Хуш омадед ба сомонаи Наврӯзи


Истиқбол аз байналмилалӣ шудани Наврӯз

Мачмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо судури як қатънома Наврӯзро чашни байналмилалӣ эълон кард. Ин қатънома дар 64-умин нишасти СММ қабул шудааст. Пешнависи ин қатънома аз сӯи намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Туркия, Озарбойчон, Ҳиндустон, Мачдуния ва Албания дар якчоягӣ таҳия ва пешниҳод шуда буд, ки дар ичлоси рӯзи 23 феврал ба тасвиби Мачмаи умумӣ расид. Моҳи майи соли гузашта ЮНЕСКО - Муассисаи илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ба феҳрасти мероси фарҳангии чаҳон ворид кард. Наврӯз иди миллии мардумони Эрону Точикистону АфҒонистон ва миллату қавмҳои дигар дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна аст ва ҳар сол дар рӯзи 21 март таҳлил мешавад. Мачмаи Кулли СММ аз кишварҳои чашнгирандаи Наврӯз хостааст, таъриху анъанаи тачлили ин иди бостониро пажӯҳиши амиқтар намуда, натичаи онро дар миёни аҳли олам паҳн кунанд. Истиқбол аз тасмими Созмони Милал дар Точикистон Соҳибназарони Точикистон аз эълон гардидани Рӯзи байналмилаии Наврӯз истиқбол мекунанд. Саттор Турсун, яке аз фарҳангиёни Точикистон мегӯяд: “Дар замони шӯравӣ Наврӯзро як падидаи динӣ ва иртичоҳ гуфта, тачлили онро дар сатҳи расмӣ ва оммавӣ манъ карда буданд. ҳол он ки дар Аврупо дар бораи ин чашн огоҳӣ доранд ва соири кишварҳои Балкан онро чашн мегирифтанд». Ба гуфти ин адиб, чунин иқдом дар сатҳи байналмилалӣ миллатҳои чаҳонро бо ҳам қарин мегардонад. Бахусус, дар ҳоле ки чаҳонро хатарҳои дигар таҳдид мекунад ва ин хатарҳоро бо дину миллатҳо нисбат медиҳанд, пешниҳоди СММ дар шинохт ва эҳтироми фарҳанги миллатҳо нақши муҳим дорад. Толибшоҳи Сайидзода, журналисти точик, ки борҳо ба истилоӣ бо «чурм»-и ҳимоя аз Наврӯз ҳамчун чашни миллӣ ва чашни он аз сиёсати шӯрави гап ҳам шунидаст, мегӯяд, пешниҳоди давлати Точикистон барои мақоми чаҳони додани Наврӯз, идомаи талошҳо дар бахши шинохти ҳуввияти миллӣ аст. Ӯ мегӯяд, «муҳимтар аз ҳама он аз бобои мо, шоҳ чамшед ба мо расидааст». Мардуми Точикистон бо вижагиҳои хос Наврӯзро чашн мегиранд. Бо оро додани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, анвои шириниҳо. Вале дар Эрон Наврӯз сездаҳ рӯз таҳлил шуда, бо сенздаҳбадар, яъне зиёфате дар чаман ба поён мерасад. Шаҳрдории Душанбе низ тасмим гирифтааст, ки Наврӯзи имсоларо дар пойтахт бо баргузории чорабинии калони фарҳангӣ доир кунад. Ва барои таҳияи сенарияи “Наврӣз-2010” ҳам озмуне эълон шуда буд. Бино ба иттилои ш?ъбаи танзими расму оинҳои шаҳрдорӣ муаллифи сенарияи мазкур Набӣ Чаллолов коргадон шинохта барранда шудааст.