Хуш омадед ба сомонаи "Наврӯзи"-и мо !!!
Дар Қирғизистон ва Қазоқистон, ду кишвари дигари мантакаи Осиёи Маркази низ Наврӯз дар сатҳи давлат тачлил мешавад. Дар Қазоқистон Наврӯз иди баҳор ва эҳёи табиат дониста шуда ва расман чун «Наврӯз майрамъ» ба таърихи 22 март чашн гирифта мешавад. Казокҳо дар ин руз дар канори ширкат дар барномаҳои фарҳанги ва тафреҳи ба шинондани дарахтону гулҳо ва ободу зебо кардани манозил ва маҳаллоти маскунии худ машгул мешаванд. Зеро тачлили Наврӯз дар манзили тамиз ва ороста аз ойинҳои мардуми казок унвон шудааст. Аммо киргизҳо дар канори маросими сайру гашти идона дар рузи Наврӯз ойини миллии худ «Манасхони» - ро ичро мекунанд. «Наврӯз дар Киргизистон 21 март тачлил мешавад. Чашни Наврӯз дар Киргизистон тафовути зиёде аз дигар кишварҳо надорад. Киргизҳо либосҳои идона ба бар карда ва ҳазорҳо тан дар майдони марказии шаҳри Бишкек гирди ҳам меоянд ва Наврӯзро тачлил мекунанд. Дар ҳар шаҳру мантакаи Киргизистон маросими «Манасхони» бо ширкати чавонон ва бузургсолон баргузор мешавад. «Манас» аз достонҳои таърихи ва бостони ва машҳури дунё махсуб мешавад.» Дар ҳамин ҳол бештари муҳаккикон ва пажуҳишгарони ойинҳои Наврӯз Наврӯз муътакиданд, ки бо таваччуҳ ба густариши чашмгири тачлили Наврӯз дар манотики мухталифи чаҳон дар даҳсолаҳои баъди ин ҷашни милли ва таърихи метавонад хусусияти башариро касб кунад. Зеро ҳамакнун Наврӯз дар бештари кишварҳои чаҳон, ба хусус кишварҳои мусалмонии дунё бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Jovidon Abdualimov / талабаи синфи 11-и гимназияи "Душанбе"
телефон барои тамос: +992.907700680
e-mail: jovidon94@mail.ru