Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

БАДАХШОН


Бадахшон,Сарзамини кӯҳсорӣ,
Чи хушбоду ҳавову обшорӣ,
Калону хурд фарзандони худро
Саодатбахш,ҷоноҷон диёрӣ.
Уқобонро фазоят ошён аст,
Заминат бахти инсонро макон аст.
Чӣ гӯям аз баландии мақомат,
Ки худ як номи ту Боми ҷаҳон аст.
Пур аз аз ганҷ аст ҳар як домани ту,
Зи тавсиф аст берун маъдани ту.
Дигар ганҷинаи қиматбаҳотар
Бувад озодии марду зани ту.
Туро Руси тавоно чун мадад кард,
Ниҳоли умри ту сабзиду қад кард.
Диёрат — модарат бо меҳрубонӣ
Ҳаётатро дурахшон то абад кард.

1947



© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо