ДАР БОЗОРИ КИТОБ
Ба бозори китоб афтод рӯзе
Гузори шоири дар тобу сӯзе,
Умеде дошт, ки бинад китобаш,
Китоберо, ки бурд аз дида хобаш.
Чи сон хонандаро мафтун намудаст,
Ба гирдаш толибон чун ғун намудаст.
Чи сон ҳар сатри он вирди забон аст,
Суруди дилфиреби ошиқон аст.
Парешонҳол мегардид нозир,
Ба савдои китоби хеш шоир.
Паи хонандагон соат ба соат,
Намешуд канда з-ин қасри саодат.
Яке Пушкин, дигар Хайём мехост,
Суруди ишқ,бонги ҷом мехост.
Садои дил, фурӯғи дида меҷуст,
Дуру дурдонаҳои чида меҷуст.
Тавону сабри шоир тоқ гардид,
Дилаш хонандаро муштоқ гардид.
Касе аммо намепурсид номаш,
На осораш, на шеъраш, на каломаш.
Ба дил гуфт ин чи шӯр асту чи ошӯб,
Ки Пушкин зинда, Хайём аст маҳбуб!
Чаро онҳо ҳанӯз овоза доранд,
Ҷавон гардида рӯҳи тоза доранд.
Чаро онҳо чунин хонанда доранд,
Ки бар Хайёму Пушкинҳо гул оранд.
Мани зинда чаро беэътиборам,
Сари мӯе чаро қадре надорам.
Чаро бозори шеъри ман касод аст,
Магар дар назм мардум бесавод аст.
Ман охир шоири ширинзабонам,
Ҳамовозу ҳамоҳанги замонам.
Бад-ин андеша соатҳо гузаштанд,
Аз ӯ хонандагон огаҳ нагаштанд.
Намедонист шоир, ки ба каф ҷом
Ҳамеша гирд мегардад дар айём.
1967
|