Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

РӮДИ КӮҲӢ


Нишастам дар лаби дарёи кӯҳӣ,
Ба худ ман ёфтам маъвои кӯҳӣ.
Сараш бар санг мезад рӯди кӯҳӣ,
Ба доман чанг мезад рӯди кӯҳӣ.
Ба мисли шири навҷӯшидае буд,
Палангу бабри хуннӯшидае буд,
Дара аз ғурриши обаш садо дод,
Насимаш рӯҳро, ҷонро ғизо дод.
Нишастам дар канораш шеър гуфтам,
Ҳамеша аз насимаш табъ суфтам:
Бад-ӯ гуфтам, ки рӯди равшанастӣ,
Муроду мақсади ҳар гулшанастӣ.
Дилат пурҷӯш, рӯят нурбор аст,
Ба ҳар ҷое ки рафтӣ, навбаҳор аст.
Ҳавои боғу бӯстон хуррам аз туст,
Замини Тоҷикистон хуррам аз туст.
Чароғи хонаи моро фурӯзӣ,
Лаби чоки биёбонро ту дӯзӣ.
Ту ваҳшӣ будию мо ром кардем,
Туро бо коммунизм инъом кардем.

1959



© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо