Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

БА ДУХТАРИ ТОҶИК


Духтари тоҷик, Мо хонанда дар тӯи туем,
Шодмон сар то ба по чашме, ки дар сӯи туем.
Аз ҳамон рӯзе ки кардӣ пок ашки чашми худ,
Ошиқи пурхандалабҳои туву рӯи туем.

Ҳар нигоҳат шоҳиди барҷастаи даврони мост,
Ҳар табассум дар лабонат ғунчаи хандони мост.
Ҳар як овозе, ки аз ту мерасад дар гӯши мо,
Муждаи нав аз бузургиҳои фарзандони мост.

Мисли абре давраи пуроҳувоҳи ту гузашт,
Давраи нав сар шуда рӯзи сиёҳи ту гузашт,
Дар замони кӯҳна, гӯё, бандаи осӣ будӣ,
Ин ҷаҳони нав тамоман аз “гуноҳи” ту гузашт.

Роҳи ту чун қуллаҳои кӯҳсорон шуд сафед,
Пеши рӯят боз гардиданд дарҳои умед.
Мӯи ту дигар дарозу ақли ту кӯтоҳ нест,
Аз касе ин тӯҳмати ноҳақ нахоҳӣ пас шунид!

Меҳнати пурифтихори зиндагонӣ аз ту шуд,
Номи пуршаъну баланду қаҳрамонӣ аз ту шуд.
Ҳар чӣ дорад ин Ватан дороии мову туанд,
Санъату илму ҳунар, ишқи ҷавонӣ аз ту шуд.

е ту кай медод бахти ҷовидон моро салом?
Бе ту меомад магар субҳи сафо аз пушти шом?
Зиндагонӣ кардани мо бе ту номумкин бувад,
Гар нафас гирем мо бе рӯи ту, бодо ҳаром!

Чашмаҳо дар ҷӯш оянд аз хурӯҷи кори ту,
Пар кушояд боз пеши дидаи бедори ту.
Босаодат кишвари гулкардаи озоди мо
Сад баҳорон оварад гардида миннатдори ту.

Модари пуршафқати ояндаавлодон туӣ,
Даст бар гаҳвораи хушбахт фарзандон туӣ.
Аввалин ҳарф аз ту омӯзанд тифлон,
з-ин сабаб
Пояи мустаҳками фардои олишон туӣ.

Мекашад рассоми моҳир акси дилҷӯи туро,
Дояи иҷбол бофад кокули мӯи туро.
Менависад бо хати зар котиби таърихи мо
Корҳои бемисолу бахти некӯи туро.

Медали тиллоӣ аз Маскав ба номат омадаст,
Аз тамоми мамлакат мадҳу саломат омадаст.
Меҳрубон байроқи Ленини муаззам бар сарат
Чун нишон аз рӯзгори бардавомат омадаст.

1948


© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо