Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

ДАСТОВЕЗ (силсила)

ҚАЛАМ

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.(Аз халқ)

Қалам гӯяд, ки асбоби шарифам,
Ба ҳар дасти зарифе ман зарифам.

Қалам гӯяд, ки инсонро азизам,
Ба дасти покдил афтам тамизам.

Қалам гӯяд, ки инсонро яроқам,
Яроқи иттифоқам ҳам нифоқам.

Агар афтам ба дасти ҳақшиносон,
Зи рӯи ҳақ кунам хизмат ба инсон.

Мусаххар бо сухан созам ҷаҳонро,
Намоям маҳрами дилҳо забонро.

Муҳаббатро, садоқатро сароям,
Ба ҳам пайванд ҷонҳоро намоям,

Намоям фарқ гулҳоро ман аз хор,
Намоям фарқ дилбар аз дилозор.

Диҳам ман сарбаландӣ мардҳоро,
Намоям дур аз дил дардҳоро,

Ба тасвир оварам ҳусни заминро,
Ҷаҳони нав, ҳаёти дилнишинро,

Кунам бедор ҳисси ошиқонро,
Бақои нав диҳам умри ҷавонро.

Агар ман бо қаламкаш дӯст монам,
Қаламкашро ба мақсудаш расонам.

Агар афтам ба дасти нохалаф ман,
Шавам тири маломатро ҳадаф ман.

Асир афтам агар бар дасти нокас,
Намоям зиндагониро мулаввас.

Ҷаҳон торик чун зиндон намоям,
Ҷафову ҷабр бар инсон намоям.

Дурӯғу рост бофам, ҳарза бофам,
Суханро теғ созам, дил шикофам.

Агарчи ширро донам сафед аст,
Вале гӯям сиёҳ асту палид аст.

Ба дасти нокасон гардам гирифтор,
Шаванд аз ман тамоми халқ безор.

Ба монанди аҷал оям ба ҳар дар,
Хӯрам коғаз, хӯрам ҷону хӯрам сар.

Кунам хурсанд ман табъи бадонро,
Суханчину мунофиқ одамонро.

Зи ман аҳли қалам бошед огоҳ,
Нагардам то силоҳи дасти бадхоҳ.

CАЙРИ ҚИТЪАҲО

Қитъаҳоро сайр кардам дар ҳавову дар замин,
Сайр кардам, бо баду неки ҷаҳон гаштам қарин.
Неку бад доранд бо ҳам ҷанг, ҷанги беамон,
Шуд яқинам ҷанги онҳо нест ҷанги охирин.

Нест ҳоло дар дигар сайёраҳо бӯи ҳаёт,
Аз замин парвозҳо дорем сӯи коинот,
Одамиро з-ин сабаб гӯяд замин бо илтиҷо,
Деҳ маро, фарзанд, аз ҳар гуна қасди бад наҷот.

Аз замин беҳтар барои мо дигар сайёра нест,
Беҳтар аз он дидаи моро раҳи наззора нест.
Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.

ЧАШМИ МАН

Чашми ман серӣ надорад аз тамошои замин,
Хоҳам аз мадди назар н-афтад ягон ҷои замин.
Чашми ман хоҳад, ки бинад навбаҳорон бешумор,
Борҳо бинад шукуфтанҳои гулҳои замин.
Чашми ман маҳви ҷамолу ҳусни зан бошад мудом,
Беҳ зи ҳусни зан набошад ҳусни зебои замин.
Аз азал зан бо замин як гашт чун ду модарон,
Бӯи зан ояд машомамро аз ақсои замин.
Гар намешуд дасти зан ҳусни замин пайдо набуд,
З-ин сабаб гӯем занро маҳфилорои замин.
Ҳокимият гар ба дасти зан саросар мегузашт,
Мардҳоро бештар буд кайфи дунёи замин.

ДАР БОМИ ҶАҲОН

Зиндагонӣ мекунад тоҷик дар Боми Ҷаҳон,
Сарбаландиро нигар, ҳамсоя шуд бо осмон.
Нуқра пошад гунбади сабз аз сараш шаб то саҳар,
Мисли домод аст тоҷики советӣ шодмон.

Аз сари Боми Ҷаҳон наззора дунё мекунем,
Дӯстиро бар ҳама пайваста илқо мекунем,
Дар миёни ирқҳо фарқи дигар боқӣ намонд,
Идҳои дӯстӣ якҷоя барпо мекунем.

Фарқ боқӣ монд, байни бандаю мухтор монд,
Фарқ танҳо байни истиқлолу истеъмор монд,
Фарқ боқӣ монд ҳоло дар миёни адлу зулм,
Монд, аммо чун матоъи кӯҳна аз бозор монд.

СУРУДИ КӯҲИСТОН

Қатра аз ях мечакад, аз шӯха резад шаршара,
Рӯд ҷорӣ мешавад, гуфторҳо дорад дара.
Мисли абри паст гашта об менӯшад рама
Ҷасту хезе мекунад ширмаст дар яксӯ бара.

Ман, ки аз модар таваллуд гашта дидам кӯҳро,
Меҳри дил бахшидаму бо ҷон харидам кӯҳро,
Дар канори чашма будам, дар миёни арчазор,
Аз забони мурғҳо равшан шунидам кӯҳро:

“Барфи болои сари ман нуқрасон рахшон бувад,
Оби рӯдам мисли ишқи ошиқон ҷӯшон бувад,
Ҳар касе гӯяд, ки кӯҳистониям, бовар макун,
Бингар аввал, ки дилаш софаст ё вайрон бувад”.

КӮҲ

Кӯҳ ором аст, аммо дар дилаш дорад шарар,
Боду абри рӯзгорон аз сараш дорад гузар.

Кӯҳ ором аст, доим кӯҳвор истодааст,
Чашмаҳояш то ба уқёнусҳо дорад сафар.

Чун баровардӣ садо акси садо ояд зи кӯҳ,
Гар ба сӯяш по ниҳодӣ, танг гирад дар камар.

Кӯҳро бинӣ ҳамеша сарбаланду бовиқор,
Дар фазояш пар занад танҳо уқоби тезпар.

Нест мисли кӯҳ чизе пуртаҳаммул, пуртавон
Чунки дорад дар сараш байрақ зи хуршеди саҳар.

Дар ҷавонӣ порае аз кӯҳ будам, баъд аз ин,
Сад қасам, ки ман ҷудо аз ӯ намегардам дигар.

ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН

То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.

Дӯстро аз дӯст, ҷонам фарқ кун,
Дӯсти пайванди ҷонро гум макун.

Чашмаи илҳоми мо халқасту бас,
Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун.

Зиннати боғ аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун,

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

ТӮИ ПАХТАЗОР

Об ҷорӣ мешавад дар ҷустуҷӯи пахтазор,
Сабз мегардад аз оби сард ҷӯи пахтазор.

Қатраҳо якҷоя гашта рӯд савғо мекунанд,
Рӯд орад муждаи ҳосил ба сӯи пахтазор.

Тирамаҳ ояд агар оянд мардум сафзада,
Аз барои чидани пахта ба тӯи пахтазор.

Дар саҳаргоҳон дурахшон аст чун лӯълӯи тар,
Шаддаҳои донаи шабнам ба рӯи пахтазор.

Вақти гул гардад ба гирди пахта занбӯри асал,
Беҳтар аз ӯ кас надонад рангу бӯи пахтазор.

           >>>
© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо