Рамзҳои Давлатӣ |
ГВАРДИЯ
Яке аз аввалин фармонҳои роҳбари навинтихоби давлати соҳибистиқлоли мо, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар бораи таъсис додани қисми ҳарбии 3571-и назди Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бригадаи таъиноти махсус, ки қисми ҳарбии номбурда ба он таъллуқ дошт, аз лаҳзаҳои аввалин ба боварию эътимод по ба арсаи ҳастӣ гузошт ва дар озмунҳои ҳарбу зарб ғолиб омада сазовори боварии Сарвари давлат ва роҳбарияти ҷумҳурӣ гардид. Ҳамин буд, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов бо фармони худ аз 17-уми январи соли 1995 Бригади таъиноти махсусро ба Гвардияи Президентӣ табдил дод. Баъди ду се сол боз чор қисми ҳарбии Гвардия дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, шаҳраки Каленини шаҳри Душанбе ва шаҳраки Обигарми ноҳияи Роғун таъсис ёфтанд. Ба дӯши афсарону сарбозони Гвардия мисли ҳайати шахсии дигар сохторҳои қудратӣ акнун масъулияти вазнини он замон - нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ ва амин нигоҳ доштани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2004-ум таҳти рақами ФП 1261 Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил дода шуд. Гвардияи миллӣ
- ҳамчун воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гвардияи миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зайлро амалӣ менамояд:
- ҳифз ва мудофиаи объектҳои махсусан муҳими давлатӣ, ки номгӯи онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармонденҳи Олии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани муҳофизат ва амнияти ҷойҳои баргузоршавии вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои вазифаҳои алоҳида оид ба ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз;
- тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар чорабиниҳои вобаста бар зиди терроризм, мудофиаи гражданӣ ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва садамаҳо;
- мувофиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар маросимҳои қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; - мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;
- иҷрои вазифаҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.
Баъд аз таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардиданд, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Гвардияи миллиро муайян менамоянд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардида Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2004-ум таҳти рақами ФП-1292 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 28 декабри соли 2004-ум таҳти рақами 1428 "Дар бораи таъсиси Нишонаи сарисинагии "Гвардияи миллӣ"" ба имзо расиданд. Сохтори штатии нави Гвардияи миллӣ тасдиқ шуд.
Бо тавассути андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин фаъолияти кормандони бо нангу номус ва ҷасури Гвардия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ унсурҳои ҷиноие, ки ба суботи ҳаёти ҷомеа ва давлат хатару таҳдид доштанд, бартараф карда шуданд. Гвардияи миллӣ бо афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, ҳарбии махсус ва олии шаҳрвандӣ пурра гардида истодааст, ки ин ба сифатнокӣ ва такмили сафҳои он мусоидат менамояд. Аз рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллӣ то ба ин рӯз, зиёда аз 250 нафар афсарону прапоршикҳо барои давом додани хизмати ҳарбӣ аз Вазорати мудофиа ва дигар вазорату идораҳои қудратӣ, инчунин аз эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ ба Гвардияи миллӣ даъват шудаанд.
Қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ дар ин давра чандин маротиба машқу таълимотҳои тактикӣ гузаронида дар машқҳои муштараки фармондеҳӣ - ситодӣ, ки аз тарафи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон гузаронида шуданд, ширкат варзида аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои хубу аъло гирифтанд.
Дар як муддати кӯтоҳ шароити зисту зиндагӣ, ҳолати бинову иншоотҳои дар ихтиёри Гвардияи миллӣ буда, базаи моддию - таълимӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, таъмир ва ба истифода дода шуданд, ки ба тамоми шароитҳои замонавӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дараҷаи таъминоти пулӣ, таъминот бо амволи шайъӣ, муҳимоти ҷангӣ ва маводҳои хӯрока низ дар Гвардияи миллӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешавад. Барои таъмини афсарону прапоршикҳои Гвардияи миллӣ бо хонаҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити маданию маишӣ ва зисту зиндагонии онҳо низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Имрӯз дар назди ҳар як сарбозу афсари Гвардияи миллӣ иҷрои вазифаҳои масъулиятноку пуршараф гузошта шудаанд. Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст дарк менамоянд, ки манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастоварду арзишҳои миллии халқҳои ҷумҳурӣ асос ёфта, ба воситаи имкониятҳои иқтисодӣ, сохти сиёсӣ ва ҳарбии давлат, иқтидори маънавию ахлоқӣ ва зеҳнии ҷомеаи сермиллати Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
- Аксҳо
- Наворҳо
- Мусиқи
- Душанбе
- Вилояти Суғд
- Вилояти Хатлон
- Вилояти М.К.Бадахшон
- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
- Китоби дархостҳо
Вилоятҳои Тоҷикистон
Алоқа
Пурсиш
Сайти маро баҳо диҳед!
ОБУ ҲАВО
Қурби асъор