|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Дӯстро аз дӯст, ҷонам фарқ кун,
Дӯсти пайванди ҷонро гум макун.
Чашмаи илҳоми мо халқасту бас,
Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун.
Зиннати боғ аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун,
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
БОҒИ МО
Баҳра бардоред, ёрон, аз насими боғи мо,
Аз ҳавои софи чун бахмал ҳалими боғи мо.
Чун гирифтам аз ҳавои рӯи дунё ман нафас,
Нест гуфтам беҳтар аз боди ҳакими боғи мо.
Боғи колхозии моро боғи бемонанд кард
Боғбон - марди ҳунарманди карими боғи мо.
Аз барои сайри мурғони хушилҳоми чаман,
Зинати олам муҳайё дар ҳарими боғи мо.
Боғи нав бо дасти мо ободу зебо гаштааст,
Хира шуд дар назди ӯ шаъни қадими боғи мо.
Боғи мо як умр пурбор асту сабзу хуррам аст,
Ҳаст эмин боғбон аз хавфу бими боғи мо.
ДАРДИ МАН БОЛО ГИРИФТ
Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт,
Дид ранги ман табибу дар бари ман ҷо гирифт.
Ёри бепарвои ман аз ман хабардорӣ накард,
Гарчи дуди оҳи оташбори ман дунё гирифт.
Аз шукуфтанҳои гулҳо боғҳо гулгун шуданд,
Ғунчаи уммеди ман як гӯшаи саҳро гирифт.
Ошиқӣ, эй дардмандон, дарди бедармон будаст,
Оташи сӯзони ҳиҷрон дар дилам маъво гирифт.
Аз яке пурсон шудам, ки ёри ман бе ман чи кард,
Гуфт бе ту бо дигарҳо соғару мино гирифт.
Дил тапидан дошт аз тафси даруни синаам,
Рафт ором аз насими соҳили дарё гирифт.
ДАСТИ ТУ МЕДОНАД
Замин бо осмон ҳамранг шуд, дасти ту медонад,
Биёбон дар ҳама ҷо танг шуд, дасти ту медонад.
Ситора бо гули боғу чаман чун рӯ ба рӯ гардид,
Ҳасад бурданд бо ҳам, ҷанг шуд, дасти ту медонад.
Суруд аз қаъри дил парвоз бинмуду ба олам рафт,
Ба шӯр оранда ҳар оҳанг шуд, дасти ту медонад.
Ба зидди ҷанг гардиданд халқон якдилу якҷон,
Шафақ гулгун ба рӯи Ганг шуд, дасти ту медонад.
Чи хушбахтист, ки бо мақсаду уммеди халқи ман,
Дигар чархи фалак ҳамсанг шуд, дасти ту медонад.
ДИЛСИЁҲ
Даъвии бисёр дорад дилсиёҳ,
Шикваи такрор дорад дилсиёҳ.
Аз забонаш гарчи мерезад асал,
Зераш аммо мор дорад дилсиёҳ.
Ҳам ба бедорию ҳам дар хоби шаб,
Қасди бад бо ёр дорад дилсиёҳ.
Дар талоши шӯҳрате зери бағал
Теғи ҷавҳардор дорад дилсиёҳ.
Дар паси сар ғайбат, аммо дар ҳузур
Шаккарин гуфтор дорад дилсиёҳ.
Аз барои ӯ муқаддас чиз нест,
Хонасӯз афкор дорад дилсиёҳ.
Нест дар олам даво худкардаро,
Чун ниҳон кирдор дорад дилсиёҳ.
Охири кораш ба расвоӣ кашад,
Бахти ноҳинҷор дорад дилсиёҳ.
ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ
Зан ҳамеша рафт аз ҳамсояҳо оташ гирифт,
Аз дигарҳо бо тавалло, илтиҷо оташ гирифт,
Бас, ки гӯгирд он замон чун гавҳари ноёб буд,
Аз гадои кӯчаю аз бенаво оташ гирифт.
Лахчаро мекард зан дар зери хокистар ниҳон,
То намонад бе алав дигар танӯру ошдон.
Дар танӯр оташ агар гулхан шавад, рухсори зан
Сурх мегардад чу кулча, ё ба мисли гарм нон.
Баски аз рӯзи азал зан посбони оташ аст,
Посбони оташасту хеш кони оташ аст,
З-ин сабаб бо зан агар гаштем ҳар вақте дучор,
Бингарӣ, сар то ба пои мо ҷаҳони оташ аст.
ЗАН, ЗАН АСТ
Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест,
Синну соли хешро гуфтан ба занҳо хос нест.
Зан, зан асту дар ҳама ҳолат чу зан мемонад он,
Ин муаммоест, ки ҳоҷат ба пурсу пос нест.
Аз зани имрӯзаи мо ҳикмату эъҷоз пурс,
Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс.
Аз замин зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар ҳунар мумтоз, пурс.
Зан набошад зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.
Мард бошӣ байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.
КОКУЛАТ
(Ба духтарони тоҷик)
Майдабофӣ кард модар шуста тори кокулат,
Тахтапуштат парниёнпӯш аз қатори кокулат.
Боғи ҳуснат гул кунад ҳар рӯзу ҳар соат, чи хуш,
Чунки омад мавсими авҷу барори кокулат.
Дар сари ҳар тори мӯят як дил овезон бувад,
Ҳалқадаввак шуд ба гардан банди дори кокулат.
Аз қадамҳои ту миннатдор шуд шаҳри азиз,
Меҳри бепоёни дил кардем бори кокулат.
Бӯи атру гул димоғи кас муаттар мекунад,
Чун чаман бишкуфт оё навбаҳори кокулат,
Орзу дорам, ки боре кокулат орам ба чанг,
Кош медодӣ ба дастам ихтиёри кокулат.
Ҷилвагар гардад ба пеши чашм чун тиру камон
Бигзарӣ чун аз бари ман рангу бори кокулат.
Аз дами миқроз дигар кокулатро дур дор,
Шуд баланд аз нав, азизам, эътибори кокулат.
БӮИ ГУЛ ОЯД ЗИ ТУ
Гул миёни мову аммо бӯи гул ояд зи ту,
Рангу бӯи ин гули бишкуфта афзояд зи ту.
Дур будӣ аз ману дил як дам осоиш надошт,
Ёр бархезу биё, то дил биёсояд зи ту.
Бе қудумат манзили ман чун мазористон бувад,
Марҳамат кун, бахти ман, то манзил орояд зи ту.
Толеи ман дастгири ман шавад, то зиндаам,
Шеърҳои ман маро машҳур бинмояд зи ту.
ИЛОҶАМ ЧИСТ
Туро ман ёд кардам кӯҳсори ман, илоҷам чист,1
Шудам дур аз канори ту диёри ман, илоҷам чист.
Дар атрофам замини регзори бесамар дидам,
Гули ман, бӯстони ман, баҳори ман, илоҷам чист.
Гузар доранд аз ҳар сӯй одамҳои бегона,
Куҷо монданд он хешу табори ман, илоҷам чист.
Илоҷи ман ягона бозгаштан бар ватан бошад,
Шабу рӯзе шуд ин мақсад шиори ман, илоҷам чист.
Ватан бо ман набуду буд бо ман дар сафарҳоям
Ғурури кишвари ман, ифтихори ман, илоҷам чист.
Ватанро ёд кардам, ҳар замон дар хеш печидам,
Баромад оби чашми интизори ман, илоҷам чист.
Москва, Кунтсево,
Июн-июли 1975.
<<<
|
|