Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

ШОИРО

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар!

Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,
Аз шароре тоза гулхан офарад.

Пурҳарорат гар намешуд офтоб,
Зиндагӣ мегашт аз сармо хароб.

Бе ҳарорат санг буду дил набуд,
Дилкушою пурсафо манзил набуд.

Бе ҳарорат не дамидан буд расм,
Не шукуфтан,
не расидан буд расм.

Бе ҳарорат дар лабонат ханда нест,
Хандаи чун машъали тобанда нест.

Шоиро, аз сӯхтан ҳаргиз манол,
Сӯхтанро дӯст медорад висол.

То насӯзӣ, сохтан мушкил бувад,
Дил ба ҷонон бохтан мушкил бувад.

Шеър ҳам бояд занад фавворае
Аз танӯри дил чу оташпорае,

Сар занад аз дил, ба дил коре кунад,
Нармтар сангин дили ёре кунад.

Ёр донад, ки чӣ бошад сӯхтан,
Дар вафодорӣ сабақ омӯхтан.

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар!

1962

© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо