|
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода
|
|
|
ИНСОН ВА КӮҲ
Тангдил ҳаргиз набудӣ дар ҷаҳон,фарзанди кӯҳ,
Доштӣ дар санг гарчанде макон, фарзанди кӯҳ.
Кӯҳсори тангро як оламе пиндоштӣ.
Умри зоеърафтаро беғам даме пиндоштӣ.
Шодмон мезистӣ, ки бо уқобон ҳамсафӣ,
Сар ба сақфи осмонию ситора дар кафӣ.
Зистӣ чун рӯди ноором дар оғӯши кӯҳ,
Омад овозат ба гӯш аз синаи хомӯши кӯҳ.
Кӯҳро аз баҳри худ тахти Сулаймон сохтӣ,
Бофтӣ аз сабза қолину ба зер андохтӣ.
Рашк мебурдӣ, ки аз як ҷӯй ҳосил мешавад,
Ҷӯ ба дарёҳои шӯрангез дохил мешавад.
Рашк мебурдӣ, ки кӯҳи сарбаланди нуқрапӯш,
Осмони нилгунро мекашад бар рӯи дӯш.
Рашк мебурдӣ ба раъду барқи фасли навбаҳор
К-ӯ ба як чашмак задан равшан намояд кӯҳсор.
Рашк мебурдӣ, ки дорад бол парранда, ту не,
То саҳар гаҳ кирмаки шабтоб рахшанда, ту не.
Рашк мебурдию месудӣ ду поятро ба санг,
То кушоӣ аз дили хоро раҳи борику танг.
Кӯҳ нашносад туро, гӯяд, ки эй фарзанди ман,
Бехабар мондам, чӣ сон гаштӣ раҳо аз банди ман!
Синаамро кофта осуда тарконӣ маро,
Зилзила нохоста ҳар рӯз ҷунбонӣ маро.
Раъду барқи осмонӣ хира шуд аз дасти ту,
Бо замин моҳи фалак ҳамшира шуд аз дасти ту.
Даст сӯи осмон бардоштанҳоят чӣ шуд,
Домани тақдир маҳкам доштанҳоят чӣ шуд?
Дида азматро дигар нашнохтам,фарзанди кӯҳ,
Сар ба поят ноилоҷ андохтам, фарзанди кӯҳ.
1967
|
|