БА РАҚҚОСА
Қадат он қадр, ҷонон, лаҳзаи рафтор мезебад,
Ки баҳри пойандозат фақат гулзор мезебад.
Ту механдию гул сад бор мегардад фидои ту,
Ту лаб во мекунию лаъл миннатдор, мезебад.
Зи печу тоби ту гардад кабӯтар дар ҳаво қоил,
Ба наздаш бод агар сар хам кунад ночор, мезебад.
Ба ҷои ашк аз чашми ту нури маърифат резад,
Диҳам нисбат ба чашмат наҷми пуранвор,мезебад.
Ман ин фазлу камолатро ба олам мунташир созам,
Аз он гар духтари Эрон шавад бедор, мезебад.
Хуш он касро, ки монанди ту ёру ҳамнишин дорад,
Ба олам ҳар ҷавонеро чунин ҳам ёр мезебад.
1940
|