|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
ҲАРГИЗ
Ту зинда бош Ватан — хонаи умеди халқ,
Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз.
Даме ки мешумурам пурбаҳо суханҳоро
Баландтар зи Ватан нест дар забон ҳаргиз.
Чӣ медиҳӣ ба Ватан? Ҳар касе ки пурсидам,
Ҷавоб дод: “Надорам дареғ ҷон ҳаргиз?”
Миёни халқу Ватан сахт аҳду паймон аст,
Набуду нест ҷудоӣ дар ин миён ҳаргиз.
Агарчи зад ба тани мамлакат адӯ ханҷар,
Вале нагашт Ватан сусту нотавон ҳаргиз.
Агарчи тохт ба сӯяш чу “барқ” душмани дун,
Накард хам сари тоат ба хоинон ҳаргиз.
Надидаву нашунида на чашму на гӯше
Ба мисли тӯдаи Гитлер ваҳшиён ҳаргиз.
Тамоми зулм, хиёнат, ҳақорати ӯро
Намекунем фаромӯш дар ҷаҳон ҳаргиз.
Дили даридаи модар, сари буридаи тифл
Намешаванд зи пеши назар ниҳон ҳаргиз.
Ба бод рафтани номуси духтарони ҷавон,
Пуроб гаштани чашмони хоҳарон, ҳаргиз!
Ба шаҳру деҳаи мо сӯхтор афкандан,
Хароб кардани фабрику шахту кон, ҳаргиз.
Намекунем фаромӯш то ҷаҳон боқист
Тамоми ин ҳама кирдори хоинон ҳаргиз.
Ба посбонии мо чашмҳои Лашкари сурх
Намезанад мижа ҳамчу дидбон ҳаргиз.
Фурӯғи чеҳраи лаълахтарони қасри Кремл
Намешавад нафасе кам дар осмон ҳаргиз.
Намепарад зи рухи бӯстони колхозӣ
Намуди зеби Ватан — ранги арғувон ҳаргиз.
Фазои мо, ки ғуборе дар он наёбад ҷой,
Намедиҳад ба сиёҳии шаб макон ҳаргиз.
Ба хонадони азими башар намемирад
Чароғи Ленинӣ дар даҳр ҷовидон ҳаргиз.
1942
|
|