Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

АРӯС АЗ МОСКВА


Хабар омад, ки ояд аз майдон
Писари қаҳрамони тоҷикон,
Фотеҳ ояд ба сӯи хонаи худ,
Чун уқобе ба ошёнаи худ.
Сарфарозона шердил фарзанд
Дидаро аз назора ҳеҷ наканд.
ӯ ба рухсори пурсафои Ватан,
Деҳаву шаҳру кӯҳу боғу чаман,
Дар дили шӯхи наҳрҳои равон,
Ҳайкали пуршукӯҳи кӯҳистон:
Офтобу ситораҳои баланд,
Осмони кабуди бемонанд,
Хандаву завқи ёри ҷонона,
Гуфтугӯҳои меҳрубонона,
Дид бо дидаҳои барқафшон,
Бахту иқболи хешро хандон.

         * * *      * * *
Омаданд одамон, ки то бинанд
Рухи ҷанговаронаи фарзанд.
То ба ӯ марду зан салом кунанд,
Офарин хонда, эҳтиром кунанд.
Халқ оғӯш карда боз омад,
Тоҷикистон ба пешвоз омад.
Модари пир дар раҳи фарзанд
Моҳҳо, солҳо назар афканд.
Рӯзу шаб кораш интизорӣ шуд,
Дили ӯ баҳри беқарорӣ шуд.
Кард уммед чун писар ояд,
Хона аз рӯи келин орояд,
Бинад он бо камоли дилшодӣ
Писарашро ба рӯзи домодӣ.
Чун ба чашмаш рухи писар бинмуд,
Рехт ӯ ашки шодиёнаи худ.
Худ дар оғӯши марди майдон зад,
Аз рухаш бӯсаҳои ҷӯшон зад,
Кард дар лаҳзаҳои хушҳолӣ
Дили худро ба назди вай холӣ.
“Марҳабо! Модар аз сарат гардад!
Аз ду рӯю қаду барат гардад!
Дарду доғат набинам, эй писарам!
Решаи умрам, офтоби сарам!
Зуд бошад, ки хонадор шавӣ,
Соҳиби ёри дӯстдор шавӣ.
Ба ту бо ҷустуҷӯй аз ҷое
Ёфтам ман арӯси зебое,
Ба умеде, ки зудтар оӣ,
Чашми ӯ канда шуд зи раҳпоӣ”.
Писар аз илтифоти модари худ
Хандае кард бо рухи хушнуд,
Гуфт: “Модар, ба синни пири ту,
Ҳаққи мӯи сафеду шири ту,
Хӯрдаам борҳо зи ҷон савганд,
Ки манам бовафо туро фарзанд.
Меҳри ту пояи камолам шуд
Решаи бахти безаволам шуд.
Меҳри ту сахт кард иродаи ман,
Ба Ватан ваъдаҳои додаи ман.
Меҳри ту марги душманон гардид,
Хотири шоди дӯстон гардид.
Берун аз раъи ту нарафтам ман.
Ҳар чӣ гуфтӣ, ба дил нуҳуфтам ман,
Лекин ин майли охирини туро
Ҳеҷ кардан наметавонам адо,
Чунки ман ёри меҳрубон дорам,
Ёр не, ҷон ба ҷои ҷон дорам.
Русдухтар, Елена номи вай аст,
Хуштар аз номи вай каломи вай аст”.
Модар аз ин ҷавоб монд хомӯш,
Муддате ҷамъ карда ақлу ҳуш
Гуфт: “Фарзанд, ҷони ширинам,
З-ин хабар сохтӣ ту ғамгинам,
Назди мардум дурӯғгӯй шудам,
Таънаи одамони кӯй шудам.
Ту ки ошиқ шудӣ ба духтари рус,
Ман чӣ гӯям ба соҳибони арӯс?
Ман дигар на хаёли тӯй кунам,
На дар ин бора гуфтугӯй кунам”.
— “Тӯйро сар намой аз сари нав,
Ки арӯси ту ояд аз Маскав.
Тӯйро сар намо, ки ёр ояд,
Ёр чун бӯи навбаҳор ояд,
Ёр ояд, вафову аҳд ояд,
Гӯш кун ту: садои “Шаҳд” ояд,
Оламорой офтоб ояд,
Шабдурахшанда моҳтоб ояд.
Дар ҳама моҳу солҳои ҷанг
Буд бо ман мудом ҳамоҳанг,
Ҳар ду дидем оташу хунро
Ҷангҳои зи ақл берунро.
Гоҳ якҷоя шодмон будем,
Гаҳ саропо ба ғам ниҳон будем.
Хуни ҳар дуи мо, ки яксон рехт,
Ватан онро ба ҳамдигар омехт,
Хуни худ бӯ кунам гар акнунам
Бӯи хуни вай ояд аз хунам.
На фақат дил ба ишқи он шуд банд,
Риштаи ҷони ман бувад пайванд.
Ёд дорам, ки вақти маҷрӯҳӣ
Дар барам ӯ нишаст чун рӯҳе.
Рӯзу шаб бо азоби бедорӣ
Дод баҳри давои ман ёрӣ.
Дарди ман диду чораи ман ҷуст,
Роҳи умри дубораи ман ҷуст,
Ҷой шуд бо нигоҳи меҳрангез
Дар дили ман чу як рафиқи азиз”.
Модар оҳиста сар баланд намуд,
Майли гапҳои дилписанд намуд.
Дидаро кард во чу оина,
Зиндатар дид умеди дерина.
Орзӯяш намуд ҳамчун боз
Дар фазои васеътар парвоз,
Гуфт: “Эй нури чашм, бишнидам,
Ҳар чӣ гуфтӣ ту, нағз фаҳмидам.
Хоста рӯзи беҳтаринамро,
Барзада дасту остинамро,
Тӯй сар мекунем аз сари нав,
Ки арӯси ман ояд аз Маскав”.

1945



© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо