|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
ОБХЕЗ
Кишвари тоҷик дорад кӯҳҳои сарбаланд,
Обҳои шӯх дорад, чашмаҳои дилписанд.
Абрҳо вақте ки дар болояшон ғун мешаванд,
Кӯҳҳо аз барфу аз борон дигаргун мешаванд.
Пиряхҳо қуллаҳои кӯҳро пӯшидаанд,
Аз забони ях дарахтон обро нӯшидаанд.
Рӯдҳои ҷорӣ аз ҳар як дара каф бар даҳон
Меҷаҳанд аз санг бар санге хурӯшон, сарфишон.
Аз сари Помир то кӯҳи Харангони Ҳисор,
Сӯи водӣ мефиристонанд, дарё бешумор.
Вахш сӯи Панҷи шӯҳратнок ояд лаб зада,
Аз бараш Кофарниҳон дар ёди Ому гап зада.
Тоҷикон нозанд аз ин гуна дарёҳои худ,
Аз мусаффо обҳои кишвари зебои худ.
Чунки онҳо чӯлҳоро обёрӣ кардаанд
Тоҷикистонро диёри пахтакорӣ кардаанд.
Чун расад аз ҷӯйҳои боғҳо овози об
Дар суруд ояд дили колхозчиён бо сози об,
Об нӯшад аз Душанбе пойтахти тоҷикон
Рӯзу шабҳои дарозе бо ҳаловатҳои ҷон.
Дар канори он бино кардем садҳо дастгоҳ,
Мустақиму рост одамро саодатбахш роҳ.
Симҳоро аз канори он танидастем мо,
Нурбахшанда чароғонро кашидастем мо.
Шаҳрҳо, қишлоқҳо, сарсабз саҳроҳои мо.
Мекунанд аз меҳр наззора ба дарёҳои мо.
Дар баҳор онҳо ҳамеша обхезӣ мекунанд,
Ростӣ, ки гоҳ-гоҳе бетамизӣ мекунанд.
Хуб шуд, ки нест оҷиз одами даврони мо,
Соҳиби техникаи олӣ бинокорони мо.
Менависам мухтасар, хонандаи мо, гӯш дор
Дар миёни обу одам ҷанг барпо шуд баҳор!
1951
|
|