Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

ГАРДИ РОҲ

Гарди раҳ овардаӣ ту дар сари мижгони худ,
Кулфати шабҳои ноором дар чашмони худ.
Ҳазлро партофта, гӯё ки дар аснои роҳ,
Кардаӣ хомӯшии бисёрро сомони худ.

Дар сафар нагрифтат оё аз бағал дасти сабо,
Як даре дар нисфи раҳ оё нагуфтат марҳабо,
Боварӣ ҳаргиз надорам, ки туро сидқу вафо
Карда бошад дар тамоми роҳ аз чашмаш хато.

Чашмҳо буданд дар роҳи ту доим интизор,
Аз қадамҳои ту мекарданд садҳо ифтихор.
Ту қадам мемондию аз хок мебардошт сар
Донаи пошидаи деҳқон дар айёми баҳор.

Зиндагии дар паси сар мондаро идрок кун,
Аз ғубори роҳи дуродур мижгон пок кун.
Роҳ дар пеш аст, дам гиру нафасро рост кун,
Чашм сӯи қуллаи тобанда то афлок кун.

1965

© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо