Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

АШЪОРИ ЛИРИКИИ ШОИР

Мавзӯи ахлоқ

      Масъалаҳои ахлоқӣ аз маҷмӯаи дуввуми Турсунзода оғоз гардида, минбаъд инкишоф меёбад. Шоир бо тасвири мавзӯъҳои ватанхоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, ҷасорату диловарӣ, аҳду вафо, садоқат, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, аззату икроми якдигар сифатҳои шостаи инсониро ситоиш карда, ҳамзамон ахлоқи бадро мазаммат менамояд. «Дил дили Зайнаб» (1939), «Хаёли хом» (1940), «Чаманистон» (1940), «Ба кӯҳсори тоҷик» (1940) аз ҷумла беҳтарин ашъори шоир дар ин масъала мебошанд.
      Дар шеъри «Дил дили Зайнаб» масъалаи муносибати падару фарзанд ба миён гузошта мешавад. Турсунзода тамоми сифатҳои наҷиби пирамардро чун бузургиву ботамкини ва хушмуомилагиву одамдӯстӣ васф мекунад ва баъд савол мегузорад, ки оё чун падар ба ишқи озоди духтари ягонааш муқобил баромада метавонад? Шоир ҷавоби ин саволро дар сурату сират ва ахлоқу одоби духтар меҷӯяд ва ба ин васила падидаҳои ахлоқии гузаштаро дар шакли тоза пешкаш менамояд:


		Дар ҳақиқат Ситора номи ӯст,
		Зуҳалу Зӯҳра дар низоми ӯст.

      Шеърро Мирзо Турсунзода бо зарбулмасали халқии «Дил дили Зайнаб» ҷамъбаст намуда, «ихтиёрро ба дасти ӣахтиёр» мегузорад. Ин шеър баёнгари ишқи озод мебошад, ки ба таъбири шоир зуҳуроти ахлоқи нав буд.
      Мирзо Турсунзода барои хубтару беҳтар ошкор сохтани масъалаҳои пандуахлоқӣ аз тасвирҳои тамсилӣ фаровон истифода мекунанд. Чунончи аз шеърҳои «Дурахши қуллаҳо» (1959), «Дарахти булут» (1962), «Ток ва замин» (1966), «Инсон ва кӯҳ» (1967) низ бармеояд, тамсилҳои шоир ҳар кадом дорои мақсаду мӯҳтавон мушаххас мебошанд. Масалан , дар шеъри «Ток ва замин» масъалаи муносибати ҷузъу кулл ва фарду ҷомеа бардошта шудааст. Шоир бар он аст, ки агар фард ба ҷомеа вафодор бошад, аз ҳар офату носозгориҳои зиндагӣ эмин буда метавонад. Ин маънии тасвири рамзии ток ва замин ба таври муносиб ифода намудааст. Боғбон навдаҳои токи ҷавонро мебурад, лекин чун реша дар замин дорад, он боз афзоиш меёбад:


		Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт,
		Бо замин ваъдаи як умр вафо кардан дошт.
		Аз дами хоки сиёҳ, аз нафаси гарми баҳор
		Ток болида амал кардану сабзидан дошт.

      Тараннми ахлоқи ҳамида, чунонки аз шеърҳои «Ошёни баланд» (1968), ва «Дӯстонро гум макун» (1975) маълум мешавад, тамоми марҳалаҳои эҷодии шоирро фаро гирифтааст. Дар шеъри «Ошёни баланд» масъалаи мушкилиҳои рӯзгорро бурдборона паси сар намуданд ба миён гузошта шудааст. Ин маънӣ ба воситаи тартиби ошён гузоштан ва ба тасвир кашидани маъноҳои аслию маҷозии он сурат гирифтааст.
      Асоси мундариҷавии шеърро талқини ғояҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад. Содиқ мондан ба суннатҳои миллӣ ва дар заминаи ананаҳои неки падарон созмон додани ҳама даствардҳои нави зиндагӣ – чунин аст хусолае, ки аз бандҳои ҷамъбастии шеър бармеояд:


		Гар куни парвоз, бо ёди падар парвоз кун,
		Бобҳои тозаро дар пеши рӯят боз кун.
		Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрӯхтанд,
		Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.

ВАСФИ ЗАНОНУ МОДАРОН

      Мавзӯи занону модарон дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба пояи баланди ғоявию бадеӣ расидааст. Тасвири мукаммалу мафассали образи модари тоҷик ба давраи баркамолии эҷодиёти шоир рост меояд. Аксари шеърҳои Модарнома, аз ҷумла «Модарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор зан бошад мудом», «Зан агар оташ намешуд», «Зан посбони оташ аст», «Чашми ман», солҳои 60-70 таълиф гардидааст. Дар шеъри дили модар хислати модари тоҷик табиӣ ва самимӣ ба қалам омадааст. Барои модар аз даст додани фарзанди калонаш дар ҷанг фоҷиаи ҷонкоф буд. Вале онро ба хотири тарбияи фарзанди хурдӣ паси сар менамояд:


		Намурдам, зистам,
		Фарзанди хурдамро калон кардам,
		Шаби тӯйи арӯси ашки шодиро равон кардам.
		Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро.
		Ба келин пешкаш кардам,
		Дуо чун модарон кардам.
      Ҳастии модар дар шеъри «Дасти модар» боз ҳам мушаххастар ба тасвир омадааст ва воситаи асосии тасвир дар ин шеър дасти модар мебошад:

		Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
		Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
		Аллагӯён тифлро хобондаи,
		То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
		Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо
		Пок кардӣ ашки чашмони маро.

      Дар ин шеър дасти модар рамзи қувваи беҳамтои зан аст, ки он нафақат тифлро ба воя мерасонад, инчунин дар ободии дунё ва бахти тамоми сокинони сайёраи мо саҳм мегирад. Ё худ дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» мавқеи модар дар зиндаги ҳунармандона ва ҷолиб ба тасвир омадааст.


		Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
		Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
	ё ин ки 
		Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
		Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

      Дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» ҳар байт як паҳлӯи шахсияти модарро табиӣ ва дилпазир ошкор сохтааст. Зан ба оташ монанд шудааст ва ин ташбеҳ тамоми хислатҳои офарандагӣ ва созандагии модарро дар худ таҷассум намудааст.

ВАСФИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ

      Сулҳу амонӣ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад. Бинобар ин ҳастии он дар ҳама қувваҳои некии табиат эҳсос мешавад. Сулҳ монанди офтоб, баҳор, ё худ замин азизу мушфиқи ҳамагон аст:


		Сулҳ дар гул-гул шикуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
		Дар шуои офтоби толеъи баҳру бар аст.
		Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
		Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

      Пас сулҳу амонӣ худ аз худ ва ба осони ба даст намеояд. Дар шеъри «Суруди сулҳ» таркибҳои хуни дил ва тапиданҳои рӯзафзуни дилро истифода кардааст:


		Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
		Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил,
		То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
		Ҷонгҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

      Дар ашъори устод Турсунзода мавзӯи дӯстиву рафоқат чун гӯшту нохун ба ҳам пайвастаанд. Ин маънӣ дар шеъри «Дӯстонро гум макун» сода ва самисӣ таъкид гардидааст:


		То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
		Дӯстони меҳрубонро гум макун.
		Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
		Мушкилосонкункасонро гум макун...
		Дӯст ояд, гарм да роғӯш гир,
		Расми хуби тоҷикистонро гум макун.

      Умуман, шоир дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву мавқеи иҷтимоӣ, ҳам таҷрибаи аз ҷа ы03онгардӣ андухтаи худро дар либоси сухани бадеи ва ҷилва орад.

© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо