|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
ХАЙР, МОДАРИ АЗИЗ
Модарам, меравам аз пеши ту ман,
Ба дифои шарафу шаъни Ватан.
Меравам то ки зиреҳ пӯшам ман,
Дар раҳи фатҳу зафар кӯшам ман.
Хабар омад, ки ба тороҷи чаман
Боз карда пари худ зоғу заған.
Модарам, дар сари хашму ғазабам,
Бо сари гарму тани ғарқи табам.
Мепарам сӯи фазо мисли уқоб,
То кунам зоғи сияҳро дарёб;
Мепарам рӯ ба ҷанубу ба шимол,
То ки орам ба сари хасм завол.
Барқсон пора кунам абри сияҳ,
То насозад рухи хуршед панаҳ.
Сангаму оҳанаму пӯлодам,
Сипари мамлакати озодам.
Аз сари лонаи чуғзон гузарам,
Бомба резонда чу борон гузарам.
Ғазабам оташу қаҳрам тир аст,
Синаам тӯпу парам шамшер аст.
Мебарам дар сари болам-тобон,
Ахтари толеи халқони ҷаҳон.
Кӣ тавонад,ки маро банда кунад,
Халқро аз ватанаш канда кунад?!
н фақат хоби фашистона бувад,
Орзуи саги девона бувад.
Модар аз чеҳраи гулгуни писар
Нарм бӯсиду гирифташ дар бар,
Гуфт: “Рав, ҷанги далерона бикун
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар”.
Фурсате рафту зи паҳлуи саҳоб
Ҷилва кард ахтари пурнури уқоб,
Чашми модар ба фазо дӯхта шуд,
Рухаш аз шӯъла барафрӯхта шуд.
1941
|
|