|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
ДУРАХШОН ҚУЛЛАҲО
Дар миёни кӯҳсоронам рафиқ!
Дар баландӣ ошён монам рафиқ!
Бо ғизоли кӯҳсорон ҳамсарам,
Бо уқобон менишинам, мепарам.
Мезанам паҳлӯ ба рӯи сангҳо,
Чашм медӯзам ба зебо рангҳо.
Бешаи сабз аст ороми дилам,
Кӯҳ девори баланди манзилам.
Офтоб аз Шарқ чун рахшон шавад,
Байрақи болои кӯҳистон шавад.
Хостам дар кӯҳҳо гардиш кунам,
Мисли оби рӯдҳо варзиш кунам.
Гирам аз гесӯи ҳар як шаршара,
Аз суруди хеш пур созам дара.
Бишнавам аз кӯҳ то акси садо,
Гӯядам, шояд, ки: “— Фарзандам, биё!
Андаке мавзӯъро тағйир кун,
Ин бузургии маро тасвир кун.
Қуллаи ман то дари афлок рафт,
Пои ман бар мағз-мағзи хок рафт.
Дар ҳама рӯи ҷаҳон чизи дигар
Нест аз барфи сари ман тозатар.
Бигзарад тӯфон чу аз паҳлӯи ман,
Як сари мӯ хам нагардад мӯи ман,
Одамон ишқ аз ватан омӯхтанд,
Устувориро зи ман омӯхтанд.
Бар сарам монанди қандил ахтарон
Шӯълаборӣ мекунанд аз Каҳкашон.
Моҳи сунъӣ низ бо ахборҳо
Гашт аз гирди сари ман борҳо.
Доманам саҳрои ҳосилхез шуд,
Боғҳои хурраму гулрез шуд.
Шаҳрҳо монанди ман боло шуданд,
Бо мани сар дар фалак ҳампо шуданд...”
Хостам поро ниҳам бар қуллае,
Пеш омад лек дигар қуллае.
Қуллаҳо аз ҳамдигар болотаранд,
Дар шукӯҳи хеш дигар-дигаранд.
Ман ба худ гуфтам, ки ин даврони мо
Ҳаст айнан мисли кӯҳистони мо.
Чун ба оянда сафар кардем мо,
Аз баландиҳо гузар кардем мо.
Мушкилиҳоро канор андохтем,
Олами бахту шарафро сохтем.
Боз дар пешанд пуршон қуллаҳо,
Ҳам бузургу ҳам дурахшон қуллаҳо.
Пеш рав, дар кӯҳ гардиш кун, рафиқ!
Мисли рӯди шӯх варзиш кун рафиқ!
Пеш рафтӣ, кор осон мешавад,
Қуллаи нав ҳам намоён мешавад.
1959
|
|