Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

БА КӮҲСОРИ ТОҶИК



Салом, эй кӯҳсори Тоҷикистон
Диёри пурсафои хубрӯён.
Ғазалхон омадам монанди булбул
Ба боғат парзанон дар дидани гул.
Баландӣ он қадар дар қадду қомат,
Ки ҳатто “Боми Дунё” гашта номат.
Сарат аз барф гарчанде сафед аст,
Дилат аммо ҷавону пурумед аст.
Ҳамеша сабзу хуррам домани ту,
Тароватбахш боғу гулшани ту,
Даруни синаат чун Панҷ пурҷӯш,
Танатро лолаҳо бинмуда гулпӯш.
Ба ёдат ҳаст, як вақте ба инсон
Ҷафо кардию бигрифтӣ аз ӯ ҷон,
Чу тири тӯпи сарватдори дунё
Ҳаво додӣ ба сӯяш тармаҳоро,
Ба зери жолаву борон гирифтӣ,
Раҳи ҷангу раҳи толон гирифтӣ,
Ба одамҳои оҷиз ханда кардӣ,
Ба дом оварда ӯро банда кардӣ.
Ба болоят агар парранда ногоҳ
Паре мезад, параш месӯхт чун коҳ.
Рамиданд аз ту мурғони хушовоз,
Накардӣ баҳрашон оғӯши худ боз.
Чу дидӣ мардуми оҳанирода,
Даҳонат монд аз ҳайрат кушода.
Гирифтандат ба зери ҳукму фармон.
Шудӣ қоил ба азми болшевикон.
Кунун аз ҳусни худ гаштӣ сарафроз
Ба монанди сияҳчашмони Дарвоз.
Муборак роҳи нав, эй кӯҳсорон —
Қаротегину Дарвозу Бадахшон!
Халос аз рӯзгори танг гаштӣ,
Чу гул бишкуфтию хушранг гаштӣ.
Нишаста рӯи мошин тоҷик имрӯз
Ба ҳар ҷо меравад бо бахти фирӯз.
Касеро, ки ба ӯ додаст илҳом,
Ҳам озодию фирӯзию ҳам ном,
Ба ёд оварда мекӯшад ба кораш,
Ба нафъи давлату нафъи диёраш.

1940



© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо