НОНУ НАМАК
Ба пеши чашм хандон духтарак буд,
Ба дасти духтарак нону намак буд.
Ба чашми ҳар яки мо чашм афтод,—
Ду чашми софтар аз яшм афтод.
Аз ин рӯи сафеду мӯи заррин,
Лаби пурхандаву гапҳои ширин,
Ҳувайдо шуд ҷамоли Украина,
Шукӯҳи безаволи Украина.
Тулӯи офтоби Украина,
Шуои фатҳи боби Украина,
Сафои сарзамини Украина,
Ҳавои дилнишини Украина.
Ба пеши чашм хандон духтарак буд,
Ба истиқболи мо нону намак буд.
Ду дастам бо сари хам боз кардам,
Сухан бо ҳукми дил оғоз кардам.
Ман он нону намакро бӯса кардам,
Ташаккур гуфтаму бар чашм бурдам.
1962
|