|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
Оиди достонҳои М. Турсунзода
Достонсароӣ қисми муҳими фаъолияти М. Турсунзодаро ташкилмедиҳад. Шоир дар солҳои 30- юм «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор»ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «Писари Ватан» ва «Барои Ватан»-ро (ҳамроҳи Деҳотӣ) навишт. Фаъолияти достонсароии М. Турсунзодабаъди Ҷанг самаранок гардид ва шоир «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё»,«Духтари муқаддас», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва «Аз Ганг тоКремл» ном достонҳоро таълиф намуд.
«Чароғи абадӣ» «Чароғи абадӣ» (1957) ба хотираи абадии устод Айнӣбахшида шудааст. Дар як рӯзи моҳи апрели соли 1953 дар ҳаёти М.Турсунзода ду воқеаи муҳим рух медиҳад: субҳ дар хонаи шоир писар бадунё меояд ва андаке баъдтар адиб устод Айниро, ки ба Душанбе омадабуд, пазироӣ мекунад. Ин ду воқеа асоси мавзӯи «Чароғи абадӣ» мегардадва дар чор боби достон - «Интизорӣ», «Мулоқоти якум», «Мулоқотидуюм», «Дар боғ» симои хирадмандонаи устод ба назар мерасад.
Боби «Интизорӣ» аз шабҳангом оғоз ёфта, ба ҳолати рӯҳии шоире,ки фардо ду воқеаи муҳимро интизор аст, бахшида шудааст. Дар боби«Мулоқоти якум» шоир хонандаро «ба таваллудхонаву дунёи тифлон»мутаваҷҷеҳ месозад. Мулоқот бо тифлакон чунон самимӣ ва воқеӣ тасвирёфтааст, ки хонанда худро бевосита дар таваллудхона эҳсос мекунад:
Яке фарёд лӯлакпеч мезад,
Дигар поро ба по бе ҳеҶ мезад.
Яке чашмони худ накшода ҳоло,
Ғизо меҶуст во карда даҳонро...
Яке бе мӯй буду сап- сафедак,
Дигар мӯйи сияҳ буд печ-печак.
Яке ором, дигар бесаранҶом,
Яке шакле гирифта, дигаре хом.
Дар таваллудхона образи марде пайдо мешавад, ки аз духтар зоданизанаш норозӣ буда, ӯро таънаву маломат мекунад. Шоир бар хилофи инмарди Ҷоҳил фарзандро ҳамчун неъмати гаранбаҳо, давомдиҳандаи умриинсонӣ, бақои оила ва ояндаи неки мамлакат тавсиф менамояд. Тифл, писараст, ё духтар, умеди падару модар ва Ҷомеа мебошад. Бинобар ин шоир батифли навзодаш, ки писараки дӯстрӯе аст, замини сарсабзи ТоҶикистон,деҳоту шаҳрҳои обод, рӯдҳои пуртуғёну кӯҳҳои осмонбӯси тоҶикро тақдиммекунад, ба умеде, ки баъди гузашти солҳо фарзанди баркамоли Осиёмегардад. Бо ҳамин хатти сужети асар ба тасвири рӯзгори фарзандибаруманду боэҳтироми қитъаи Осиё устод Айнӣ равона мегардад.
Дарвозаи роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо Ҷӯшу хурӯш ва Ҷараёнимуносибати мусофиронаш аз зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари фарҳангиюадабии устод дарак медиҳад. Устод Айнӣ ҳангоми аз ҳуҶраи поездфуромадан бо мӯйи сафед, чашмони камнур ва дасти ларзон чун пирихирадманде ба назар мерасад, ки тамоми дониш, таҶриба ва қувватуғайраташро баҳри ҳифз ва рушду нумӯи фарҳанги миллати тоҶик сарфнамудааст. Ин аст, ки кулли мардуми Душанбе устодро шодбош ва хайрамақдам мегӯянд:
Ба устоди қаламкаш дод пайғом
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.
Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,
Саломи чун суруд омад ба Айнӣ.
Дар боби Ҷамъбастии асар устод Айнӣ дар боғи шоир тасвир ёфтааст.Табиати сеҳрангези Душанбе ва офтоби Ҷонбахши баҳорӣ ба ҳолати рӯҳииқаҳрамон созгор афтод ва устод дар ин ҳолат “саропо ба нур ғарқ” ва “аз нурХайра мақдам – қадам ба хайр бод, хуш омадед!давлатманд” гашта буд. Дар ин боб такроран истифода шудани калимаҳоинур, машъал, алав, чароғ, оташпора, офтоб талошу муборизаи устодро баҳриилму маърифат таъкид менамояд:
Ба чашми нурҶӯ, марди адабгоҳ
Гаҳе Хайём мешуд шӯълаи моҳ.
Зи Саъдӣ гоҳ оташпора мешуд,
Ба гирди Рӯдакӣ сайёра мешуд.
Чароғ аз назм, нур аз назм меҶуст,
Ба ишқи назм мисли сабза меруст.
Дар боғ шоир андешаҳои устодро ба таваллуди фарзанд ва давомёфтани насли инсон мекашад. Ба қавли устод таълиму тарбияи фарзандҶиддитарин ва муҳимтарин масъалаи Ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро фардоинеки ҳар мамлакат ба насли Ҷавон вобаста аст:
Ба фарзандат сабақ омӯз, зинҳор,
Ки аз макри адӯ бошад хабардор
Ба ҳар Ҷо илм бурда Ҷаҳл ронад,
Қасос аз Ҷаҳлу нодонӣ ситонад.
Фишорад гарм дасти дӯстонро,
Мададгорӣ кунад афтодагонро.
Ба мисли заррае тобанда бошад,
Ба ҳар маҳфил чароғи зинда бошад.
Ба олам насл аз мо ёдгор аст,
Ба ӯ фардои инсон чашмдор аст.
Бо суханони ҳикматомези устод Айнӣ ба поён расидани хатти сужети“Чароғи абадӣ” хусусиятҳои миллӣ ва Ҷанбаи маърифатии достонро афзунгардондааст.
Дар адабиёти бадеии ватанию хориҶӣ чун С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ,П.Толис, Ғ. Абдулло, Р. Ҳодизода, Ӯ. Кӯҳзод, Ш. Лоиқ, Б. Собир, И.Зарайский (шоири рус), Зулфия (шоираи ӯзбек), Қилич Қулиев (нависандаитуркман), Алӣ Асғари Ҳикмат (шоири Эрон) адибони зиёд дар офариданисимои устод Айнӣ кӯшиш ба харҶ додаанд. Дар байни асарҳои адибонимазкур достони “Чароғи абадӣ”-и Турсунзода мавқеи босазо дорад.
Писари Ватан
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Ҷони ширин
|
|