Хуш омадед ба сомонаи Наврӯзи

12

Наврӯз

'Наврӯз (форсӣ: نوروز , курдӣ: Newroz) — Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқони пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.' );

Наврӯз дар Узбекистон

Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Узбекистон бо руҳи сиёси доир карда мешавад. Холо дар Узбекистон ибораи «узбекони бостони» садо медиҳад ва дар миёни аҳли илм низ акидае чо дорад, ки гуё мардуми узбек қабл аз одамато ва момохаво пайдо шуда бошад. Ва дар демукросии имрузаи Узбекистон чунин ақида роич аст. Навруз дар Узбекистон бо номи «Навруз байрами» ба таври расми хар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Зеро Самарканд, Бухоро ва Фаргона аз манотики тоҷикнишини Узбекистон маҳсуб мешаванд ва то хол сунан ва ойинхои Наврузи дар миёни сокинони ин манотик то андозае ҳифз шудааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои маркази, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Кеш, Китоб, Термиз, Дехнав, ки мардуми тоҷик аз кадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахчоии ин манотик тоҷик ҳастанд, анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми узбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотики мухталифи Узбeкистон газои наврузи - саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегуянд. Сумалак рамзи абадият аст.»

-- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- ---

Наврӯз дар Туркманистон

Наврӯз дар Туркманистон, дар муқоиса бо кишварҳои дигари туркзабони минтақаи Осиёи Маркази ба таври густардатар таҷлил мегардад. Давлати Туркманистон рузҳои 20, 21 ва 22 мартро ба унвони таҷлил аз Наврӯз ё ба истилоҳ «Наврӯз байрам» эълом кардааст. Дар канори оростани суфраи наврӯзи, баргузории мусобикаи ҷовандози ё бузкаши, аз вижагиҳои ҷашни Наврӯзи Туркманистон махсуб мешавад.
-- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -- -

Наврӯз дар Қирғизистон ва Қазоқистон

Дар Киргизистон ва Казокистон, ду кишвари дигари мантакаи Осиёи Маркази низ Навруз дар сатхи давлат тачлил мешавад. Дар Казокистон Навруз иди бахор ва эхёи табиат дониста шуда ва расман чун «Навруз майрамъ» ба таърихи 22 март чашн гирифта мешавад. Казокхо дар ин руз дар канори ширкат дар барномахои фарханги ва тафрехи ба шинондани дарахтону гулхо ва ободу зебо кардани манозил ва махаллоти маскунии худ машгул мешаванд. Зеро тачлили Навруз дар манзили тамиз ва ороста аз ойинхои мардуми казок унвон шудааст. Аммо киргизхо дар канори маросими сайру гашти идона дар рузи Навруз ойини миллии худ «Манасхони» - ро ичро мекунанд. «Навруз дар Киргизистон 21 март тачлил мешавад. Чашни Навруз дар Киргизистон тафовути зиёде аз дигар кишвархо надорад. Киргизхо либосхои идона ба бар карда ва хазорхо тан дар майдони марказии шахри Бишкек гирди хам меоянд ва Наврузро тачлил мекунанд. Дар хар шахру мантакаи Киргизистон маросими «Манасхони» бо ширкати чавонон ва бузургсолон баргузор мешавад. «Манас» аз достонхои таърихи ва бостони ва машхури дунё махсуб мешавад.» Дар хамин хол бештари мухаккикон ва пажухишгарони ойинхои Наврузи муътакиданд, ки бо таваччух ба густариши чашмгири тачлили Навруз дар манотики мухталифи чахон дар дахсолахои баъди ин чашни милли ва таърихи метавонад хусусияти башариро касб кунад. Зеро хамакнун Навруз дар бештари кишвархои чахон, ба хусус кишвархои мусалмонии дунё бо шукуху шахомати хоса чашн гирифта мешавад.