Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

БА ГУЛИ БОҒИ ТОҶИК



Чӣ гӯямат, ки азизам, туро дар он бинам,
Ба пеши хеш чу оина ҳар замон бинам.
Ту офтобию сайёрагон дигарҳоянд,
Даме ки чеҳраи ту байни духтарон бинам.
Агар ба боғ равӣ, боғ мешавад гулзор,
Ба пеши сарв равӣ, сарвро ҷавон бинам.
Муборакат шавад ин шаън, духтари тоҷик,
Туро шукуфтагули боғи тоҷикон бинам.
Миёни анҷумане гар шавӣ суханпардоз,
Забони хурду калон баста дар даҳон бинам.
Аз обрӯи ту ҳам назм мебарад сабзиш,
Ҳамеша номи ту шаҳбайти шоирон бинам.
Чи гуна бахт, ки хондию инжинер шудӣ,
Туро кунун сабақомӯзи олимон бинам.
Ҳунар ба ҷои нигин омада дар ангуштат,
Ба по зи дасти ту ҳар гуна сохтмон бинам.
Миёни халқ аҷаб соҳибэътибор шудӣ,
Ки номи бошарафат вирди ҳар забон бинам.
Намонд тоқати дурию дар суроғат ман,
Худат бигӯ, ки туро дар куҷо, чӣ сон бинам?
Даме ки ҳарду ба як ҷой рӯ ба рӯ гардем,
Зи хуррамӣ сари худро дар осмон бинам.

1940


© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо