Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

ТО БА КАЙ


То ба кай пинҳон кунам дарди дили бечораро,
То ба кай аз ашки сӯзон тар кунам рухсораро.

Аз гулистони муҳаббат то расад бӯи вафо,
Аз сари кӯяш накандам дидаи наззораро.

Ҳар кӣ шуд бебаҳра аз савдои ишқи ошиқон,
Мезанад санги маломат ошиқи овораро.

Дар дили ҷонон намесозад асар овози ман,
Об созад нолаи ман гарчӣ санги хораро.

1950


© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо