Рамзҳои Давлатӣ |
Аксхоҳ Пул
Аз таърихи пули миллии Тоҷикистон
Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии хахоманишиянд (асрҳои VI - V то милод), ки дар бозёфти машҳури "Хазинаи Амударё", ки ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд. Сарзаминҳои Суғд ва Бохтари қадим, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз қаламрави онҳост қисмати муҳими империяи Хахоманиширо ташкил намуда, дар меҳвари савдои қадими байналхалқии Шарқу Ғарб қарор гирифта буданд. Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV - миёнаи асри III то милод) рушд пайдо качрд. Зикри ин матлаб муҳим аст, ки дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сиккахона амал мекард, ки дар он тангаҳои калони нуқрагӣ (тетрадрахма) бо ному тасвири шоҳ сикка зада мешуд. Шукуфоии бештари муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба давраи мавҷудияти давлати Юнонӣ - Бохтарӣ (асрҳои III - II то милод) тааллуқ дорад.
Дар аҳди Кӯшониён рушди муомилоти пулӣ идома ёфт ва хусусиятҳои нави маҳаллӣ пайдо кард. Тангаҳо дар он айём аз тилло, нуқра ва мис сикка зада мешуданд. Дар қаламрави Тоҷикистони қадим бештар аз 20 хазинаи тангаҳои кӯшонӣ бозёфт гардидааст. Дар тангаҳои кӯшонӣ тасвирҳое, ки бо дини зардуштӣ робита доштанд, бартарӣ пайдо намуда буданд. Дар айни замон шоҳони кӯшонӣ сиёсати мӯътадили ҳамоии мазҳабиро амалӣ намуда, дар тангаҳои худ тасвири худои ҳиндувон Шива ва ҳамчунин Буддоро ҷой дода буданд. Онҳо халқу фарҳангҳои мухталифро муттаҳид намуда буданд, ки дар шароити ҳамзистии осоишта инкишоф меёфтанд. Дар асрҳои миёна муомилоти пулӣ дар давраи нахустин давлати мутамаркази Тоҷикон - Сомониён дар асрҳои IХ - Х то авҷи аълои тараққиёти худ расид. Дар ин замон дар бештар аз 30 шаҳри Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо амал мекарданд. Дирҳамҳои Сомонӣ на танҳо дар ҳудуди ин давлат, балки фаротар аз қаламрави он дар муомилот қарор доштанд. Рушди минбаъдаи муомилоти пулӣ дар Осиёи Миёна ба давраи Темуриён (асри ХV) рост меояд. Хазинаҳои бузурги тангаҳои мисини Темуриён дар Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Регар ва маҳалҳои дигар бозёфт гардидаанд. Сикказании танга дар қаламрави Осиёи Миёна то соли 1920 идома ёфт. Барориши нахустин пулҳои коғазӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, ки мисли сиккаҳои нуқра "танга" ном доштанд, ба солҳои охири ҳукмронии амири охирини Бухоро Саид Олимхон рост меояд.
Пулҳои коғазӣ бо арзиши 20, 50 100, 300, 500, 1 000, 2 000, 5 000, 10 000 танга ба муомилот бароварда шуда буданд. Моҳи сентябри соли 1920 дар қаламрави аморати Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро ташкил гардид, ки барориши ҳамон пулҳои коғазии амириро танҳо бо фарқиятҳои ҷузъӣ идома дод, аз ҷумла дар доираи болоӣ навиштаи "Ҳукми ҳумоюни олӣ содир шуд" ба нишонаи шӯравӣ -тасвири дос ва бастаи гандум иваз гардид ва ному вазифаи мансабдорон дигар карда шуданд. Тамоми матни ин пулҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ то соли 1925 ягон муассисаи бонкӣ мавҷуд набуд. Зарурияти ифтитоҳи муассисаи мустақили бонкӣ бо ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) ба миён омад. Моҳи майи соли 1925 таъсиси воҳиди ҷумҳуриявии Душанбегӣ, баъдтар Тоҷикистонии Бонки давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ эълон гардид. Ташкили низоми муосири бонкӣ танҳо баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид. Бо вуҷуди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард, то охири соли 1993 дар ҳудуди ҷумҳурӣ пули давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар аз 1 январи соли 1994 - пули нақди Федератсияи Русия гардиш мекард. Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустақил ягона кишваре боқӣ монда буд, ки дар қаламрави он то соли 1995 рубли Федератсияи Русия дар муомилот истифода мешуд. Ин вазъият як қатор мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодиро ба миён овард: қарзи давлатии ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани пули нақд барои пардохти музди кор, нафақа ва кӯмакпулиҳо бемайлон меафзуд; маблағгузории иқтисодиёт амалан қатъ гардид ва ниҳоят Бонки миллии Тоҷикистон имконияти гузаронидани сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ ва асъориро маҳрум буд.
Ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигар зарурияти ҷорӣ кардани пули худиро ба миён овард. Ҳамин тариқ бо мақсади татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ, суръатбахшӣ бв дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми мустақили пулии Тоҷикистон бо ташаббуси шахсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов дар хусуси ҷорӣ кардани пули миллии Тоҷикистон қарор қабул гардид. Мутобиқи Қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ аз 6 майи соли 1995, № 8 (324) "Дар бораи тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ - рубли тоҷикӣ" аз 10 майи соли 1995 пули миллии Тоҷикистон бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубли намунаи соли 1994, барориши Бонки миллии Тоҷикистон, ба муомилот бароварда шуд.
Ба муомилот баровардани пули миллӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошт ва падидаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие гардид, ки бо мусоидати Хазинаи Байналхалқии Асъор сурат гирифт.
Ин воҳиди пулӣ дар муддати 5 соли дар муомилот қарор доштанаш дар ташкили заминаҳои истиқлолияти иқтисодии кишвар нақши муҳим бозид ва барои оғози фаъолияти нави комилан миллии пулӣ шароити зарурӣ муҳайё гардонд.
Бо фароҳам омадани суботи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 бо муассисаи Giӯsӯckӯ & Dӯvқiӯnt (Олмон) барои тайёр кардани пули миллӣ, ки таърихи гузашта ва фарҳангии имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос менамояд,шартнома баст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, № 415 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар - "Сомонӣ", ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.
Бо мақсади такмили сохтори низомии пулии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №УП 645 аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филизии барориши Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.Ин тангаҳо дар Корхонаи сикказании шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тайёр карда шуданд. Муқаррар гардид, ки тангаҳои филизӣ бо пулҳои коғазии ҳамарзиш баробар гардиш хоҳанд кард. Пули миллӣ, ки дар минтақаи гардиш эътибори кофӣ дорад, рамзи шоёни Тоҷикистони мустақил гашт ва ба сифати воситаи боэътимоди танзими иқтисодиёти тараққикардаистодаи кишвари мо хизмат хоҳад кард. Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар Идтиҳоди давлатҳои мустақил маҳсуб мегардад, ки таваҷҷӯҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст.
Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд: тангаҳои арзиши 5 сомонӣ ба ифтихори 10-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тангаҳои арзиши 3 сомонӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон, ш. Душанбе. Ин тангаҳо дар ду шакл - аз нуқра ва маводи омехта (латун ва мелхиор) сикка зада шудаанд. Тангаҳое, ки аз маводи омехта сикказанӣ шудаанд дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ қарор доранд.
- Аксҳо
- Наворҳо
- Мусиқи
- Душанбе
- Вилояти Суғд
- Вилояти Хатлон
- Вилояти М.К.Бадахшон
- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
- Китоби дархостҳо
Вилоятҳои Тоҷикистон
Алоқа
Пурсиш
Сайти маро баҳо диҳед!
ОБУ ҲАВО
Қурби асъор