СИТОРАИ МАН
Шаб надидам туро, Ситораи ман.
Шӯълавар дар ҳаво, Ситораи ман!
Дар ҳисоби ситораҳои фазо
Бе ту кардам хато, Ситораи ман.
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
Бо умеди саҳар нишастам ман,
Дида аз роҳи ту набастам ман,
Гардани хобро шикастам ман
Дар вафо устувор ҳастам ман.
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
Пахта дар интизори чидани туст,
Шавқманди гарав буридани туст,
Ман ҳаводори эътибори туам,
Дил ба уммеди сер дидани туст.
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
Гарчи дар ном худ Ситораӣ ту,
Дар латофат ситорапораӣ ту,
Ба ту Маскав ситораи нав дод,
Ҷуфт шуд, ҷуфт шуд ситораи ту!
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
1952
ҲАЛҚАИ ЗАРРИН
Ҳалқаи заррин ба оби руд рафт,
Ранги шодӣ аз рухи масъуд рафт.
Дилбари мо оббозӣ менамуд,
Дар миёни об бозӣ менамуд.
Дасту по мезад ба рӯи мавҷҳо,
Менамуд озод дар ҳар сӯ шино.
Ғӯтавар аз чашм мешуд нопадид,
Чун ҳубобе рӯи дарё медамид.
Об ҳам печид дар гирди сараш,
Танг гирад дар бағал то пайкараш.
Гашт он аз ҳамлаи дарё гаранг,
Барра гӯё хӯрд бар чанги паланг.
Ҳалқа аз гӯшаш ба оби руд рафт,
Ранги шодӣ аз рухи масъуд рафт.
Гуфтамаш: эй ҷони ширин, ғам махӯр!
Садқаи сар гӯю биншин,
ғам махӯр!
Баъд аз ин ҳам шоду хандонрӯй бош,
Дар баҳорон мисли гул хушрӯй бош.
Ҳалқа гум шуд, кам нагардад ҳусни ту,
Нағз донам,дам нагардад ҳусни ту,
Ошиқонро боз ҳам шайдо кунад,
Шӯри нав, ғавғои нав барпо кунад.
Ту маранҷ аз рӯдҳои кӯҳсор,
Гарчи густоханд, гарчӣ беқарор.
Бин чи сон нури фаровон медиҳанд,
Бар замин аз нур марҷон медиҳанд:
Чун ба дарё дидаро во мекунем,
Акси рӯятро тамошо мекунем.
Дил, ки шодон аст, аз ту – аз висол,
Манзил обод аст аз оби зулол.
1952
|