ФАРЗАНДИ ТУ МЕОЯД
Кушо оғӯши меҳрангези худро,эй диёри ман,
Ту, эй гаҳвораи аҷдодҳои номдори ман,
Замину боғҳои пурсафои лолазори ман,
Деҳоту шаҳрҳои пур зи шаъну ифтихори ман,
Ки сӯят меҳмон гардида фарзанди ту меояд.
Ҳамон тифле, ки бо сад нозу неъмат парваридӣ ту,
Ҳамон тифле, ки аз баҳри саодат офаридӣ ту,
Ҳамон тифле, ки онро дар баҳои ҷон харидӣ ту,
Ҳамон тифле, ки буд ҳам орзуву ҳам умеди ту,
Бузургу қаҳрамон гардида фарзанди ту меояд.
Диловар он писар рӯзе,ки мардона ба майдон рафт –
Ба зидди душмани ғаддор-бар зидди фашистон рафт,
Ба мисли оташи қаҳру ғазаб аз Тоҷикистон рафт,
Чу фарзанди вафодори Ватан бо аҳду паймон рафт,
Ватанро посбон гардида фарзанди ту меояд.
Писар нагзошт, ки ин мулки шодӣ ҷои ғамгардад,
Ба ҷои адлу инсофу карам ҳоким ситамгардад,
Писар нагзошт, ки қадри башар хоки қадамгардад,
Сари болои халқи мо ба назди хасм хамгардад,
Аҷал бар душманон гардида фарзанди тумеояд.
Ба истиқболи он гул мисли пойандоз меояд,
“ — Муборак бод!” — аз Помиру аз Дарвоз меояд.
Дил аз шодӣ ба мисли боз дар парвоз меояд,
Ба гӯшам нағмаи “Шаҳноз” аз ҳар соз меояд,
Суруди шоирон гардида фарзанди ту меояд.
Биё, маҳбуб!Омад ёри ту, чун интизорон бӯс,
Аз он рухсораҳои ошнои марди майдон бӯс,
Ту ҳам, эй модари хушбахт,бо меҳри фаровон бӯс ,
Тамошо кун рухашро гарму ҷӯшон бӯс, чандон бӯс,
Ки фахри модарон гардида фарзанди ту меояд.
1944
|