|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
УҚОБ
Ҳеҷ донӣ, ту ки уқоб чӣ сон
Меҳрубонӣ кунад ба фарзандон?
Чун баҳоре, ки аз дарахти ҷавон
Аввалин ғунчаро шавад ҷӯён,
Бори аввал уқоби зирак ҳам
Хоҳад аз баччагон пари маҳкам.
Баъд берун аз ошён созад,
Дар фазои кушод андозад.
Гирдашон хеш бо парафшонӣ
Аз ҳар офат кунад нигаҳбонӣ,
То ба онҳо паридан омӯзад,
Дуру наздик дидан омӯзад.
Чун бубинад, ки баччагони ӯ
Мустақил мепаранд дар ин сӯ,
Худаш он гоҳ ифтихоркунон
Бипарад ба тамоми фарзандон.
* * * * * * * * *
Ба ту эй халқи Рус-халқи азим,
Ин масалро намудаам тақдим.
Тоҷиконро ту болу пар додӣ,
Қудрати тоза ин қадар додӣ.
Дар ҷаҳон ман надонам аз ту дигар
Халқи аъзамтару диловартар.
Халқи ман ҳамчу зӯри бозуят,
Ҳамраҳи ту бувад ба паҳлуят.
Мову ту одамони як Ватанем,
Якдилу якирода, яксуханем.
Байни дилҳои мо наёбад роҳ
Нияти бад ба мисли зоғи сиёҳ,
Писару духтарони як падарем,
Шӯълаи офтоби як саҳарем.
Бахту тақдири мо ягона бувад,
Мурғи бахти як ошёна бувад.
Давраи қаҳрамонӣ аст огоҳ,
Ки шуда хуни мову ту ҳамроҳ.
Мебарояд сурудат аз дили ман,
Мисли равшан чароғи маҳфили ман.
Дили ман медамад ба ишқи ту,
Дар шаби моҳтоб чун Омӯ.
Зиндаам то даме, ки ман ба ҷаҳон,
Дӯстиро сароям аз дилу ҷон.
Сӯи ту баҳри фазли номаҳдуд,
Халқи мо меравад чу оби руд.
Бо ту, эй халқи руси дурандеш,
Чархи даврони мо кунад гардиш.
Халқҳои Ватан дар оянда
Бо ту монанд шоду поянда.
Бо ту озоду пурзафар монанд,
Эмин аз хавфу аз хатар монанд.
1946
|
|