Хуш омадед ба сомонаи "Наврӯзи"-и мо !!!
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.
Нишонаи фаро расидани наврӯз ин аст, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мегардад. Ва шабу рӯз баробар мешавад. Ибтидо аз дақиқаи фаро расидани Наврӯз гармо ва нур афзоиш меёбад, наботу ҷамод эҳё мегардад.
Ҳар руз, ки дар он гуноҳ набошад, ид аст.
Ва агар бад-ин дастур амал кунӣ ҳама рузат Наврӯз аст.
Наврӯз барои 120 ҳазор тоҷиконе, ки дар Русия шаҳрвандӣ дарёфт карда, муқимӣ шудаанд, арҷмандтарин ид аст. Онҳо ба Наврӯз аз як ҳафта пеш, бо сабзонидани сумани суманак омодагӣ мегиранд. Дар Маскав ба чанд тоҷиконе ҳастанд, ки чунин гуфтанд. Дар хонаводаи Назари Мирзода дар Санкт- Петербург ҳам ороишгари хони Наврӯзӣ сабзаи суманак будааст. Назар мегуяд, Наврӯз ҳам дар хонаҳо ва ҳам дар маҳфилҳо бо иҷтимоъи пуршукуҳ таҷлил мешавад: «Мо тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ҳар сол ҷашни ҷамшедии Наврӯзро аз 22 то 24-уми март ҷашн мегирем. Аввало мо идро дар гирдиҳамоие, ки байни донишҷуёну олимони тоҷики шаҳри Санкт-Петербург ҷашн мегирем, дуюм бо мардум ва сеюм дар Донишкадаи ховаршиносии Санкт-Петербург бо сабзаву суманаку себу санҷид.»
Наврӯз барои 24 итиҳоддияи тоҷикони муқими Русия маҳфили дидор, иди сарҷамъист. Онҳо дар рузҳои Наврӯз базмҳои шеъру суруд барпо мекунанд. Дар марказҳои бузурги таҷҷамуъи тоҷикон дар шаҳрҳои Санкт Петербург, Новосибир, Волгоград, Маскав гуштингирӣ барпо мешавад. Хайриддин як нафар паҳлавони тоҷик мегуяд: «ҳар сол мо дар бозори Черкиз гуштингирӣ мегузаронем ва бо бояд иштирок кунем.»
Дар шаҳри Маскав шаш иттиҳодияи тоҷикон ва як иттиҳодияи донишҷуёни тоҷик фаъол аст. ҷашни Наврӯзро донишҷуён бо шукуҳ ва шавқу шури бештар истиқбол мекунанд. Узви кумитаи тадорукоти Наврӯзии донишҷуён Умеди ҷайҳонӣ мегуяд: «Барномаи имсолаи Наврӯзии мо бо дар бар гирифтани ойинҳои Наврӯзии қадима ва ҳамчунин навовардҳое, ки дар тули чанд соли зиндагии донишҷуёни тоҷик дар Маскав падид омадаанд монда шудааст.» Аммо Сафорати Тоҷикистон дар Русия Наврӯзро дар Маскав бо ширкати намояндагиҳои дипломатии кишварҳои минтақаи таҷлили суннатии Наврӯз ҷашн мегирад.
Имсол нахустин базми Наврӯзӣ дар Маскав рузи панҷшанбе бо ибтикори ақвоми иронитабори маскуни Русия толишҳо, тотҳо, осетинҳо ва курдҳо оғоз гардид. Дар расонаҳои русӣ ҳарсола дар бораи Наврӯз, таърих ва суннатҳои он маводи хонданӣ ба чоп мерасад. Имсол нахустин гузоришро рузномаи озарбойҷониҳои муқими Русия интишор кард, Дар ин гузориш, ки «Рузи замин» ва ё «Гоҳшумории офтобӣ аз чӣ шуруъ мешавад», ном дорад, дар бораи поягузорӣ ҷашни Наврӯз, Зардушт ва такмилкунандаи гоҳномаи вижаи Наврӯзӣ Умари Хайём ба забони русӣ маълумот дода шудааст. Бархе донишмандон дар Русия хостори ба рузи 21 март, таҳвил кардани иди бонувон ҳастанд. Аммо бархи дигар ҳар сол иштибоҳан Наврӯзро иди исломӣ эълом менамоянд. Дар маҳфилҳои Наврӯзии Маскав санъатшиноси муҳоҷири тоҷикистонӣ Юля Хижняк ороишгари доимист. Вай соҳиби як мутаъаддиди ҳунарҳои дастии тоҷикист ва дар вар куҷо, ки мавфили Наврӯзӣ бошад, онҳоро ба намоиш мегузорад ва дар ёди ҳамнишинон хотироти Тоҷикистонро бедор мекунад. Ва аммо таҷлили ҷашни Наврӯз на барои ҳамаи тоҷикони муқими Русия дастрас аст. Садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар бадтарин вазъи ҳуқуқӣ ба сар мебаранд: «Бисёриёш аз хона баромада наметавонанд. Баъзе омадагиҳо хона надоранд, ҷойи хоб надоранд, вазъиятшон бисёр бад аст.» Суҳроб ва дустони вай на танҳо имкони оростани базми Наврӯз, балки анҷоми оддитарин хушҳолиро надоранд. Танҳо ёди Наврӯз, ёди баҳор, ёди гули Наврӯзӣ, гули сияҳгуш, гули барф, гули бодом. Бале ноумед набояд буд. ҳар ки Наврӯз ҷашн кунад, то Наврӯзи дигар умр ба шодмонӣ ба сар барад.
Бо замзамаи баҳор бедорам кун,
Аз ҷуръаи обшор саршорам кун.
Дар узлати беишқ дилам месузад.
Эй бохабар, аз ишқ хабардорам кун.
Ошиқӣ ва баҳор бар ҳама бохабарон ва бедорон ва иди таҷвилу тозагӣ ба муштоқони табиат фархунда бод.
Jovidon Abdualimov / талабаи синфи 11-и гимназияи "Душанбе"
телефон барои тамос: +992.907700680
e-mail: jovidon94@mail.ru