БАҲОРИЯ
Баҳор омад, садои булбул омад,
Насими фораму бӯи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард,
Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.
Пас аз боридани борони найсон
Чӣ зебоянд дашту кӯҳсорон.
Баҳор омад, чаман гулпӯш омад,
Дили мо баччагон дар ҷӯш омад,
Давидему ба сӯи боғ рафтем,
Ҳама монанди гул болида гуфтем:
Дарахти нав ба боғи нав шинонем,—
Дарахти себу шафтолу расонем.
Ба боғи мо дарахти нок рӯяд,
Анори лоларангу ток рӯяд.
Ҳамон соле, ки онҳо бор оранд,
Ба мо хурсандии бисёр оранд.
Мичуринвор бояд ҳар ҷавоне
Намояд кашф сирри боғбонӣ.
1948
|