Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

БО ЧАШМИ ТУ

Обрӯи ишқро чашми ту бардорад баланд,
Фитнаи ағёрро мардона нанмояд писанд.
Чашмро, эй ҷони ман, аз сӯи ман
ҳаргиз макан,
Чунки дорад ҳар нигоҳи дӯст як маънои панд.

Чашми алмосии ту дар шишаи дил кора кард,
Зиндагии талху ширини маро наззора кард,
Хост гирад пеши чашмам пардаи абри ғурур,
Чашми бинои ту мисли барқ онро пора кард.

Бе сухан бо чашми ман чашми ту
дорад гуфтугӯ,
Гардад огаҳ, дар дилам ҷунбад зи ҷо
як қадри мӯ.
Дар бадан хуни маро чашми ту меорад ба ҷӯш,
Чун мае, ки солҳо хобида бошад дар сабӯ.

Хешро месанҷам аз сар то ба по бо чашми ту,
То намоям сафҳаи дил пурсафо бо чашми ту.
Ноаён мемонд дар чашмони ман нуқсони ман,
Кардам онро ошкоро, дилбаро, бо чашми ту.

1965

© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо