Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

БА ДИЛБАР

I

Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас,
Ҷононаи ман фақат туӣ бас,
Чашмак зада ман ба сӯи ҳар кас,
Доим зи паят қадам гузорам.

II

Рӯят, ки ҳамеша лоларанг аст,
Бо куртаи атласат ба ҷанг аст.
Мардум ба ҷамоли ту гаранг аст,
Аҳволи асири ишқ танг аст,
Ман дода зи даст ихтиёрам.

III

Эй дилбари шӯхи бефаранҷӣ,
Як гап ба ту мезанам, наранҷӣ,
Охир зи кадом кони ганҷӣ?
Маҳсули кадом дасти ранҷӣ?
К-з ҳастии ту дар ифтихорам.

IV

Ёро, чӣ шавад, ки гоҳ-гоҳе
Бо гӯшаи наргиси сиёҳе,
Созӣ сӯи ошиқон нигоҳе?
Донӣ ту магар, ки ҳеҷ гоҳе
Дар ҳаҷри ту тоқате надорам?

V

Ҷононаи офтоб - партав,
Аз талъати хеш, эй маҳи нав,
Партавфикани ҳаёти мо шав,
Мебош ба мо рафиқу пайрав,
То ҷон ба ишорате супорам.

1938


© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо