Хуш омадед ба сомонаи "Наврӯзи"-и мо !!!

Сахифаи асоси                          
Наврӯз (форсӣ: نوروز‎ , курдӣ: Newroz) — Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқони пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
Рӯзи 21 март дар Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна ва Қавқоз ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи 22 март дар Қазоқистон.

Ривоят

Наврӯз яке аз қадимтарини идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин чашнро Чамшед асос гузоштааст. Ин Ҷашн дар моҳи аввали бахор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин руз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу руз баробар мешаванд. Рузи якуми Фарвардинро рузи якуми баҳор - саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз иди даромадани баҳор, саршавии киштукор мебошад. Точикон дар ин руз хонаи худро сафед мекунанд, ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун мекунанд. Сарулибоси нав мепушанд ва орзӯи то соли оянда беҳбудихои зиндагиро менамоянд.
Дар қадим олимон аз донахои зироат сабзахо тайёр ва ба воситаи онхо ҳосилнокии зироатхри соли навро пешгуи мекарданд. Дастархони наврӯзй ганитарин дастархони идҳо буд. Дар он гул, ширини, шарбат, май, нон, мевачот мугузоранд. Рақами 7 дар урфияти гузаштагон бузург буд ва ба ин хотир дастархони 7 син меоростанд, аз қабили себ, санчид, сирко, сим, сабза, сабзй, ки ишора ба хафт амшосипандон - фариштагони бузург аст. Панч рӯзи аввали Наврӯз ба арводи фраврхо бахшида мешавад. Дар ин рӯзхо қкабристонҳо пок мекарданд, дар онҳо қкурбонихо менамуданд. Ривоят аст, ки дар ин рӯзхо арвоҳи гузаштагон аз осмун ба замин меоянд, аз кору бори авлоди худ огоҳ мишаванд ва барои он, ки онҳоро фаромуш-накарданд, изҳори каноат менамоянд ва ба авлоди худ кумак мекунанд. ПанҶ рузи дуюмро мардуми шаҳру деҳот бо тую тамошо ва мусобиқкаҳои гуногуни варзишй мебахшиданд. Панч рузи сеюмро мардум дар дарбори шоҳҳо бо тантана чашн мекарданд ва боқкимонда 15 рузи дигарро дар саҳро ба сайри наврузй мебахшиданд.



Jovidon Abdualimov / талабаи синфи 11-и гимназияи "Душанбе"
телефон барои тамос: +992.907700680
e-mail: jovidon94@mail.ru