Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
ХОНАИ МО ОН ҚАДАР ҲАМ ДУР НЕСТ

I

Гуфта будӣ, ин ки меҳмон мешавӣ,
Дар тани ҷонпарварон ҷон мешавӣ,
Рӯзу шабҳо интизорам ман ҳанӯз,
Бо дили уммедворам ман ҳанӯз.
Канда шуд дар роҳи ту чашмони ман.
Кай ту меоӣ? Биё, ҷонони ман!
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.

II

Ҳар ду дар як шаҳри нав сабзидаем,
Ҳар ду онро ҷону дил бахшидаем.
Шаҳри мо монанди боғу гулшан аст,
Манзили сайру тамошо кардан аст.
Сӯи мо гар бо суроғе меравӣ,
Аз миёни кӯчабоғе меравӣ.
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.

III

Менамоям ёду меҷӯям туро,
Бевафо, бераҳм мегӯям туро.
Хуб мешуд, ки ту ҳам ёде кунӣ,
Ёд аз мо бо дили шоде кунӣ.
Гарчи то имрӯз будӣ камнамо,
Баъд аз ин инсоф кун, ҷонам биё!
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.

1948


© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо