ҲАМСОЯ БОШАМ
Чаро ин қадр, ҷононам, сипоҳӣ?
Намесозӣ ба сӯям як нигоҳе,
Чӣ мешуд, ки ақаллан мефикандӣ
Назар бо гӯшаи чашми сиёҳе.
Туро бинам агар дар рӯ ба рӯям,
Намедонам, ки аз шодӣ чӣ гӯям!
Ба рақс ояд дилам аз шавқи васлат,
Нафас печида монад дар гулӯям.
Ба ҳоли ман табассум мекунӣ ту,
Маро ду дасту по гум мекунӣ ту.
Хулоса, ошиқи деринаатро
Хиҷил дар байни мардум мекунӣ ту.
Ҳамеша ҳамраҳат чун соя бошам,
Нахоҳам дурию якҷоя бошам,
Агар бошад илоҷаш хуб мешуд
Ки бо ту меҳрубон ҳамсоя бошам.
1947
|