Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

САҲАРГОҲОН


Бишнав овози маро, мурғи саҳар,
То ки аз рози дилам ёбӣ хабар,
То ки ҳамовоз гардӣ субҳдам
Бо суруди мардуми соҳибқалам.
Гар ту мехоҳӣ,ки андозӣ назар
Дилкушо рӯи Ватанро хубтар,
Ҳар саҳар болу паратро боз кун,
Бо суруди шоирон парвоз кун!
Ин диёри пурсафои пурхурӯш
Субҳдам мову туро орад ба ҷӯш:
Субҳдам боғу чаман зеботаранд,
Кӯҳҳо байроқи заррин бар саранд;
Субҳдам чун офтоб ояд бурун,
Ҳусни зебои Ватан гардад фузун:
Субҳдам аз ҳар тараф форам насим
Мевазад шӯхона дар мулки азим.
Мамлакат озода мегирад нафас
Аз насими тоза бо ишқу ҳавас.
Дар саҳаргоҳони ҳикматноки мо
Муждаҳои тоза орад хоки мо.
Боби навро во кунад ҳар як саҳар
Дар китоби бахту иқболу зафар.
Меҳнати халқ аз сари субҳи баланд
Зиндагониро намояд дилписанд.
Эй қалам, гар ту яроқи шоирӣ,
Гар ба эҷоди сухан ту қодирӣ,
Аз ҳаёти мамлакат ғофил намон,
Дар миёни халқ беҳосил намон!
Кори ҳар якрӯзаро идрок кун!
Хизмати аъло ба хоки пок кун!
То ту фатҳеро ба фатҳе зам кунӣ,
Норасоии Ватанро кам кунӣ,
То ба ёронат ту ҳам ёрӣ диҳӣ,
Дар биное аз сухан хиште ниҳӣ,
То ту аз кон санг-ангиште канӣ,
Пораи маъдан ба деге афканӣ,
То ба саҳро ё ба боғи дилнишин
Донае рӯяд зи саъят аз замин.
Эй суруди ман,саҳар пар боз кун,
Дар деҳоту шаҳрҳо парвоз кун.
Фурсатеро ҳам мадеҳ аз дасти худ,
Пеш рав бо зиндагонӣ, зуд, зуд!

1946


© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо