Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

ХОСТГОРӢ



Ман бо ту ба колхоз дароям, чӣ шавад,
Андар бағали пахта сароям, чӣ шавад,
Ҳар гоҳ қатори ман мукофот гирӣ,
Пас бар ту талабгор бароям, чӣ шавад?

Ҷоно, ту дар ин давр, ки озод шудӣ,
Чодар зи рухат фиканда дилшод шудӣ.
Гардам зи сарат, ки духтари колхозӣ,
Аз меҳнати коллективӣ обод шудӣ!

Омад ҳавасе чанд, ки сӯяш нигарам,
Бинам рухи маҳҷабини озодатарам.
Дидам ба хиром омада озод арӯс,
Гуфтам ки чӣ давлатест, омад ба сарам.

Хуш бош, дило, ки маҳҷабин омадааст,
Озоданигори пахтачин омадааст,
Кардам ба дил уммед, ки ёраш бошам,
Бингар, ки ба ман чӣ сон қарин омадааст.

1949



© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо