Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

МАРҲАБО

Духтари ӯзбек, моро гӯш кун!
Дигаронро андаке хомӯш кун.
Гӯш кун!Гапҳои мо беҳуда нест,
Ин садоҳои дили осуда нест.
Шавқи ту моро ба илҳон оварад,
Рӯ ба сӯи ӯзбекистон оварад.
То сухан чун қомати мавзун шавад,
Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад.
Кошкӣ, табъи равон медоштам,
Рӯдакиқудрат забон медоштам,
Менавистам ҳусну алтофи туро,
Рӯи некӯву дили софи туро.
Ту магар он нестӣ, ки Шарқро
Аз нигоҳи хеш кардӣ пурсафо?
Шарқиён рӯи туро чун дидаанд,
Гул зи боғи ӯзбекистон чидаанд.
Ҳар куҷо ки рафт гуфтугӯи ту,
ӯзбекистон буд дар паҳлӯи ту.
Тоқии такдӯзии олампаноҳ,
Куртаи шоҳию чашмони сиёҳ,
Аз сари минбар сухангӯии ту,
Хотири аҳли адабҷӯии ту,
Сомеонатро ба ҷӯш андохтанд,
Дил ба даст овардаву дил бохтанд.
Ёд дорӣ дар лаби дарёи Нил
Мекашидӣ чун бари домони дил,
Духтари Мисрӣ туро табрик кард,
Бо табассум хешро наздик кард.
Дер чашмонро ба сӯят дӯхт он,
Аз нигоҳи ту сабақ омӯхт он.
ӯзбекистон дар барат истода буд,
Чун гулистону чаман озода буд.
Акси рӯятро ба об андохтӣ,
Моҳро аз Нил берун сохтӣ.
Мавҷҳои Нил пуртуғён шуданд,
Кафк бар лаб кардаву ҷӯшон шуданд.
Мавҷ озод аст, аммо бурда ранҷ
Партизандухтар Ҷамила дар шиканҷ.
Гар хабар меёфт аз ташрифи ту,
Рақсҳо мекард бо таклифи ту.
Дӯстам, ранҷидан аз инсоф нест,
Ҳарчӣ дар ҳаққи ту гӯям, лоф нест.
Миср пур шуд аз ҳикоятҳои ту,
Хоки Ҳиндустон зи нақши пои ту.
Дар барат тоҷик чун хеши ту буд,
Шоира Амрита дар пеши ту буд,
Бо навои мутрибони хушнаво,
Меҳмондории шарқӣ шуд ба по.
Рақси ҳиндӣ, шеъри русӣ ҷӯр шуд,
Сӯҳбати ширини ту машҳур шуд.
Маҷлиси моро қалам тасвир кард,
Мулки дилро дӯстӣ тасхир кард.
аст дар ёдам, ки ҳангоми сафар,
Карда будӣ дӯтонатро хабар:
“Меҳмон дар Тошкенти мо шавед,
Аз тамоми Шарқ назди мо равед!”
Шарқиёнро даъватат дар ёд монд,
Ҳар диле бо ёди рӯят шод монд.
Вақт омад, меҳмонон мерасанд,
Аз ҳама кишвар адибон мерасанд.
Духтари ӯзбек соҳибхонаӣ,
Аз камию костӣ бегонаӣ.
Метавонӣ меҳмондорӣ кунӣ,
Дилнавозиҳои бисёре кунӣ.
Мамлакат дар ихтиёри туст, туст,
ӯзбекистон дар канори туст, туст.
Ман ба ёрии ту шодон меравам,
На ба по, бо сар шитобон меравам,
Маҷлисороӣ туро хос аст, хос,
Хотири ёрони худро дор пос.
Даст дар бар карда сӯи дар биё,
Меҳмон омад ба дар, гӯ:— Марҳабо!

1958



© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо