Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

БАҲОДУРИ ТОҶИК


Фарзанди азизи Тоҷикистон,
Аз мо ба ту сад салому табрик.
Таҳсин ба ту аз рафиқҳоят
Аз номи тамоми халқи тоҷик.
Зад шӯъла даме ки оташи ҷанг,
Монанди шарорае ту ҷастӣ,
Чашмат шуда буд гувоҳи он ки
Ҷӯшанда ту дар ғазаб шудастӣ.
Дидӣ, ки зи бохтар ба ховар
Зоғони сияҳ қанат кушоданд,
Дидӣ, ки ба гулшанат фашистон
Паймоншиканона по ниҳоданд,
Баҳри ғазабат ба ҷӯш омад,
Кардӣ ба сарат кулоҳи ҷангӣ,
Асбоби зафар гирифта бар даст,
Мондӣ қадамат ба роҳи ҷангӣ.
Вақте ки туро гусел кардем
Гуфтем, ки: “Душмани Ватанро
Аз шаҳри азизи сабзу хуррам,
Зан, эй писари далер маҳкам!”
Рафтӣ сӯи Ғарб аз дили Шарқ
Чун байрақи офтоби тобон.
Рафтӣ, ба раҳи ту дидаро дӯхт
Ҳар пиру ҷавони Тоҷикистон.
Мо дӯхта дидаро ба роҳат,
Рӯзона, шабона кор кардем,
Дар роҳи Сипоҳи Сурх худро
Монанди ту ҷонсипор кардем.
Ҳам кор намуда ҳам туро мо
Бо меҳр ҳамеша ёд кардем,
Аз чун ту писар-баҳодури хеш
Уммеди басе зиёд кардем.
Дирӯз расид муждаи нав,
К-аз дасти ту душманон ба доданд,
Дар шаҳри Ленин ҳама ба ту ном
Ҷанговари қаҳрамон ниҳоданд.
Чашмат, ки чу дидаи уқобон
Тез асту басо нишонагир аст,
Дар зери Ленингрод душман
Пайваста ба тири ту асир аст.
Донӣ, ки чӣ қадр дӯстонат
Доранд чу кӯҳ сарфарозӣ!
Донӣ, ки чӣ қадр халқи тоҷик
Имрӯз шудаст аз ту розӣ!
Дар шаҳру деҳоти ин диёрат
Мардум ҳама “Тешабой” — гӯянд...
Дар васфи ту шоирон ба ашъор
Нав-нав сухани баланд ҷӯянд.
Ҳамроҳи бародарон ба Мағриб
Эй дӯст, қадам гузоштан гир...
Чун сели баҳор зуд биштоб,
Ёрон ба ту интизор ҳастанд,
Биштоб, ки дӯстони ғарбӣ
Муштоқ ба навбаҳор ҳастанд.
Роҳи сафари муқаддасатро
Мардона қадам гузору тай кун!
Ронда, зада, кушта душманонро
Аз хоки азизи хеш ҳай кун!

1943



© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо