Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

ХАЁЛИ ХОМ


Буд даште васеу регистон,
Ки аз он шуд хиҷил дили инсон.
Оташафшону хокбирён буд,
Душмани беамони деҳқон буд.
Сабзаеро напарварида намаш,
Сӯхт тухми гиёҳро ба дамаш.
Дашт домандароз метобид,
Рӯзу шаб мурдавор мехобид,
Кард беҳад равандагон дилгир,
З-оташи реги ҷони одамгир.
Сӯхта,пухта роҳ мерафтанд,
Бо дили сип-сиёҳ мерафтанд.
Як дарахте дар интиҳои дашт
Дастгири равандагон мегашт.
Ҳар тараф шохҳош ёзонда,
Баргҳо аз шамол бозонда,
Ба замин рӯз соябон мешуд,
Дафъи гармии пурзиён мешуд.
Нафаси ҳар равандае, ки расид,
Андар он соя рост мегардид.
З-ин сабаб зад дарахти саҳроӣ
Ба ҷаҳон лофҳои танҳоӣ,
Ҳар киро дида ман-манӣ мекард.
Бо ҳамин нағма гапзанӣ мекард,
Ки: “Бубин, ман чӣ сон сарафрозам,
Яккаву беназиру мумтозам!
Дар биёбон мисоли ман аз сар
На будасту на мешавад дигар.
Ман набошам зи чӯли сӯзанда
Ҳеҷ як кас намеравад зинда.
Шукр кун, шукр,cояам з-ин пас
То нагардад кам аз сари ҳар кас,
То абад дор ҳурматамро пос,
Қимати хизмати маро бишнос,
Ҳар куҷое, ки меравӣ, аз ман
Сарфарозӣ куну бигӯ аҳсан”.
Ҳар ки бишнид ин суханҳоро,
Ин суханҳои пасту болоро,
Кард номусу дар ғазаб гардид,
Ғарқи андӯҳу ғарқи таб гардид,
Гуфт бо хеш: “Мард бошӣ агар,
Мардият боз ҳам ба кор бубар.
Ту, ки мушкилкушои худ ҳастӣ,
Холиқи муддаои худ ҳастӣ;
Чӣ қадар кӯҳу кӯҳсоронро,
Чӣ қадар водию биёбонро
Тобеи ихтиёри худ кардӣ,
Судбахши диёри худ кардӣ.
Пас чаро ин дарахти кӯтаҳбин
Менамояд дили туро ғамгин?”
Омаданд одамон гурӯҳ — гурӯҳ,
Чун сипоҳи азими пур зи шукӯҳ,
Даст бар дасти ҳамдигар доданд,
Зӯри бозуи коргар доданд.
Жола карданд арақ зи пешонӣ,
Ҳамчу деҳқон гаҳи заминронӣ.
Канда шуд ҷӯй — ҷӯйбори азим,
Ки зи обаш вазид тоза насим.
Аз дили дашт оби дарё рафт,
Сар-сари регҳои саҳро рафт.
Паст шуд оташу ҳарорати чӯл,
Зӯри ваҳшониву ҷасорати чӯл,
Андар он дасти саъю ишқу ҳавас,
Кӯшиши одами бамақсадрас
Донаи нав,ниҳоли нав овард,
Роҳати нав,камоли нав овард.
Дашт гардид иваз ба як водӣ —
Водии беназири ободӣ.
Аз дарахтони тозаву зебо
Мефитад сояҳои тан — осо,
Мерасад меваҳои бемонанд
Ба ҳама мардуми саодатманд.
Дида ин ҳолро дарахти пир,
Нарм гардид оқибат чу хамир.
Зад ба сар даст аз пушаймонӣ
Хонд лаънат ба ҷаҳлу нодонӣ.
Гуфт: “Ин даври худситоӣ нест,
Давраи одами ҳавоӣ нест.
Ҳар кӣ мағрури фазли хеш шавад,
Аз қафои хаёли хом равад”.

1940



© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо