Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

ВОДИИ ҲИСОР



Солҳое, ки ман ҷавон будам,
Бехабар аз гапи ҷаҳон будам.
Бо ду чашми кушода дар олам
Ҳар чӣ медидаму намедидам.
Рӯзу шаб мегузашт бематлаб,
Беқалам, бекитоб, бемактаб.
Вақти ман сарфи беқарорӣ буд,
Хокбозию харсаворӣ буд.
Падарам хоб карда дар хона
Ким-чи мегуфт мисли девона,
Буд оҳаш чу дуди оташдон,
Чеҳрааш зард мисли барги хазон.
Модарам буд тирарӯю карахт
Мисли бебаргу бор шохи дарахт.
Нолаву оҳашон ҳисоб надошт.
Зиндагешон ба ҷузъ азоб надошт.
Дар ҷавонӣ чу ғунчаи беранг
Ман дар он хона мешудам дилтанг.
Хонамон буд дар Ҳисори қадим,
Дар Ҳисори харобаи пурбим.
Қалъае байни деҳа меистод,
Даҳшатовар чу ҳайкали ҷаллод.
* * *
Ҷониби кулбаҳои вайрона
Чашм медӯхт худписандона.
Зери он қалъа пур буд аз сарбоз,
Пур зи сарбозҳои одамтоз.
Як гурӯҳ одамон — ҷавону пир
Даст дар пушту пой дар занҷир,
Саҷдаи боргоҳ мекарданд,
Марги худро нигоҳ мекарданд.
Соддалавҳона ман ба ин манзар
Менамудам нигоҳ карда гузар.
* * *
Рӯзе аз рӯзҳои фасли баҳор,
Ки дили баччагон надошт қарор,
Берун аз деҳаи Ҳисор шудем,
Ҷониби дашти лолазор шудем.
Абрҳо рӯи осмони баланд
Болу пар боз карда мегаштанд.
Осмон беҳисоб мекорид
Бар замин донаҳои марворид.
Абр гирёну лолаҳо хандон,
Бод ларзону сабзаҳо рақсон,
Ходими давраи баҳор буданд,
Зиннаторои марғзор буданд.
Лек, ҳайҳот, андар он водӣ,
Кас намедид чеҳраи шодӣ.
Ҷилваи лолаҳо надошт асар
Ба дили одамони ин кишвар.
Дашту саҳро агарчи зебо буд,
Лек берӯҳ мурдаосо буд.
Болшевик омаду хитоб намуд;
Халқи афтода тарки хоб намуд.
Корвони ҳаёт чандин сол
Мегузашт аз миёни ҷангу ҷидол,
Оташу хун ба даҳр буд ҳоким-
Ҳокими кишвари ҷаҳони қадим.
Халқи шӯрида чун зафар бинмуд,
Зиндагонии тозае сар шуд.
* * *
Баҳри халқи ватан падар-Ленин,
Кард кору талошро талқин.
Марди деҳқон замину об гирифт,
Писару духтараш китоб гирифт.
Корвони ҳаёт кард шитоб,
То кунад бахти хешро дарёб,
Кор болои корҳо ҷӯшид,
Монда ногашта халқ ҳам кӯшид.
Қаҳрамонии халқ дар даҳ сол
Кард обод хонаи иқбол.
Мана имрӯз ман дар ин водӣ
Месароям суруди озодӣ,
Илми ленинӣ бошуурам кард,
Ҳамчу сарбози сурх зӯрам кард.
Ман дар оғӯши шаҳри зебоям,
Шаҳри зеботарини дунёям,
Шаҳри пуршаъни болшевик — эҷод,
Шаҳри нав — шаҳри хурраму обод,
Шаҳр не, боғу бӯстон ин ҷост,
Боғи уммеди тоҷикон ин ҷост.
Дили пурҷӯши Тоҷикистон аст,
Тоҷикистон тан асту ӯ ҷон аст.
Ҳар саҳар мекунад маро фарёд
Мактабу санъату клубу завод,
Ҳар кас ин ҷо ба як ҳунар банд аст,
Олиму фозилу ҳунарманд аст.
Домани шаҳр пур зи неъмат шуд.
Неъмати одамони меҳнат шуд.
Аз замини деҳоти колхозӣ
Халқ розию мамлакат розӣ.
Ҳосилоташ чун фаровон аст,
Ки аз он оби баҳр ҳайрон аст.
Шар-шари оби ҷӯйбори Ҳисор,
Вазишу гардиши насими баҳор,
Ба ситамдидагони Шарқи асир
Мекунанд ин ҳаётро тасвир,
Аз фазо қатра-қатра меборад,
Арақ аз рӯи лола мешорад,
Марди колхозчӣ бар замин озод
Мекушояд кулочи хеш кушод.
Ман ҳам аз ҷону дил дар ин водӣ
Месароям суруди озодӣ.

1940


© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо