|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
БА ПОСБОНИ ГАНҶИНАҲО
Солҳо хобидаӣ, эй кӯҳсори тоҷикон,
Бар дари ганҷинаҳо чун посбони безабон.
Бар сарат ногоҳ пар мезад агар паррандае,
Аз дамат месӯхтӣ болу параш дар осмон.
Не касе дар ағбаҳоят роҳи рафтан мекушод,
Не касе бар қуллаҳои тези ту по мениҳод.
Гарчи номиданд як кӯҳи туро Кафтаргузар,
Кӯҳи саркаш кафтаронро ҳам
гузаргоҳе надод.
Дидаам аз сабзаҳо хуррам бувад оғӯши ту,
Кабкҳо хонанд форам рӯзу шаб дар гӯши ту.
Кас намедонад, ки чандин аср ҷорӣ гаштаанд
Обҳо аз чашмасори синаи хомӯши ту.
Ҳусни зебои табиат зиннати рӯи ту шуд,
Шаршара дар шӯхаҳояш тори гесӯи ту шуд.
Мерамид аз ту ҳаёту марг будат ҳамнишин,
Дилбари танҳои ту бозингар оҳуи ту шуд!
Дасти меҳнат кард вайрон хоби ороми туро,
Сохт равшан чеҳраи субҳи туро, шоми туро.
Қудрати ин халқро бингар, ки болотар намуд
Аз сари ҳар қуллаат ҳам шӯҳрату номи туро.
Мо кунун аз оби ту рӯят дурахшон кардаем,
Зиндагониро дар оғӯши ту ҷӯшон кардаем.
Мо тилисматро шикаста аз сари мардонагӣ
Ихтиёратро ба зери ҳукми инсон кардаем.
Ганҷи худро рез акнун пеши пои фотеҳон,
То Ватан гардад тавонотар аз ин ганҷи равон,
То дурахшон гардад аз ҳар пора лаъли кӯҳсор
Як чароғи тозае дар бӯстони тоҷикон.
1946
|
|