи латифи шоир ҳамеша ғарқи фикру хаёлот асту лабаш моили табассум. Ман ба нимҳайкали устод, ки аз санги хоро тарошида шудаасту ҳоло дар долони Иттифоқи нависандагон истодааст, бо ҳасрат менигараму ба ошьёнаи дуюм мебароям.
Нигоҳам беихтиёр ба хонаи тарафи дасти чап меафтад. Ин кабинети устод Мирзо Турсунзода аст, ки бо ҷевон, мизу курсиҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии ёру дӯстонаш ҷиҳозонида шудааст. Ман ҳамаи инро ҳар рӯз мебинам ва дар дил ин қитъаро мехонам.


Эй нури ду дидаи ҷаҳонафрӯзам,
Рафтиву зи фурқати ту шаб шуд рӯзам.
Мову ту ду шамъи пок будем ба ҳам,
Тақдир туро бикушту ман месӯзам.

Хайрият инсон дар муқобили ҳар як ғаму ғуссаи зиндагӣ пойдор аст ва ба талхию нокомиҳо тоб оварда, умр ба сар мебарад.
Ман асло бовар намекунам, ки бе Мирзои азиз, ҳатто як рӯз ҳам зиндагӣ карда метавониста бошам. Алҳол ҳам ҳеҷ боварам намеояд, ки кайҳо боз Мирзо Турсунзода дар байни мо нест… Мо чандест ҳикояву суханҳои ширини ӯро нашунидаем ва табассумҳои намакинашро надидаем… Лекин дар ҳама сӯҳбату шабнишинӣ ва мушоираҳо ному каломи ӯ маҳфили моро оро медиҳад, шукӯҳ мебахшад. Ман аминам, ки дар ҳар як хонадони тоҷик, бемуболиға, номи ин адиби безавол вирди забонҳост. Ва ин эҳтиром, ин посдории адиби мумтоз дили мо дӯстон, ҳамсафон, шогирдони ӯро каме таскин медиҳад.
Ман дар умри худ ба бисёр суханварони маъруф шинос, ёру дӯст шудаам. Вале он лаҳзае, ки бо Мирзо Турсунзода шинос шуда будам, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ин соли 1932 буд. Маро аз кӯҳистони Қаротегин, чун директори мактаб, барои асбобу анҷом ба Комиссариати маорифи Тоҷикистон фиристоданд. Пас аз анҷоми корҳо ба хонаи Алӣ Хуш рафтам. Ман бо ӯ аз хурдӣ шинос будам, равуо доштам. Хонаи Алӣ Хуш дар кӯчаи Комсомол, дар паси театри ҳозираи ба номи Маяковский воқеъ буд. Дар хона ғайр аз Алӣ Хуш як ҷавони миёнақад, лоғарандому зебо ҳам буд.
– Мирзо Турсунзода, шинос шавед, – гуфт Алӣ Хуш. Мо ҳолу аҳволи якдигарро пурсидем. Дар хонаи на он қадар калон онҳо муҷаррадона истиқомат доштанд. Алӣ Хуш ва Мирзо он солҳо дар газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекарданд.
Мо дар атрофи мизи хурдакаки мудаввар нишаста, то субҳидам сӯҳбат кардем. Мирзою Алӣ Хуш аз нахустин вохӯрияшон бо устод Айниву Лоҳутӣ, аз таҳсил дар мактаб, корҳои газетаю эҷодӣ ҳикояҳои аҷоибу ғароибе мекарданд. Ман, ки он вақтҳо дар сар ҳавои шеърнависӣ доштам, суханҳои онҳоро гӯш карда, мехостам бештар аз адабиёту аҳволи адибони тоҷик воқиф шавам.
Рафиқ Турсунзода гуфтанд, ки ман Тошкент (Тоҷикпрос) ба Шаҳринав, ба Қаратоғ ба таътил омадам ва мехостам, то оғози таҳсил дар ягон ҷо кор кунаму каме пул захира намоям. Аз деҳа ба комитети иҷроияи Шаҳринав омадам. Ба ман гуфтанд, ки раиси комиҷроия Ҳаким Карим ном шахсе аст. Ин ном ба назарам шинос намуд. Эҳтимол ягон асари ӯро аз газетаҳо хонда будам. Ӯ маро ба наздаш даъват кард, ҳолу аҳволамро пурсид. Мақсадамро гуфтам. Ҳаким Карим ба ман як варақ дод, ки чизе нависаму ҳусни хатамро бубинад. Ман бо ҳуруфи арабӣ ариза навиштам, хатам ба ӯ маъқул шуд.
– Бача, бисёр хушхат будаӣ, – гуфт ӯ ва ба китфам зада, ҳамон лаҳза фармон дод, ки муваққатан котибӣ кунам. Чанд муддат кор кардам.
Ҳаким Карим марди миёнақади чорпаҳлӯ буд, забони русиро нағз медонист ва ҳама вақт чорафзол мегашт. Зеро замона нотинҷ буд, босмачиҳо ҳанӯз бедодгарӣ мекарданд. Худам ҳам ҳангоми ба рӯйхатгирии аҳолӣ борҳо дар иҳотаи босмачиҳо мондам, лекин отрядҳои ихтиёрӣ ҷонамро халос карданд.
Пас аз ин нақл мо сӯҳбату шеърхониро давом додем. Саҳар ман ба онҳо хайрухуш карда, ба ҷои корам рафтам. Баъд ман дар кӯҳистон шеърҳои Турсунзодаро, ҳамчун шахси шиносаш, мутолиа мекардам.
Тахминан соли 1933 вақте ки бори дигар ба Душанбе омадам, Мирзо дар хонаи Алӣ Хуш набуд. Вай ба шаҳри Ленинобод рафта, дар театр кор мекард. Акнун дар хонам Алӣ Хуш ду ҷавони дигар истиқомат дошт. Ба онҳо ҳам шиносоӣ пайдо кардам: яке Фотеҳ Ниёзӣ, дигаре Самад Ғанӣ. Онҳо аз шаҳри Самарқанд барои кор ба редакция омада буданд.
Соли 1938 боз ба Душанбе омадам ва ҳамроҳи муаллим Шарифҷон Ҳусейнзода ба хонаи Мирзо рафтем. Шарифҷон мехост моро шинос кунад. Аммо Мирзо гуфт:– Шарифҷон, ин шоирро мешиносам ва аҳди бародарӣ ҳам бастаем, мукотиба дорем…
Мирзо зимни сӯҳбат ба Шарифҷон аз рафти кораш, ки мувофиқи супориши Комиссарияти халқии маориф барои тартиб додани намунаи адабиёти тоҷик дар бораи Ҳилолӣ бояд мақола менавиштааст, нақл кард. Вай дар хусуси ҳусни калом, таносуби сухан, равонию салисии шеъри Ҳилолӣ бо як завқи баланди мухлисона ҳарф мезад. Ӯ ҳар замон ба Шарифҷон таъкид мекард, ки мо бояд аз Ҳилолӣ назокату латофати суханро омӯзем.
– Ман мухлиси Низомиям, – гуфт Турсунзода. – Лекин Ҳилолӣ маро билкул мафтун кард…
Ман ҳамон сол (1938) дар курси чоруми институти педагогӣ мехондам ва ҳам муаллимӣ мекардам. Шиносоӣ ва дӯстии мо бо Мирзо Турсунзода рӯз аз рӯз мустаҳкам мешуд. Ман ба воситаи ӯ бо адибони забардасти тоҷик: устод Айнӣ ва Лоҳутӣ аз наздик шинос шудаам, аниқтараш ба муҳити адабӣ қадамҳои нахустини худро гузоштаам. Ҳамин тавр мо бо Мирзо дӯсту бародар шудем.
Соли 1939 буд. Рӯзе Мирзо маро ба наздаш даъват карда гуфт, ки дар масъалаи омӯзиши таърихи партия, махсусан боби чоруми он, ки хеле душворфаҳм аст, бо домулло Суҳайлӣ каме машғулият гузаронед. Ман бо Суҳайлӣ шинос шудам ва маслиҳат кардем, ки дар як ҳафта се рӯз дар хонаи вай машғулият гузаронем. Дар омади гап бояд бигӯям, ки домулло Суҳайлӣ ниҳоят меҳмондӯст буданд ва доимо пас аз анҷоми машғулият зиёфат медоданд.
Рӯзе гап сари феодализму капитализм рафт. Ман гуфтам, ки капитализм дар дохили феодализм пайдо шуда, нисбат ба сохти феодализм пешқадамтар аст. Домулло Суҳайлӣ якбора дар ҳайрат афтоданд.
– Чӣ, чӣ? Чӣ гуфтед? Капитализм нисбат ба феодализм пешқадам аст?- паи ҳам савол доданд ба ман.
Ман бо аломати тасдиқ сар ҷунбондам ва дидам, ки чеҳраи домулло хело ҷиддӣ шудаасту бо шубҳа ба ман менигарад. Яқин донистам, ки вай ба дурустии ҷавоби ман шубҳа дорад. Ӯ дигар ҳарфе назад, табъаш хира шуд ва бо ҳамин машғулияти онрӯзаи мо ба охир расид.
Рӯзи дигар дар вақти таъиншуда боз ба хонаи Суҳайлӣ рафтам, лекин он кас набуданд. Гашта ба Иттифоқи нависандагон омадам. Аз дур чашмам ба Мирзо афтод. Вай дар дами дар истода, ба ман менигарист ва зақкунон механдид. Хушҳолона вохӯрдӣ кардем. Ӯ аз дастам гирифта, ба кабинеташ даровард ва пурсид, ки машғулиятҳо бо домулло Суҳайлӣ чӣ хел рафта истодааст.
– Нағз. Бад не-ку, – ҷавоб додам ман. Мирзо баландтар хандида кунҷковона ба ман нигарист.
– Ба домулло чӣ гуфтед? – пурсид вай.
Ман китф дарҳам кашидам. Аз рӯи нақли Мирзо маълум шуд, ки пас аз сӯҳбати дирӯза домулло Суҳайлӣ ба назди вай омадаасту бо изтироб пурсидааст.
– О шумо ҳамин шоирро дурустар тафтиш кардед? Аз афти кор, ӯ маро ба дигар тараф кашола карда истодааст… Мегӯяд, ки капитализм аз феодализм пешқадам аст…
Пас аз ин чанд муддат, то вақте ки Мирзо ҳақи гапро ба домулло Суҳайлӣ фаҳмонданд, машғулият нагузаронидем…
Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ҷанг сар шуд. Ва ман аз хонаи Мирзо ба фронт рафтам. Ӯ ва Носирҷон Маъсумӣ маро гусел карданд.
Аз соли 1946 сар карда, бидуни муболиға, қариб ҳар рӯз ба дидани дидори Мирзо мушарраф мешудам. Он вақт ӯ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда буд. Ва банда ҳам то соли 1948 яке аз котибони Иттифоқи нависандагон будам.
Дар ин муддат агар Мирзо ягон шеъру достоне эҷод мекард, онро албатта аз назари ман мегузаронд. Ин як хислати хоксораи ӯ дар кори эҷодияш буд. Вай мехост фикри хонандаро дар бораи шеъраш фаҳмад, онро пухтатар кунад. Агар соати чори шаб ҳам бошад, маро аз хоб бедор карда, шеъри навашро мехонд.. Ва умуман байни эҷодкорони ҷавони ҳамовақта ҳамин хел як ҷӯшу хурӯш ва робитаи самимие вуҷуд дошт.
Аҷоиб хислате дошт Мирзо. Ӯ агар бо ангушт лабашро мемолид, нишонаи он буд, ки вай мавзӯи шеър ёфтаасту онро дар кӯраи хаёлу тафаккураш обутоб медиҳад, мепазонад. Ҳар касе ин хислати Турсунзодаро медонист, дар ин лаҳзаҳо ба ӯ халал намерасонд, ҳатто шӯхӣ ҳам намекард…
Мирзо ҳар як шеърро ҳафт–ҳашт маротиба рӯйбардор мекард. Аввал шеъри навэҷодкарда, баъд рӯйбардори сеюм, ниҳоят охиронро ба ҳамқаламон мехонд. Хусусан баъзе бобҳои достони «Қиссаи Ҳиндустон»–ро то даҳ бор рӯйбардор карда буд. Гуфтан мумкин аст, ки он солҳо солҳои камолотёбии Турсунзода буданд: Вай саҳар маро аз хоб бедор карда, шеърро мехонд ва мегуфт, ки Мулло Боқӣ хез, рафта офтобро дар ағбаи Боботоғ пешвоз мегирем… Ман ҳеҷ гоҳ аз ин таклифи ӯ сар намепечидам. Охир ӯ тамошои, Душанбе, аммо ман водии Ҳисорро аз ҳамон ҷо дӯст медоштам. Аз ҳамон ҷо ба ин гӯшаи сабзу хуррам ва ободу зебои диёраш нигариста, ҳаловат мебурду илҳомаш ҷӯш мезад…
Як вақт Мирзо ба Ҳиндустон сафар кард. Моҳи сентябр, оғози таҳсил буд. Масъуд – писари Турсунзода бояд ба мактаб мерафт. Аз рӯи таомули шаҳриён касе бояд кӯдакро ба мактаб мебурд. Ин «вазифа» ба зиммаи банда афтод. Ман Масъудро ба мактаб расонидам. Ва чашмам ба сурати калони Мирзо, ки дар девор овезон буд, афтод. Директори мактаб ҳам ҳамроҳамон буд. Вай аз Масъуд пурсид, ки ин сурати кист. Писарбача бо остинаш даҳонашро пӯшонида, шармгинона «сурати падарам» ҷавоб дод…
Воқиан, мо бо Мирзо чунон унс гирифта будем, ки вай агар аз шаҳрҳои дуру наздик меомаду дар байни пешвозгирандагон маро намедид, албатта суроғ мекард, меҷуст, меёфт.
Мирзо дар дӯстӣ вафодор ва устувор буд. Ва шеъру достонҳои ӯро ҳам ҳамин фалсафа фаро гирифтааст, зеб додааст, шӯ ҳратманд гардондааст.
Як вақт ба Иттифоқи нависандагон ариза навиштам, ки маро ба хона таъмин кунанд. Пас аз чанде бо имзои Миршакар чунин ҷавоб гирифтам: «Барои шоири боистеъдод буданаш ба Боқӣ Раҳимзода аз фонди адабӣ як диван дода шавад ва ба Низомиддинов супурда шавад, ки онро дар ҷои барҳаво гузорад».Диванро дар саҳни хобгоҳи нависандагон гузоштанд ва ман то тангии тирамоҳ дар он ҷо зиндагӣ мекардам…
Зиндагии аҷибе доштанд истиқоматкунандагони он хобгоҳи нависандагон. Кас гумон мекард, ки онҳо фарзанди як оилаанд. Рафоқату самимияте, ки ба якдигар доштанд, беинтиҳо буд. Сари як касро дард мегирифт, ҳамааш ба по мехест… Оре, онҳо аз тамоми гӯшаю канорҳо ҷамъ омада, як оилаи бузурги адабиро ташкил карда буданд ва банда гӯё ҳар рӯз меҳмони ҳар як хонадони ин хобгоҳ будам.
Баъзан дар лаҳзаҳои истироҳат дар саҳни хобгоҳ базмҳои аҷибе барпо мешуданд. Муҳиддин Аминзода танбӯр ва Ҳабиб Юсуфӣ дутор менавохтанд. Зимнан бояд бигӯям, ки Ҳабиб овози хуше дошт ва сурудҳои классикиро басо ҳам бомаҳорат месуруд.
Боре Мирзо Турсунзода бо шавқ дар бораи Муҳаммадҷон Раҳимӣ чунин нақл кард. Раҳимиро директори фонди бадеӣ таъин мекунанд. Ва ҳамон солҳо (пеш аз ҷанг) ба адибон бепул хӯрок медодаанд. Шояд барои ҳамин ҳам шумораи нависандагон ба чорсад нафар мерасад… Баъдтар Раҳимӣ дар боғи шаҳр чойхонае сохт ва ба он Анри Барбюс ном ниҳод. Дар ин чойхона сари чанд вақт аҳли адаб ҷамъ омада, сӯҳбатҳои хосса меоростанд, барои пешрафти адабиёти советии тоҷик мубодилаи афкор мекарданд.
Дар омади гап дар хусуси Раҳимӣ чанд сухане гуфтаниям. Вай марди хоксору фозиле буд. Дар ёдам ҳаст, ки он солҳо дар хонаи вай Шамсиддин ном шахс зиндагӣ мекард, ки коргари оддӣ буд. Шамсиддин бо мадади Раҳимӣ саводнок шуд ва ба дараҷаи вазирӣ сабзид.
Он солҳо Душанбе ин қадар ободу зебо набуд. Кӯчаҳои тангу биноҳои пасти похсагӣ бешумор буданд. Ва Раҳимӣ ҳам дар кӯчаи Путовский кулбае сохт.
Зимистон буд. Боре вай ба хона омада мебинад, ки кулбааш бом надорад. Раҳимӣ дар ҳайрат афтода, аз ҳамсояҳо боми хонаро мепурсад. Маълум мешавад, ки тундбод боми хонаро бардошта, ба ҳавлии ҳамсоя партофтааст. Албатта аз ин табъи Раҳимӣ хира мешавад. Ӯ дарро кушода, ба хона медарояд ва мебинад, ки рӯи каташ пури барф аст. Вай примусро даргиронда барфҳоро об кардан мегирад. Одамон ин рафтори ӯро дида, дар ҳайрат меафтанд ва мегӯянд:
– О бародар, чаро ин қадар заҳмат мекашед? Якбора барфҳоро рӯбеду ҷон халос.
Раҳимӣ табассумкунон ҷавоб медиҳад:
– Инро лирика мегӯянд…
Ман тирамоҳ хонаи Аминзода рафтам. Ва аз хобгоҳ ба Раҳимӣ ҳам як хона доданд. Ӯ китобу либосҳояшро бардошта меораду ба мобайни хона мегузорад ва осудаҳолона нафас мекашад, ки аз ташвиш акнун халос шудааст. Ҳамин лаҳза касе дарашро мекӯбад. Ӯ дарро мекушояд. Ба хона Рена Ғолибова медарояд.
– Муаллим,– шунидем хона гирифтед, муборак бошад,- пас аз саломуалек мегӯяд Ренахон.
– Ҳа, ташаккур, ҳамин кулба ба мо расид, – ҷавоб медиҳад Раҳимӣ ва илова мекунад. – Акнун мо ҳам мисли дигарҳо зиндагиро ташкил мекунем…
– Ҳа, бисёр хуб, насиб кунад. Лекин, муаллим, мо хона мековему намеёбем. Бачаҳо хурданд… Чӣ мешавад, ки то баҳор дар гӯшаи хоначаи шумо мо ҳам истиқомат кунем.
Раҳимӣ, ки дар рӯи кати сафарияш нишаста будааст, бо дили кушод «Ҳамин хона садқаи як чашми сиёҳи шумо. Марҳамат зиндагӣ кардан гиред» мегӯяду аз ҷой бармехезад ва китобҳояшро бардошта, боз сӯи кулбаи деринаш роҳ пеш мегирад.
Раҳимӣ ана ҳамин хел марди хайрандеш ва фарохҳиммат буд…
Ман дар бораи хобгоҳи Иттифоқи нависандагон барои он бисёр гап задам, ки он бешубҳа макони дӯстию рафоқат, корхонаи эҷодии ҳар як адиб буд.
Дар қабати дуюми даромадгоҳи якум ба ном клуби адибон хонае ҷудо карда шуда буд. Дар ин хонача маҳфилҳои адабӣ, мушоира, сӯҳбатҳои эҷодӣ барпо мешуданд, ки дар онҳо адибони номии Москва, устод Айнию Лоҳутӣ ширкат меварзиданд. Ба ҳамаи ин ташкилиҳо шахсан Мирзо Турсунзода сарварӣ мекард ва масъалаҳои муҳимми адабӣ дар ин ҷо ҳал карда мешуданд. Қабули нависандагони ҷавону калонсолон, муҳокимаи асарҳояшон дар ҳамин ҷо мегузашт.
Ёд дорам, ки ҳатто як маҷмӯаи бедилшиноси машҳур Зуфархон Ҷавҳариро ҳам дар ҳамон ҷо муҳокима карда будем.
Баъдан соли 1946 машварати адибони ҷавон баргузор шуд. Дар ин ҷамъомад аз Ленинобод Шукӯҳӣ, Фарҳат, Баҳорӣ ва Пӯлод Толису дигарон иштирок доштанд. Ҳангоми муҳокимаи асарҳои онҳо шодмонии Мирзо интиҳо надошт. Шеърҳои Шукӯҳӣ ва ҳикояҳои Толис ба ӯ ниҳоят писанд афтодаанд. Рафиқ Турсунзода ба худ болида мегуфт:
– Акун сафи нависандагони тоҷик аз ҳисоби ҳамин ҷавонҳо меафзояд…
Ин машварат қариб бист рӯз давом кард. Ва дар ин муддат адибони ҷавон доир ба адабиёт, фалсафа, эстетика, шеършиносӣ, танқиди адабӣ лекцияҳо шуниданд.Маҳз бо ташабусси Мирзо Турсунзода КМ ПК Тоҷикистон адибони ҷавонро қабул кард, фикру мулоҳизаҳои онҳоро дар хусуси кору зиндагӣ шунид.
Ба саҳнаи адабиёт қадам гузоштани ҳар як ҷавони болаёқат ба Мирзо хушнудӣ мебахшид. Дар хотир дорам: вақте ки достони «Асрор»–и Ғаффор Мирзоро муҳокима кардем, ӯ хурсандияшро пинҳон карда натавонист. Боре як шеъри Гулрухсорро ҳамроҳ мутолиа кардем. Мирзо аз хурсандӣ гул–гул шукуфт ва бо самимият гуфт:
– Боқиҷон, мана дар адабиёт на як Гулчеҳра, балки Гулрухсорҳо пайдо шуданд. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки доимо аз ҳолу аҳвол, хонишу эҷодиёти ин духтар бохабар шавед, маро огоҳ кунед.
Вай ҳар як асари хурду бузурги адабиётро дақиқназарона мутолиа мекард. Ва агар шеъри хоми ҷавонон дар газета ё журнале рӯи чопро медид; Мирзо бисёр хафа мешуд.
– Мана, Мулло Боқӣ, аз шогирдонатон ин хел шеъри суст ҳам мебарояд,– мегуфт бо хотири озурда.
Як рӯз пеш мо дар хусуси шеъри як ҷавон баҳси зиёде кардем, сурху сафед ҳам шудем. Росташ ду–се рӯз ба якдигар саломуалеки дуруст ҳам намекардем. Устод басо сахт меранҷид, дили нозук дошт… Хушбахтона, дар ҳамон рӯзҳо Мӯъминшоҳ, ки дар Унверистет мехонд, як шеърашро назди ман овард. Шеър равон, самимӣ, пухта буд. Чунон ки мегӯянд мазмуни конкретӣ дошт. Ман Мӯъминшоҳро гирифта, ба назди Мирзо даровардам. Ӯ ҳанӯз ҳам хафа буд.
– Чӣ хизмат?- пурсид аз ман.
– Ин кас шоири ҷавон Мӯъминшоҳ, – ҷавоб додам ман.
– Донишҷӯи Унверситети давлатии Тоҷикистон,. Шеъре овардааст.
Мирзо шеърро гирифта, ду–се бор мутолиа кард. Дар чеҳраи ӯ торафт осори хурсандӣ аёнтар мегашт. Вай ниҳоят табассумкунон ба ман нигариста гуфт:
– Боқиҷон, мана ин гапи дигар…
Ман гуфтам, ки ҳамин тавр бошад, маҷмӯаи шеърҳои Мӯъминшоҳро ба нашриёт тасвия кардан даркор.
Мӯъминшоҳ ниҳоят ҷавони шармгин буд. Вай базӯр ду–се калима гап гуфт ва аз дар берун шуд. Мирзоҷон гуфт, ки аз паи тартиб додани маҷмӯа шавед, ки ин ҷавон бисёр шармгин аст. Эҳтимол барои пешниҳод кардани маҷмӯааш ҷуръат накунад. Ӯро аз мадди назар дур накунед.
Бори дигар як ҷавони хароби миёнақад, ки зоҳиран хомӯшу ботинан меҷӯшид, ба назди ман шеъре овард. Ман ба сарлавҳаи шеъри ӯ нигаристам: «Ном дар санг». Ин шеърро ҳамроҳи Мирзо хондем.. Шеър баъзе нуқсонҳо дошт, вале Мирзо аз он хурсанд гашт, ки дар сухан ва тарзи баёни шоири ҷавон ҳарорату шарораи умедбахше ниҳон буд.
– Агарчанде хом аст, ин шеър мағз дорад, – гуфт Мирзо. – Аз ин бача оянда шоири хуб мебарояд.
Ин шеъри нахустини Лоиқ буд, ки дар журнали «Садои Шарқ» чоп шуд.
Аввали солҳои шастум як гурӯҳ ҷавонони навпардоз ба арсаи адабиёт қадам ниҳоданд.Болу парвоз, таровати шеъри онҳо дигар буд. Ин равия, эҳтимол, аз тарафи шоирони ҷавони Шарқ, аз ҷумла Эрон, сар зада буд. Вай дар байни мунаққидон ҳам доир ба ин равия мунозираҳои тезу тунд давом мекард.. Ҳатто як мунаққиди эронӣ навишта буд, ки навпардозӣ дар мо се ҷиҳат дорад: якумаш ёвагӯӣ (сафсатта), дуюмаш чӣ гуфтанашро худи шоир намефаҳмад, сеюмаш навпардозии ҳақиқӣ.
Мирзо Турсунзода ҳамон солҳо бисёр дар ташвиш афтод, зеро баъзе ҷавонони навпардоз рӯйрост дар шеъру ҳикояҳояшон менавиштанд, ки шоирону нависандагони кӯҳансол дар пашрафти эҷодиёти онҳо садди роҳ мешаванд. Хушбахтона, ин каҷравиҳо дер давом накарданд. Ҷавонон аз методи реализм социалистӣ дур нарафта, пайроҳаи эҷодӣ ва сухани хоси худро ёфтанд. Ва ҳар кадом бо услуби худ ба шоҳроҳи адабиёти советии тоҷик баромада, онро ғанию рангинтар гардониданд.
Баъдтар ин ҳаракати навпардозӣ ва такомули эҷодиёти ҷавонони боистеъдод басо манфиат ҳам бахшид. Турсунзода борҳо ба ман мегуфт, ки Боқиҷон, хайрият ин кӯшишҳо дар роҳи эҷодии ҷавонон самараи хубе бахшиданд. Акнун адабиёти тоҷик бо ҷавонони эҷодкораш дар доираи умумииттифоқ решаи мустаҳкам давондааст. Бовар дорам, ки онҳо бори адабиётро бар дӯши худ бардошта метавонанд.
Мирзо Турсунзодаи азиз ҳамчун устод ва ходими намоёни партиявию давлатӣ шахсияти бузург буд. Вай тамоми ҳастии худ, марому мақсади худро барои ҳарчониба инкишоф ёфтани адабиёти советӣ, равнақу ривоҷи кори эҷодии ҷавонон мебахшид.
* * *
Айёми баҳор буд. Мирзо Турсунзода соати ҳафти пагоҳӣ хонаи мо омад. Табъаш хуш буд. Гуфт, ки ба Қаратоғ меравем, шибити кӯҳӣ мечинему ҳаво мехӯрем.
Ба роҳ баромадему сабаби хурсандии Мирзоҷонро фаҳмидам. Вай повести Фазлиддин Муҳаммадиев «Дар он дунё»–ро мутолиа карда будааст. Бисёр таърифу тавсиф кард ва гуфт, ки дар адабиётамон ин тӯҳфаи арзанда аст.
– Агар дар наср монанди Фазлиддин боз панҷ–шаш нафари дигар пайдо шавад, – гуфт Мирзо, – адабиётамон монанди қуллаҳои Тоҷикистон баланд мешавад. Бояд донем, ки дар айни замон бори вазнини адабиётро наср мебардорад. Зеро назми мо анъанаҳои ҳазорсола дорад ва наср ба маънои ҳақиқияш то инқилоб набуд. Барои ҳамин устод Айниро асосгузори адабиёти советии тоҷик меномем. Ман пеш аз ҳама, бидуни шубҳа, повесту романҳои устодро дар назар дорам.
Бо дили пур аз шодиву фараҳ ба Қаратоғ расидем. Мирзо ба ман «ана ин гузари кулолӣ, ана ин гузари чармгарон, ана дар ин ҷо гузари абрбоф»– гӯён тамоми маҳалҳои пештараи Қаратоғро нишон медод… Ба пушти Қаратоғ баромада, сайру гашт кардем, шибити бисёре чидем.
– Акнун, Мулло Боқӣ, ҳоло хонаи Абдураҳим меравем, – гуфт Мирзо. – Як мулоимак (шавла) мефармоему бо ин баҳона дари тарошидаи падарамро мебинем…
Дари басо зебои кандакорӣ яке аз хонаҳои Абдураҳимро зинат медод. Дар он нақши дастони усто Турсун бо санъати хело мӯъҷиз ба чашм мерасид.
Мирзоҷон бо дӯстони кӯдакияш, ки касбу корашон гуногун буд, бо як шавқу муҳаббат дурудароз сӯҳбат кард, мазмуни асари нави Муҳаммадиевро ҳикоят намуд. Вай аз муваффақияти ҳар як адиби тоҷик сарбаланд мегашт, ифтихор мекард…
Як рӯз Мирзо маро ба наздаш ҷеғ зада гуфт:
– Мулло Боқӣ, тайёр шав, пагоҳ ба водии Вахш ҳаётомӯзӣ меравем. Шоиру нависанда бояд ҳаётро пайваста омӯзад, донад.
Моҳи июль, вақти гармӣ буд. Ман он вақтҳо ҷавонмарди чорпаҳлуи батанутӯш будам. Ба гумонам Мирзоҷон барои азоб додани банда пешакӣ тадбир андешида буд. Вақте ки ба шаҳри Қӯрғонтеппа наздик шудем, котиби комитети партиявии шаҳр ба пешвози мо баромад. Мирзою котиб аз мо дуртар истода, ба якдигар чизе гуфтанд ва ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, ба пахтазор даромадем. Аз ин қитъа ба он қитъа, аз он қитъа ба ин қитъа давр мегаштем. Обу арақ аз сару рӯямон мешорид… Аз пеш гоҳ–гоҳ сарҳавз мебаромад, дар сояи дарахтон гилему якандозҳо густурда шуда буданд, дастархонҳоро нозу неъмати фаровон оро медод. Вале Мирзо ҳамроҳи котиб аз назди сарҳавз бепарво мегузашт. Ман бошам, фарёд мезадам:
– Мирзоҷон, ҳаёт ин ҷо аст, байни пахтаро чӣ мековӣ? Ӯ қоҳ–қоҳ механдид, вале «саёҳат»–ро идома медод. Бо ҳамин минвол як рӯзи дароз дар пахтазор қадам задем. Охири охирон дар лаби сарҳавзи пахта нишаста, дар хусуси кору бори деҳқонон бо котиб сӯҳбати гарме кардем. Шаб дар меҳмонхонаи Қӯрғонтеппа мондем. Мирзо саҳар чанд мисраъ аз шеъре, ки ба котиби райком бахшида буд, хонд. Дар он шеър, заҳмат, ҷонфидоии котиби райком бахшида буд, хонд. Дар он шеър, заҳмат, ҷонфидоии котиби райком хело ҳам табиӣ тасвир шуда буд.
Мирзо Турсунзода марди сайёҳ буд. Вай саёҳатро дӯст медошт. Дили шоир аз дидани ҳар як гӯшаи Ватан, мардуми буньёдкори он шод мегашт, илҳомаш ҷӯш мезад, шеър иншо мекард.
Вай борҳо ба ман арзи дил мекард, ки Қаротегинро диданист. Ниҳоят рӯзи сафар фаро расид. Он вақт Иттифоқи нависандагон мошин ҳам надошт. Комитети Марказӣ як мошини газик дод. Мирзо раҳораҳ аз ман дар куҷо будани ағбаи Кафтаргузарро мепурсид. Дар Комсомолобод моро ботантана пешвоз гирифтанд. Ва хоҳиш карданд, ки шаби адабӣ гузаронем. Дар ин шабнишинӣ Турсунзода бештар дар бораи муваффақиятҳои адабиёти советӣ ҳарф зад. Муаллиме дар бораи эҷодиёти Мирзо сухан карда, гуфт, ки қудрати назми шоир ба андозае расидааст, ки дар деҳаи онҳо як маҷмуаи ӯро, яъне Турсунзодаро ба як гӯсфанд иваз кардаанд.
Раиси комиҷроияи Комсомолобод ба Мирзо аспе тӯҳфа кард ва гуфт, ки аспи човандозӣ аст. Турсунзода ҳам бузкаши хуб аст, метавонад бо ин асп бузро аз тӯдаҳои калон барорад.
Мирзо ташаккури зиёде гуфт, ба асп савор шуда, каме тозонд, баъд онро ба соҳибаш супурд.
Рӯзи дигар, вақте ки аз Комсомолобод мегузаштем, офтоб дар ағбаи Кафтаргузар нурпошӣ мекард. Мирзо ағбаи Кафтаргузарро бо шавқ тамошо кард. Вай ба ҳар як қулла, шоху долу дарахт ва гиёҳу рӯдҳои хурӯшони кӯҳсор бо муҳаббат менигарист.
Дар Ғарм Мирзоро ботантана пешвоз гирифтанд.Чеҳраи ӯ як ҷозибаи аҷибе дошт, ки ҳамаро ба худ мекашид, моил мекард. Ҳатто одамоне, ки борҳо Мирзоро дидаанд, омаданашро мешуниданд, дар такопӯ меафтоданд. Мирзо бо забони ҳама гап зада метавонист: бо мӯйсафеду кампир, ҷавону хурдсол…
Дар Ғарм Мулло Ҳофиз ном шоире гузашта аст. Бо хоҳиши Мирзо ба деҳаи Навобод, ки шоир он ҷо гӯронида шудааст, рафтем. Оромгоҳи муаллимонеро, ки Фузайл–махсум ваҳшиёна куштааст, зиёрат кардем. Мирзо аз ман хоҳиш кард, ки дар бораи ин шаҳидони роҳи озодӣ хотираҳо гирд оварам. Баъдтар он хотираҳо дар достони «Роҳи нури офтоб» истифода бурда шуданд.
Пас аз сафари Ғарм Турсунзода чанд шеър иншо кард, ки «Ағбаи Кафтаргузар» яке аз онҳост. Ин шеър шаҳомати кӯҳсорро васф мекунад.
Гарчи номиданд як кӯҳи туро Кафтаргузар,
Кӯҳи саркаш кафтаронро ҳам гузаргоҳе надод.
Устод Турсунзода ба ҳар ҷое сафар мекард, нияту мақсади муайян дошт ва албатта аз сафари худ асари тозае рӯи коғаз меовард.
Вай гоҳо мегуфт, ки даҳ-понздаҳ шеъри тайёр дорам, лекин вақт намеёбам, ки шинаму онҳоро нависам.
Мирзо пас аз сафари Ҳиндустон қиссаи машҳури худро навишт ва ин асар ба ӯ шӯҳрати баланд бахшид. Мунаққидон дар газетаҳои марказӣ навиштанд, ки Турсунзода бо ин қиссааш Ҳиндустони навро кашф кард.
Шеъру достонҳои аз таассуроти ин сафар эҷод кардаи шоир зуд дар байни халқ паҳн шуданд, вирди забонҳо гаштанд.
Пас аз чопи ин қисса мо чанд нафар бо роҳбарии Мирзо ба Қаратоғ рафтем. Моҳи ноябрь буд, ҳаво меборид. Соати се бо роҳбарони район мулоқоти хоссае баргузор шуд. Сӯҳбат тафсид. Ҳозирон бештар дар бораи Ҳиндустон ба Мирзо саволҳо медоданд. Котиби райкоми собиқ райони Шаҳринав Раҳматулло Аҳмадов, ки ҳоло дар Совети Вазирони Республика кор мекунад, шахси адабиёт– дӯст аст. Вай сабаби пайдоиши ҳар як шеъри Мирзо Турсунзодаро донистан мехост. Як рафиқи дигар, ки номашро зикр намекунам, ба Аҳмадов пайравӣ карда, аз Мирзо пурсид:
– Рафиқ Турсунзода, шумо «Тара–чандрӣ» ном шеъре навиштаед. Ҳамин Тара–чандрӣ чӣ маъно дорад? Об аст, хок аст, ҳаво аст, ягон балои дигар?
Ин ба Мирзо хело сахт расид, вале боз худро ором вонамуд карда, ҳикоятеро овард, ки дар мулке подшоҳе будааст аблаҳ, лекин вазири бофаросате доштааст. Рӯзе хабар мерасад, ки аз Ҳиндустон ба мулки онҳо вакилҳо меоянд. Вазир инро шунида, ба шоҳ мегӯяд:
– Шоҳо, аз рӯи русуми мулкдорӣ ту бо вакилони мӯътабар, албатта, сӯҳбат мекунӣ. Лекин дар назди меҳмонҳо ҳар гапи носазоро гуфтан ба шоҳ сазовор нест. Барои ҳамин як илтимос дорам: ман дар пои Шумо ришта мебандам. Ва ҳамин ки гапатон беҷо рафт, риштаро мекашаму шумо гапзаниро бас кунед. Шоҳ розӣ шуд. Вакилҳо омаданд. Сӯҳбат оғоз ёфт.
– Истед, ки шумо аз куҷо омадед? – пурсид шоҳ.
– Аз Ҳиндустон.
– Ҳа, Ҳиндустон чӣ хел аст?
– Нағз.
– Мегӯянд, ки дар ватани шумо пиразанҳои фартут бисёранд, ҳамтур?
– Ҳа, ҳамин хел…
Вазир бетоқатона риштаро мекашад ва мегӯяд, ки шоҳам, ба ин суханашон гуфтанианд, ки файзу баракати мулки шумо беинтиҳост, мардумони шумо умрдарозанд…
– Падарлаънат, гапам дурурст бошад, чаро риштаро кашидӣ? – бо ғазаб мегӯяд шоҳ.
Мирзо бо нақли ин ҳикоят ба саволи беҷои он пурсанда ҷавоб дод.
Баъд мо бархеста ба Қаратоғ, зодгоҳи шоир раҳсипор шудем. Ҳанӯз ҳам борон меборид. Ҳаво сард буд… Дар роҳ мошинамон дар даруни дарё монд. Шофир як марди хурдҷуссаи лоғар буд. Умеди мошинро аз об баровардан набуд, лекин худамон бояд мебаромадем, вале об сард буд. Бо донаҳои гӯгирд қуръапартоӣ кардем. Ҳама яктоӣ гирифтанд ва ман бохтам. Онҳоро ба соҳил баровардан насиби банда гашт. Тани бараҳна ба оби ях барин хунук, ки аз миён боло мебаромад, даромада, онҳоро пуштора карда ба соҳил гузаронидам… Дар шаби торики боронӣ роҳ рафтан басо душвор буд. Ман «ба умеди Тара–чандрӣ зиёфату хонаи гармро монда, омада ба ин азоб гирифтор шудем», – гӯён алами Мирзоро тоза мекардам. Ниҳоят ба сарбанди об расидем. Дар баландӣ нури хираи чароғе ба чашм мерасид. Аз пастӣ фарёд задем. Марди ҳамроҳи духтарчае омада, кӣ будани моро пурсид. Шинос шудем. Абдуҷамил ном доштааст. Ман аз ӯ пурсидам, ки Мирзо Турсунзодаро мешиносад.
– Албатта, – ҷавоб дод ӯ,– мо бо ҳам гаштаем, ҳамшаҳрем…
Аз духтарча ҳам, ки Ҷамила ном доштааст ва мактабхон будааст, пурсидам, ки оё ягон бор Турсунзодаро дидааст, мешиносад?
– Ҳа, дидаам, сураташон дар китоби хониш ҳаст, – ҷавоб дод духтарча.
– Акнун, Ҷамилаҷон, биёву худашонро дар даруни лой бин, – гуфтам ба ӯ.
Абдуҷамил марди хубе будааст. Вай дар сари чӯбе машъал афрӯхта, то Қаратоғ роҳбалади мо шуд.
Дар Қаратоғ тамоми ёру дӯстони Турсунзода дарҳол ҷамъ омаданд, моро ба чойхона бурданд. Чӣ шабнишинии олиҷанобе баргузор шуд. То соати панҷ шеър хондем, ҳазлу шӯхӣ кардему хандидем. Дар охир ҳамсинфи Мирзо усто Саиди кулолгар ба мо табақ тӯҳфа кард. Вай дар табақи хоссае аз шеъри «Тара–чандрӣ» ду мисраъро басо зебо кандакорӣ карда, баланд–баланд хонду онро ба Мирзо бахшид.
Ба ман бисёрҳо насиб шудааст, ки ҳамроҳи Мирзо берун аз республика ҳам сафар кунам. Боре, хушбахтона, бандаро ҳам вакили анҷумани дуюми нависандагони СССР интихоб карданд. Иштирок дар чунин ҷамъомади бузург, ки мактаби олии кӯтоҳмуддати адабиёт аст, бешубҳа ҷаҳонбинии маро васеътар кард.
Мирзо Турсунзода дар ин анҷуман баромад карда, дар бораи масъалаҳои тараққиёти минбаъдаи адабиёти республикаҳои советӣ сухан ронд. Ва Михаил Шолоховро каме танқид кард. Гуфтанд, ки устод Шолохов барои сабзиши кадрҳои соҳаи насри адабиётҳои миллӣ кам машғул мешавад.
Маҳз ба воситаи ӯ мо ба адибони номӣ Фадеев, Твардовский, Тихонов, Симонов, Собольев, Сурков ва дигарон аз наздик шинос шудем. Ҳамин ки ба адибони номдор вомехӯрдем, Мирзо бо ҳазлу мутоиба маро шинос мекард. Онҳо аз лаҳни хуш, нақлҳои намакини Турсунзода ҳаловат мебурданд, мезавқиданд.
Пас аз съезд Мирзо моро ба нашриёти «Художественная литература» бурд ва китоби маро ба чоп тавсия кард.
Як бегоҳ Мирзо маро ба наздаш (мо меҳмонхонаи «Москва» зиндагӣ мекардем) даъват кард ва гуфт:
– Мулло Боқӣ, съездро бомуваффақият гузаронидем, бисёр асарҳои шоирони классик ва муосирро барои чоп тавсия карданд. Акнун туро ба курорт мебарам. Ҳа, дар ин ҷо олами маънавият бой шуд, акнун туро бурда ҷисман парвариш мекунам.
Ман то он вақт ягон бор курорт нарафта будам. Аз ин ҷиҳат дудила шудам ва ба Мирзо гуфтам:
– Дар хона бачаҳо танҳоанд…
– Парво накун, – гуфт Мирзо, – Ман ба Сабоҳатхон телефон карда мегӯям, ки ба курорт рафтани шуморо ба оилаатон хабар диҳанд.
Ман боз набудани путёвкаро баҳона кардам, аммо вай даст афшонду «ин тарафаш ба зиммаи худам» гуфт. Чӣ чора? Розӣ шудам.
Рӯзи дигар путёвка ёфт шуд. Вале аз назари духтурон гузаштан лозим омад. Ба ҳар даре, ки мерафтем, аввал Мирзо медаромаду баъд ман. Духтури якум аз ман пурсид, ки аз саломатият шикояте дорӣ? Ман чӣ ҷавоб доданамро надонистам. Охир, он вақт ягон касал надоштам.
– Рафиқам, ки ҳоло аз назди Шумо баромад, – гуфтам ба ӯ, – чӣ дард дошта бошад, ман ҳам..
Ҳамин тариқ ҳамаи духтурҳо дарди моро як хел навиштанд. Вале духтури охирин бағоят ба ҳайрат афтод ва гуфт:
– О бародарҳо, солҳо боз духтурам, лекин ду шахси касалашон якхеларо бори аввал мебинам, – ӯ хандон–хандон илова кард: – Эҳтимол, якҷоя курорт рафтанӣ ҳастед…
Мо ба курорти Пятигорск рафтем.
Истироҳати мо бад набуд. Ҷойҳои таърихӣ, музеи Лермонтов, Кӯҳи маъшуқро зиёрат кардем.
Як бегоҳ ҳангоми саёҳат зане Мирзоро дошт. Вай муаллима будааст, тамоми шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»–ро медонистаасту Мирзоро аз чеҳрааш шинохтааст. Ҳамин тавр тамоми истироҳаткунандагон ба дидани Мирзо ҳусни таваҷҷӯҳ пайдо карданд, ва бо исрори онҳо дар музей–хонаи Лермонтов шаби эҷодии Турсунзода барпо гардид.
Моҳтобшаб буд. Базм торафт пуршукӯҳ мегашт. Худаш шеър мехонду дигарон. Дар охир вай чанд нусха китоб ва сураташро дар музеи Лермонтов ёдгор гузошт ва ваъда дод, ки баъди бозгашт шеърҳои Лермонтовро тарҷума ва чоп хоҳем кард.
Лекин истироҳат нисф нашуда, боре мошини махсусе омаду Мирзоро бурд. Вай ҳангоми чизҳояшро ба ҷомадон ҷо ба ҷо кардан худашро ҷиддӣ гирифта гуфт:
– Хайр, Боқиҷон, то боздид…
Ман музтарибҳолона болои сари ӯ рост истода, пайваста мепурсидам:
– Худаш чӣ гап, Мирзоҷон? Куҷо меравӣ?
– Худам ҳам намедонам… Тинҷ истироҳат карданӣ будем, нашуд.
Мирзо рафт, вале ҳоли ман хароб гашт. Диламро гургон тала мекарданд, чӣ андешаҳое, аз сарам намегузашт. Хушбахтона, як бегоҳ боз ҳамон мошини сабукрав дар истироҳатгоҳи мо пайдо гашт ва ҷомадон дар даст, чеҳрааш хандону шукуфон дарро кушода, Мирзои азиз баромад. Мо гӯё солҳо боз интизори ҳамин лаҳза будем, якдигарро ба оғӯш кашидем. Ман аз ӯ пурсидам:
– О тинҷ ҳастӣ? Куҷо бурданат? Дилам қариб торс мекафид…
Ӯ завқкунон ба тарзи хоси худ хандид ва гуфт, ки ба як маҷлиси фавқулодда бурданд. Ҳамааш ба некӣ анҷом ёфт. Сонитар ҳамаашро худат муфассал мефаҳмӣ…
* * *
Як бегоҳ Турсунзода маро ба хонааш даъват кард. Рафтам. Гуфт, ки ҳозир аз Комитети Марказӣ омадам. Супориш ҳамин: бояд ба водии Вахш равем. Колхозҳои нав, заминҳои нав, одамони меҳнатқарини ин водии зарнисорро бояд ба чашми эҷодӣ бинем. Ҳамчунин дар бораи анъана ва урфу одатҳои зараргори замони кӯҳна, ки ҳоло ҳам дар байни мардум вуҷуд доранд, муборизаро аввал мо, нависандагон сар кунем.
Ҷалол Икромӣ ҳам бо мо шарик буд. Дар Қӯрғонтеппа бегоҳӣ бо коргарону хизматчиёни район як вохӯрии нағзи адабӣ гузашт. Мирзо дар хусуси сафарҳояш дар хориҷа нақлҳои аҷоибу ғароибе кард. Ӯ ҳикоят кард, ки дар сарҳади Покистон онҳоро боз медоранд. Вале вақте ки як сарҳадбон ӯро мешиносад, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷад. Ва ба хотири Мирзо рухсат медиҳад, ки дар кулбаи сарҳадбонҳо онҳо панҷоҳсолагии шоири маъруфи рус Николай Тихоновро қайд кунанд. Ҳамчунин ӯ дар бораи бенавоӣ ва бачагони гуруснаи Покистон бо дард сухан ронд.
Рӯзи дигар мо ба сӯи Колхозобод роҳӣ шудем. Дар роҳ як коргари оддии ГАИ мошинамонро боздошт. Мирзо ҳар хел хуҷҷат нишон дод, вале ӯ қабул накард.
– Ба ман барои гузаштан «рухсатнома» даркор, медонӣ, – бо исрор мегуфт ӯ.
Ман дидам, ки авзои Мирзо беҷо шуд, дар ҷабинаш чинҳо пайдо гашт. Гуфтам, ки Мирзо, иҷозат деҳ, бо ин кас ман гапзанон кунам. Розӣ шуд.
– Эй ҷӯраи ГАИ, – гуфтам ба ӯ, – барои ту гузарнома лозим аст? Марҳамат! – Аз кисаам рухсатномаи ошхонаи ҳукуматиро баровардам, ки дар муқовааш «Пропуск» навишта шуда буд. Вай дархол қоматашро рост гирифт ва даст бар чакка бурда «Ана, ин гапи дигар, марҳамат, гузаред» гуфт. Аз дарвоза гузаштан баробар ба Мирзо гуфтам:
– Ҷӯра, ту шӯҳрати байналхалқӣ дорӣ, мо шӯҳрати маҳаллӣ. Корманди ГАИ, ки маҳаллӣ аст, гапи моро ба замин намонд…
Турсунзода ҳамчун муборизи оташинсухан дар тамоми олам машҳур аст ва дар дилҳо ҷой дорад. Вай дар анҷуманҳои бузурги дунё ҳамчун ҳомии матиниродаи сулҳ баромад мекард, ба даҳони душманони сохти мо санг мезад.
Ба хаёлам боре дар Кипр маҷлиси байналхалқӣ мегузаштааст, ки дар он намояндагони Хитой низ ширкат доштаанд. Онҳо дар бораи тарзи зиндагии халқ ва Ватани мо бо ғазаб сӯханҳои таҳқиромез гуфтаанд. Рӯзи дигар Мирзо чунон баромади бомаънӣ мекунад, ки онҳо аз шарм маҷлисгоҳро тарк мекунанд.
Нависандаи машҳури Озарбойҷон Мирзо Иброҳим ба ман чунин нақл кард: ба анҷумане, ки дар Лондон мегузашт, рафтанамон лозим шуд. Ҳукумати Англия ба ҳама иҷозатнома дод, вале ба Мирзо не. Саркардагони англис на танҳо аз асарҳои шоир, балки аз номи ӯ ибо карданд.
Ман ин суханҳоро шунида, бо ифтихор як сухани шоири машҳури советӣ Эдуардас Межелайтисро дар ҳаққи дӯстам ба ёд овадам. «Дар партави шеъри Мирзо Турсунзода мо Шарқи советиро мешиносем. Ин одам як ҷозибаи шахсӣ ҳам дорад».
Нависандаи машҳури араб Юсуф – ас– сиббоӣ боре ба Душанбе омад. Мирзо ӯро меҳмондорӣ кард. Вай дар бораи Мирзо бо ҳазл гапи аҷибе гуфта буд.
– Пеш барои осон шудани мушкил одамон ба Каъбаи Шариф сафар мекарданд. Ҳоло мо, арабҳо, ба Москва, ба тарафи Мирзо муроҷиат карда, кушоиши кор мехоҳем. Номи Мирзои шумо дар байни мардуми мо як рамзи ғалаба аст.
Дар хонадони ин марди шариф бисёр одамони бомаърифат ва бузург меҳмон шудаанд.
Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмади Файз, ки дар достони «Ҷони ширин» – и Мирзо Турсунзода зикр шудааст, ба ҷашни ҳазораи устод Рӯдакӣ омад буд. Ӯро Мирзо ба меҳмонӣ қабул кард. Файз дар гирди дастархон чанд шеъреро аз «Қиссаи Ҳиндустон» хонд. Ва гуфт, ки ҳар кадоми ин шеърҳо барои олами Шарқ эъҷоз аст. Агар сулҳро дар шакли ягон чиз тасаввур кунем, бевосита дар осмони беканори он Мирзоро мебинед, ки монади кабӯтар болупар мезанад…
Дар охири сӯҳбат Мирзо ба Файз Аҳмади Файз ҷомаву тоқӣ пӯшонд ва якчанд китоби худро тӯҳфа кард.
* * *
Фасли тирамоҳ буд. Дар ҳама ҷо овозаи сохтмони ГЭС–и Норак мерафт. Мирзо Турсунзода ману Миршакар ва Фотеҳ Ниёзиро гирифта, ба сафари Норак баромад. Норак ҳамон Нораки қадима буд. Роҳ танг, хонаҳои пасти гилӣ. Мо аз тангнои Пули Сангин гузашта, ба Тутқавул рафтем, ба деҳқонҳо дар бораи ин макон, ояндаи дурахшони он сӯҳбат оростем. Одамони оддӣ дар бораи Пули Сангин қиссаю ривоятҳо мегуфтанд.
– Мулло Боқӣ, гуш кун, – мегуфт Мирзо, – ГЭС–и Норак бунёд шавад, симои Точикистонро дигар мекунад. Агар ин ҷо баҳр шавад, дар соҳилаш дар сари як баландӣ барои нависандаҳо истироҳатгоҳ месозем.
Он чизеро, ки дар ин сафар дидему шунидем, дар достони «Роҳи Нури Офтоб», ки якҷоя навиштем, истифода бурдаем.
Пеш дар бораи ҷашни республика шоиру нависандагон ба меҳнатакашон мактуби кушод менавиштвнд. Рузе Мирзо гуфт, ки ҳамин анъанаро мешиканем. Миёнро маҳкам бандед, ҳамроҳ як достон менависем.
Барои эҷоди ин достон ба бисёр гӯшаю канорҳои республика сафар кардем. Дар ин достон бобест, ки «Коммунист» ном дорад. Барои офаридани ана ҳамин боб лаҳзаҳое лозим шуд, ки коммунист бо тамоми ҳастияш барҷаста тасвир ёбад. Чанд муддат дар ин бора ҳамроҳ фикр кардем, лекин чандон муроде ҳосил нашуд. Ниҳоят боре ҳамроҳи рафиқ Ҷаббор Расулов ба «Бешаи палангон» рафтем. Ин ҷо бисёр зебо ва аҷоиб аст. Мо хостем, ки бо чашми худ рафтору кирдори роҳбаронро дар ҷӯшу хурӯши ҳаёт бубинем. Воқеан, бисёр вақт мо, адибон, ба ҳаёт аз нуқтаи назари бадеият назар меафканем. Роҳбарони асил бошанд, ба зиндагӣ аз нуқтаи назари моддию маънавӣ, аниқтараш, иқтисодӣ нигоҳ мекунанд.
Дар роҳ рафиқ Расулов ҳикояти аҷибе кард. Вай, ҳамчун агроном, солҳо боз барои кушодани заминҳои водии Вахш иштирок карда, барои инкишофи пахтакорӣ саҳми босазое гузоштааст.
– Падарам косиб буд, – гуфт Ҷаббор Расулов, – Як мӯзаи нимдошт ва як ҷуфт гов дошт. Солҳо гузаштанд. Хондам, соҳиби кору вазифа шудам. Як бор ба хона рафтам ва дидам, ки ҳамон мӯзаҳои кӯҳнаи лахт–лахт ҳанӯз ҳам дар шифти хонаи хобаш овезонанд. «Дадо, ин мӯзаҳои дарида дигар чӣ даркоранд?» – пурсидам аз падарам. Он кас хаёломез ҷавоб доданд:
– Ёде аз ҳамон солҳо ва аз гузаштаи мо…
Мирзо пас аз шунидани ин ҳикоя ба ваҷд омад ва гуфт, ки мулло Боқӣ, ана гиреҳи ин муаммо кушода шуд. Ана образ !
Ҳамон боби «Коммунист» дар газетаи «Известия» чоп шуда буд.
* * *
Тобистоне устод Мирзо Турсунзода моро, яъне ман, Ғаффор Мирзо, Пӯлод Толисро ба саёҳати водии Зарафшон бурданд. Он вақт мақбараи устод Рӯдакӣ ҳанӯз нообод буд. Ба хаёлам, баъди ин сафар Мирзо масъалаи ободонии мақбараи устоди бузурги назм Рӯдакиро назди ташкилотҳои болоӣ гузошт.
Обу ҳавои Панҷрӯд бо зебоияш моро мафтун кард. Дараи Булбулон дар дидаи мо як умр нақш баст. Мо дар қадамгоҳи устод сайр карда, бо пирони барнодил ва закитабъи он макон сӯҳбат оростем. Дар Панҷрӯд суфасанги калоне ҳаст. Пирамардон ривоят карданд, ки ҳангоми чанг навохтани Рӯдакиии бузургвор чил духтар рӯи ҳамин санг ба рақс мебаромадаанд.
Он вақт пои Мирзо дард мекард. Мо, тансиҳатҳо, нисфирӯзӣ дар оби зулоли Панҷрӯд оббозӣ кардем. Мирзо ҳам «дар ин рӯд ҳазрати Рӯдакӣ оббозӣ кардааст»– гуфта ба об даромад.
Баъди ин сафар лаҳзаи ғамангезе фаро расид. Дарди пои Мирзо хурӯҷ кард, ӯ касали сахте шуд.Ҳеҷ аз ёдам намеравад, вақте ки ӯро рӯи замбар бардошта, ба ҳавопаймо мебароварданд, дар чашмаш ашк ҳалқа заду гуфт:
– Мулло Боқӣ, аз ҳоли бачаҳо бохабар шавед. Ӯ пас аз чанде сиҳат шуда, ба хона баргаштан замон маро ҷеғ зад ва табассумкунон гуфт:
– Мулло Боқӣ, бо як тир ду нишон задем. – Вай як даста шеърҳои навашро ба ман нишон доду илова кард: – Шеърҳои тоза ! Ҳангоми табобати поям фариштаи илҳом мадад расонду инҳо ва саломатиямро барои шумо савғо овардам…
Шеърҳои хеле самимӣ, пуробутоб буданд. Ва пас аз чоп зеби барномаи ҳофизону саҳна шуданд.
* * *
Ҳар рӯзи зиндагии ин марди наҷиб аҷиб ва ғариб буд. Боре ӯ даст ба лаб ниҳода ба андеша фурӯ рафта буд. Ман гумон кардам, ки саргарми хаёли шеъри нав аст. Шояд ҳамин тавр ҳам буд. Вале ӯ дарҳол сар бардошта, гуфт:
– Мулло Боқӣ, бисёриҳо Тоҷикистонро бо номи Помир мешиносанд. Дар ҳақиқат Помирро надидан барои мову шумо айб аст…
Се тан: Мирзо, Миршакар ва ман ба сафари Бадахшон баромадем. Роҳи мо тӯлонӣ буд. Як шаб дар Ош хоб кардем. Баъд дашти Олой, Булункӯл, ағбаи Оқбайталро, ки аз сатҳи баҳр панҷ ҳазор метр баланд аст, пушти сар карда, ба Мурғоб расидем. Дар он ҷо бо меҳнаткашон вохӯрӣ гузаронида, говмешҳоро тамошо кардем… Ба Хоруғ рафтем.
Ин сафар бисёр ҳам фаромӯшнашуданӣ буд. Зеро ҳама чиз ба чашм мерасид. Шукӯҳу шаҳомати кӯҳсор дар дида абадан нақш мебаст. Ҳамон вақтҳо ман бо номи «Қиссаи кӯҳсор» достоне менавиштам. Мирзо ҳам дар васфи Бадахшон шеърҳои зиёд навишт.
Дар Бадахшон шабонгаҳ осмон хело ҳам наздик, софу пурситора ба чашм мерасид. Мирзо ҳангоми сайри шабонгаҳ ба шавқ омада ин мисраъро гуфт:
Бо маҳ шудам ҳамоғӯш, бо осмон гулӯгир…
– Мулло Боқӣ, ин сафарамон нағз шуду, лекин якмоҳа меоем, тамоми гӯшаю канорҳои Помирро тамошо мекунем, – гуфт Мирзо.
Вай аз Помир ба воситаи ҳавопаймо ба Душанбе омад. Ману Миршакар бо мошин гӯё гирди оламро давр гашта, ба Душанбе расидем. Мирзо дар бораи Бадахшон достоне навиштанӣ буд. Ҳатто пешакӣ номашро «Боми ҷаҳон» номида буд.
* * *
Солҳои 1947–1948 бо сардории Мирзо як гурӯҳ нависандаҳо бо роҳи Термезу Самарқанд ба вилояти Ленинобод сафар кардем. Дар чойхонаи Шаҳрисабз хостем каме дам гирем, як пиёлагӣ чой нӯшем. Ба чойхона даромадан замон яке аз одамони таҳҷоӣ ба ман муроҷиат карда гуфт, ки ба гумонам яке аз шумо Турсунзода ҳастед. Мо ҳанӯз ба ӯ ҷавоб надода, ӯ аз ман, ки аз ҳама бузургҷусса будам, пурсид.
– Домулло, магар шумо Турсунзода нестед?
Аввало ният кардам, ки «ҳа, манам» гӯям. Лекин барои он ки шарм надорад, дар китфи устод зада, «ана ин шахс Турсунзода» гуфтам. Он шахс бо ду дасти адаб дар пойгоҳи чойхона истода гуфт:
– Шоири мӯҳтарам, агар як сари қадам ба ҳавлии мо рафта, як пиёла чоямонро менӯшидед, сарамон ба осмон мерасид. Аҳли оилаи мо шуморо ба воситаи асарҳоятон кайҳо боз мешиносанд, орзӯи диданатонро доранд. Ҳатто як писарамонро бо мурод Мирзо ном мондаем.
Ин таклиф ба ҳамаамон хуш омад. Мо дар хонаи марди шаҳрисабзӣ меҳмон шудем. Ӯ дастархони зиёфат кушод ва мо то дергоҳ сӯҳбат кардем.
Дар тӯлу арзи ин роҳ дар бисёр ҷойҳо бо одамон вохӯрда, аз инкишофи адабиёти советии тоҷик, бузургии устод Айнӣ ҳамчун поягузори илму адаб ҳарф задем.
Дар Ленинобод одамон бо хушнудии беинтиҳо Мирзоро пешвоз гирифтанд. Ҳоло ҳамон манзара аз пеши назарам дур намешавад. Дар Мастчоҳи нав шаби адабӣ баргузор шуд. Одамони ин ҷо акнун аз кӯҳсор хамида, даштҳои ташналаби Дилварзинро обод мекарданд ва аз рӯи таомули қадима ҳанӯз ҳам одамони як деҳа ба деҳаи дигар духтар намедодаанд.
Мирзо инро шуниду ба ман гуфт:
– Мулло Боқӣ, ҷояш омад, дар бораи расму оинҳои нав як баромад мекунед.
Аввал Раҳим Ҷалил дар бораи меҳмондӯстӣ, садоқату вафодории мастчоҳиён сухан ронд. «Ин одамон шоистаи роману достонҳоянд»– гуфт Раҳим Ҷалил.
Навбати баромад ба ман расид. Бо ҳазл гуфтам, ки Қаротегину Мастчоҳро ағбаи Оббурдан аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Борҳо кӯшидам, ки аз ағба гузашта, аз духтарҳои зебои Мастчоҳ оиладор шавам. Вале «ба қаротегинӣ духтар намедиҳем» гуфтанд. Ман акнун худам се духтари нозанин дорам. Агар ҷавонҳои шумо аз конкурс гузаранд, духтарҳоямро бе қалин медиҳам.
Мирзо ниҳоят шод гашт.
– Мулло Боқӣ рост мегӯянд. Лекин шартҳои конкурсро худам муайян мекунам, – гуфт вай.
Баъд моро ба Конибодом даъват карданд. Шабнишинӣ дар боғи маданият баргузор шуд. Лекин аз чӣ бошад, чароғи электр набуд ва боғ ҳам ифлос. Димоғи Мирзо бисёр сӯхт. Вай ба роҳбарони район гилагузорӣ ҳам кард. Аммо шабнишиниро бо суханони гарм, дилнишин, бо шеърхонӣ ба поён расонд, одамонро мафтун кард.
Шабнишинии дар Исфара баргузор шуда хело ҳам аҷиб буд. Устод Турсунзода он ҷо дар бораи шоир Сайфи Исфарангӣ суханҳои хубе гуфт ва таклиф ҳам кард, ки кӯчаеро ба номи ӯ гузорад. Агар табъи устод хуш мебуд, ҳазлу шӯхии зиёд мекард. Он шаб ҳам, ки бисёр шод буд, бо ҳазл гуфт:
– Исфара – истгоҳи париҳо. Лекин Мулло Боқӣ дев барин… Ҳамроҳи мо дар байни париҳо чӣ кор мекарда бошанд?
Ман бадеҳатан ҷавоб додам, ки афташ Мирзоҷон мақоли машҳури «Ҳар ҷо ки паривашест, деве бо ӯст»–ро фаромӯш кардаед.
Хуб хандид.
Дар Шӯроб баъди вохӯрӣ ба ману Мирзо номи шахтиёри фахрӣ доданд. Мо бо сару либоси шахтиёрӣ сурат ҳам гирифтаем, ки хотираи некест.
Пас аз сайру саёҳатҳо ба Ленинобод омадем.
Дар Ленинобод базми боҳашамати назм барпо шуд.Мирзо шеърҳои зиёде хонд ва дар бораи гузоштани ҳайкали шоири ширинкалом Камол Хуҷандӣ ва фарзанди вафодори халқи тоҷик Темурмалик таклифҳо ба миён гузошт.
Ленинободиҳо ба Мирзо ҳамчун домоди арзанда ва хизматнишондода, сарупо пӯшониданд. Раиси комиҷроияи шаҳр ба вай калиди як хонаи истиқоматиро супурд ва гуфт, ки ин тӯҳфаест аз тарафи сокинони шаҳр ба шумо.
Ҳоло бо ташаббуси комиҷроияи шаҳр ҳамон хона ба музеи Турсунзода табдил дода шудааст…
Мирзо акнун нияти навиштани достони «Ҳасани аробакаш»–ро дошт. Вай рӯзе маро дар мошинаш савор карда, саройи аробаҳо, роҳҳои бо аробаи Ҳасан тайкардаашро нишон дод. Мо қариби Термез рафтем. Вай дар бораи қиёфаи Ҳасани аробакаш хело муфассал нақл кард. Мирзо дар куҷо истодан, бо Иван Кузьмич шиносу ҳамсӯҳбат шудан, дар Қаратоғ бо ҳамдиёрон хайрухуш карданашро бо як муҳаббати бепоёне нақл намуд.
Ман аз Мирзо пурсидам, ки баъд ягон бор Ҳасанро дидӣ ё не?
Мирзо гуфт:
– Як саҳар аз хонаам, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе буд, баромадам. Чашмам ба марде афтод. Вай дар он тарафи роҳ меистод. Чеҳрааш шинос… Ҳасан буд, дар тан ҷомаи урганчӣ дошту дар даст қамчин. Ҳасан магар нигоҳи маро пай бурд, ки садо дод.
– Чаро ин қадар нигоҳ мекунӣ? Магар нашинохтӣ? Ман Ҳасани аробакашам. – Ӯ хосса табассуме карду гапашро давом дод. – Раҳмат. Ҳикоятона хондам. Хеле шод гаштам. Лекин, аз афти кор, баъзе ҷойҳояшро аз худатон бофтаед.
– Маъқул шуда бошад, нағз. Агар меҳнати ҳамонвақтаи аспу аробаи шуморо тасвир карда тавониста бошам. хело хуб шудааст.
– Садаф ҳам ба ту раҳмат гуфт. Соҳиби се–чор бача шудааст, – гуфт Ҳасан ва илова кард:– Замони аспу ароба гузашт. Хондам, ронанда шудам… Ҳозир ба куҷое хоҳӣ, бо ароба не, бо мошин мебарам.
– О дар даст қамчин дорӣ–ку.
– Ҳа, ин аз рӯи одат, – ҳиҷолатомез гуфт Ҳасан.
Ман аз ин боздид хеле шод гаштам. Ҳасанро ба меҳмонӣ таклиф кардам. Ӯ ба хона надаромад. Ваъда дод, ки бо аҳли оилааш ба меҳмонӣ меояд, лекин дигар ӯро надидам.
Мирзо каме хомӯш монд. Вай бо ангушташ лабашро молида, ба андеша фурӯ рафт, баъд табассумкунон ба гап даромад.
– Баъзан, Мулло Боқӣ, ин чапанҳо одамони содиқу нағз мебароянд, ҳеҷ гоҳ дар садоқат хиёнат намекунанд. Як саргузаштамро ман ба шумо мегӯям. Солҳо хеле пурошӯб буданд. Муборизаи синфӣ давом дошт. Ана ҳамон вақт, ман аз дасти рафиқони қалбакӣ, ба ном аъзои комсомол, тозиёнаҳои пуроб хурдам, дар вазъияти нобоб афтодам. Аз ҳама аламовар ин буд, ки ман яккаю танҳо будам. Ҳа, то аз имтиҳони ҷиддӣ гузаштан хело азоб кашидам. Бар замми ин ба касалии тиф гирифтор шудам. Касе набуд, ки ба ман як пиёла об диҳад, бисёр рафиқон аз ман рӯ гардониданд…
Як вақтҳо бо Каримҷон ном ҷавоне дар чойхонаи Сариосиё шинос шуда будам. Ана ҳамон рӯзҳои мушкил Каримҷон аз касе бемории маро шунида, ба хона омад. Ба хаёлам, ҳолати ман бисёр вазнин буд, ки ӯ фойтун ҷеғ зада, маро ба хонааш бурд, қариб се моҳ нигоҳубин кард. Хулоса, аз меҳру шафқати ин одами наҷиб сиҳат шудам.
Солҳо гузаштанд, ба ин рӯзҳо расидем. Орзу мекардам, ки боре Каримҷонро ёбаму ба некияш ҷавоби сазоворе бигӯям. Як бор ба ӯ рӯбарӯ шудам. Вале асӯс, ки ба ман муяссар нагашт, меҳмонаш кунам. Ман доимо ӯро ҷустуҷӯ мекунам, вале намеёбам… Мулло Боқӣ, инсон бисёр як махлуқи мураккаб аст. Барои ҳамин ҳам Саъдии бузург гуфтааст:
Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард,
Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум.
Вале зи ботинаш эмин мабошу ғарра машав,
Ки хубси нафс нагардад ба солҳо маълум.

Дар ҳақиқат одам тухми мурғ нест, ки дар шӯълаи офтоб дореду покии ботинашро бинед… Росташ рафиқони ҷонӣ ниҳоят кам мешаванд.
* * *
Боре бегоҳӣ Мирзо маро ба хона даъват кард. Омадам, ӯ бо хотири парешон гуфт, ки ҳамсарашро ба таваллудхона фиристодааст. Аввали баҳор буд. Бо ҳам таоми шом хӯрдем. Вай таклиф кард, ки ба сайри талу теппаҳои Душабе бароем. Шаби зебое буд. Осмон софу пурситора. Моҳи шаби чаҳордаҳ аз паси қуллаҳо баромада, шаъшаапошӣ мекард. Бӯи замин, гулу гиёҳ ба машом мерасид. Дер гоҳ рӯрӯи талу теппаҳо сайр кардем, аз ҳар хусус ҳарф задем. Ва ҳангоми саёҳат аз рӯи таҷриба ба ҳолати Мирзо пай бурдам, ки дар сар андешае мепарварад. Аз афташ, ӯ бо ман гап мезаду дар бораи мавзуе фикр мекард. Болои баландие, ки аз он тамоми Душанбе менамуд. Мирзо рост истода гуфт:
– Мулло Боқӣ, бубин чӣ тавр як деҳаи хурдакаки Душанбе ба як шаҳри нозанину чароғон бадал шудааст… Дарак дорӣ? Пагоҳ ё пасфардо устод Айнӣ аз Самарқанд ба ин ҷо меоянд. Шояз аз қудуми ин шахси хирадманддар хонаи мо меҳмони нав ба дунё ояд.
Мирзо ҳамчунон хаёломез хомӯш монд.
Он вақт дар байни нависандагон як чиз расм шуда буд: агар устод Айнӣ ё Лоҳутӣ аз ягон ҷо ба Душанбе меомаданд, албатта, ҳамаи адибон ба пешвози онҳо мебаромаданд. Рӯз бошад, то шаб, шаб бошад, то рӯз, то омадани қатора мушоира, байтбарак, ҳикояхонӣ карда менишастанд. Ман дар бораи пешвозгирии устод Айнӣ фикр мекардам, ки боз овози латифи Мирзо ба гӯшам расид.
– Бисёр хуб шуд. ки устод меоянд. Номи фарзанди навро бо он кас маслиҳат мекунем… Мулло Боқӣ, ман кайҳо боз як чизро фикр мекунам. Ба хаёлам, ин мавзӯъ, ки ҳол пазонда истодаам, бозъёфти хубест…
Яъне ба Душанбе омадани пири хираманд устод Айнӣ ва тавлиди тифл дар фасли баҳор.
Шабе ки то саҳар бедор будам,
Мушавваш, тангдил ночор будам.
Чаро ки доштам уммедворӣ
Ба сӯи роҳ чашми интизорӣ…
Ин оғози достони машҳури Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ» буд. Ин шаб, вақте ки субҳ дамид ва нонвойхонаҳои шаҳр ба кор даромаданд, мо аз болои теппа хамида, якчанд нони гарм гирифтему ба хонаи домулло Деҳотӣ рафтем. Деҳотӣ, ки шахси сӯҳбаторо ва дасткушод буд, моро шодона дар рӯи ҳавлияш пешвоз гирифт. Сӯҳбати хоссае барпо шуд. Дар охир нақшаи чи гуна пешвоз гирифтани устод Айниро бо Деҳотӣ маслиҳат кардем.
Устод Айниро ботантана пешвоз гирифтем. Вай аз хушхабари соҳиби писар шудани Мирзо хело шод гашт ва номи барои тифл ёфтаи ӯро писандид.
– Парвиз номи хуб аст, – гуфт устод Айнӣ.
* * *
Ҳафтаи адабиёти халқи тоҷик дар РСФСР дар пойтахти Доғистон Махачқалъа кушода шуд. Дар ин сафар Мӯъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ ва дигарон иштирок доштанд. Базм хело ҳам пуртантана гузашт. Рӯзи дигар ба ду гурӯҳ ҷудо шудем. Як гурӯҳ ба Дарбанд ва гурӯҳи дигар ба зодгоҳи Расул Ғамзатов Хунзах сафар кардем.
Дар Хунзах моро бо як анъанаи хоси халқӣ истиқбол гирифтанд. Зану мард гирд истода, даф мезаданд. Раққосон дар даст асо доштанд. Ва касеро ба рақс таклиф карданӣ шаванд, бо асо ба китфи росташ оҳиста мезаданд.
Расул, ба хаёлам, духтарони зебои раққосро фармуда буд, ки бештар ба китфи Мирзо асо зананд. Ва раққосаҳои шӯх паи ҳам Мирзоро ба рақс таклиф мекарданд. Ӯ ҳарчанд монда шуда буд, мерақсиду мерақсид. Дар шабнишиниҳои адабие, ки дар шаҳру деҳоти Доғистон баргузор шуданд, бештар шеърҳои Мирзо садо доданд. Худи Расул чанд шеъри ӯро бо забони аварӣ

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess