Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

СИТОРА НАЗДИК

Ҷонон ба ҷустуҷӯят рафтам ба кӯҳи Помир,
Пайваста кӯҳсорон буданд мисли занҷир,
Дар рӯи қуллаҳояш, дар боми хушҳавояш
Бо маҳ шудам ҳамоғӯш, бо осмон гулӯгир.

Кардам ба кӯҳсорон чун ошиқон назора,
Мерехт зарра-зарра аз чашми ман шарора,
Шаб то саҳар нахуфтам, афсонаи ту гуфтам,
Гӯё ки дар кафи худ бардоштам ситора.

Фарёди рӯди кӯҳӣ ҳар дам ба гӯш омад,
Чун кабки кӯҳсорон дил дар хурӯш омад.
Гуфтам, ки бода нӯшам, пӯшида бода нӯшам,
Дар пайравиям аз кӯҳ овози “нӯш” омад.

Кӯҳи баланди Помир, Боми Ҷаҳони тоҷик
Чун дид шоирашро, шодона кард табрик.
Аммо туро чӣ гӯям, ҳангоми ҷустуҷӯям
Аз ман ту дур будӣ, гарчӣ ситора наздик.

1965


© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо