ТАРОНАИ ИШҚ
Шоири бе ишқ мурғи бе пар аст,
Беҳарорат моҳу беҷон пайкар аст.
Шоиронро ишқ ҳотам мекунад,
Сарбаланди рӯи олам мекунад.
Ишқ шоирро ба ҷунбиш оварад,
Дар сари майдони санҷиш оварад.
Қатрае хоҳӣ агар, дарё диҳад,
Гӯшае хоҳӣ агар, дунё диҳад.
Гар намояд ёр як наззорае,
Шоир орад аз фалак сайёрае.
Ёр агар гӯяд ба оташ зан, занад,
Чоҳ бо сар кан агар гӯяд, канад!
Гар навозад ғунчаи хандон шавад,
Гар биҷангад, тифлаки гирён шавад.
Ғамзае, ки дилбари танноз кард,
Шоиронро банда дар Шероз кард.
Холи ҳинду мулки дилҳоро гирифт,
Ҳам Самарқанду Бухороро гирифт.
Мо, ки аз шерозиён кам нестем,
Дар саховат камбағал ҳам нестем.
Ҳар чӣ хоҳад, ёр, инъомаш кунем,
Ҷону дилро садқаи номаш кунем.
Ёри мо арзандаи дунё шудаст,
Буд зебо, боз ҳам зебо шудаст.
Як назар кун, мӯй бину рӯй бин,
Гӯш кун маънии гуфтугӯй бин.
Нозанин гӯӣ агар, гул мекунад,
Бӯса деҳ гӯӣ, таҳаммул мекунад.
Дар такаллум, дар табассум ёр ӯст,
Дар муҳаббат ҳокими мухтор ӯст.
На касе ӯро фурӯшад, на харад,
На ба зӯрӣ, на ба зар ӯро барад.
Чун фурояд аз сари кӯҳи баланд,
Шодии водинишин гардад дучанд.
Чун фурояд, ояд овоз аз дара:
“Акси худро бин дар оби шаршара.
Қоматат, гӯяд, ки зебоӣ манам,
Чашми ту гӯяд, ки доноӣ манам.
Шӯҳрати озодии ман дар ман аст,
Нури дониш, қудрати фан дар ман аст”,
Ҳастияш субҳи шаби торик шуд,
Достони шоири тоҷик шуд.
Ёри мову дилбари шерозиён,
Фарқи он аз ин — замину осмон.
Чашми он тарсад шуои барқро,
Рӯи ин равшан намояд Шарқро.
Ҳадя орам ман ба ӯ ду қитъаро,
Қитъаҳои Осиё, Африкаро.
Бахшамаш ду қитъаи машҳурро,
Қитъаҳои саркашу мағрурро.
Қитъаҳоеро, ки хунҳо рехта,
Хокҳои душманонро бехта,
Қитъаҳоеро, ки исён мекунанд,
Зулмро бо хок яксон мекунанд.
Қитъаҳоеро, ки мисли офтоб
Сар бароварданд аз зери саҳоб.
Духтари тоҷик, эй уммеди кул,
Тӯҳфаи моро намо лутфан қабул!
1962
|